Вторник-Сешанбе
30.04.2024
19:05
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Сентябрь » 22 » Эмомалӣ Раҳмон дар СММ аз мушкилот бо Узбакистон сухан гуфт
Эмомалӣ Раҳмон дар СММ аз мушкилот бо Узбакистон сухан гуфт
10:08
22.09.2010
Латифи Латифӣ
Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ню Йорк идома дорад. Ӯ бо Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ мулоқот намуда ва масъалаҳои мубрами минтақа, аз ҷумла мушкилоти роҳбандии Узбакистонро ба миён гузоштааст.

Зимни сӯҳбат бо Бан Ки Мун, президенти Тоҷикистон ба вижа ба мавзӯи шиддат ёфтани муносибатҳо бо Узбакистони ҳамсоя тамаркуз намуда гуфт, ки аз ҷониби Тошканд ҷорӣ шудани монеъаҳо дар ҳаракати қаторҳои боркаш ба самти Тоҷикистон, аз носолим шудани ҳамкориҳои минтақавӣ шаҳодат медиҳад.

Тарҳи нерӯгоҳҳо мушкили меҳварӣ байни ду ҳамсоякишвар аст

Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кул, дахолати бештари СММ ба ин қазияи ва мусоидат дар бартараф намудани ин мушкил даъват намуд.

Президент гуфт умед дорад, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба чунин нақзи қонунҳои байналмилалии ҳамлу нақли озод, баҳои сазовор хоҳад дод.

Моҳи феврали ҳамин сол, Тошканд транзити қаторҳои боркашро ба Тоҷикистон манъ кард. Мақомоти он кишвар мегуфтанд, ки мушкили убури қаторҳои боркаш сирф фаннӣ аст, аммо ҷониби Тоҷикистон ҳамаи ин иддаоҳоро бе появу асос хонданд.

Ҳамин тавр моҳи март Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон зимни суханрониаш дар СММ, манъи транзити қаторҳоро блокада ё муҳосираи иқтисодӣ номида аз СММ ва кишварҳои ҷаҳон дар ҳали ин мушкил кӯмак хоста буд.

Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, сабаби дигари бад шудани муносибатҳо ин нақшаҳои бунёди неругоҳҳои бузурги обӣ дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон будааст.

Раҳмон ба дабири кулли СММ иттило дод, ки кишвараш дар робита ба экспертизаи бунёди нерӯгоҳҳои бузурги обӣ ба Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи ҳамкории мушаххасро пешниҳод кардаааст.

Як сол қабл Тоҷикистон аз СММ расман дархост намуд, ки ташхиси обамборҳои кишвар ва минтақа ва вазъи эколоҷӣ анҷом дода шавад.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори таассуф гуфтааст, ки то ҳол аз СММ посухеро ба ин пешниҳоди худ дарёфт накардааст.

Масъалаи Афғонистони ҳамсоя низ баррасӣ шудааст

Зимни мулоқот бо дабири кулл СММ, Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи Афғонистон низ пардохта гуфт, ки бояд ҳар гуна мудохилаи ғаразноки хориҷӣ ба умури дохилии он кишвар қатъ карда шавад.

Ӯ афзудааст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба қазияи ин кишвар ва дарёфти роҳи сулҳи комил таваҷҷуҳи вижа зоҳир намояд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар бораи зарурати сохтмони роҳи оҳан аз марзи Тоҷикистон ба самти Ҳироти Афғонистон таъкид намуда гуфт, ки имрӯз бо кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистону Афғонистон ин лоиҳа дастгирии молии Бонки рушди Осиёро касб карда омӯзиш ва тарҳрезии он оғоз гардид.

Мулоқот бо роҳбарони дигари ҷаҳонӣ

Эмомалӣ Раҳмон дирӯз инчунин бо дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ Акмалиддин Эҳсаноғлу ва президенти Сербистон Борис Тадич мулоқотҳои ҷудогона анҷом дод.

Дирӯз дар ниммаи аввали рӯз, президенти Тоҷикистон дар Мизи мудаввари маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид дар мавзўи «Мусоидат ба рушди устувор» ширкат намуда суханронӣ кард.

Зимни суханрониаш президенти Тоҷикистон гуфт ки «барои то ҳадди имкон кам намудани таъсири омили инсонӣ ба табиат моро зарур аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ барои мутобиқсозии раванди муосири инкишофи инсоният ба имкониятҳои маҳдуд ва фарсояндаи табиат чораҳои таъхирнопазир андешем».

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фоҷеъаи баҳри Арал ёдовар шуда дар бораи кӯшишҳои ҳукуматаш ҷиҳати пешгирӣ аз рух додани чунин фоҷеъаҳо дар оянда ва истифодаи самараноки об нақл кард.

Вай бо ишора ба “Эъломияи Душанбе”, ки дар Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт”, ки дар моҳи июн дар душанбе баргузор гашт, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои мададрасон даъват намуд, ки ҳамкориро дар соҳаи захираҳои об васеъ намуда, кӯмакро ба давлатҳо ва минтақаҳои дар татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола қафомонда афзоиш диҳанд.

Имрӯз кори маҷмаъи умумии СММ давом хоҳад ёфт ва президенти Тоҷикистон дар чанд нишасту мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ширкат хоҳад варзид.

Категория: Политика | Просмотров: 761 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024