Суббота-Шанбе
27.04.2024
01:00
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Декабрь » 3 » ҲЕҶ КАС СУТУНИ ОСМОН НАМЕШАВАД
ҲЕҶ КАС СУТУНИ ОСМОН НАМЕШАВАД
16:13
Аз сӯҳбати Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ба кормандони «Чархи гардун»
Қонуне мебояд то маҳалгароиро лаҷом занад
– Амри шоистаи шаҳрвандиро дар чӣ мебинед?
– Амр аст ё суннат, қарз аст ё масъулият, кадоме ки бошад, одамон дар пеши ҷомиа ҳатман вазифаҳои мушаххас доранд. Ва чӣ гуна ҷорӣ шудани ин вазифаҳо вобаста аз дараҷаи ахлоқ ва имони кас ибтидо мегирад. Пас ҳар як шаҳрванд дар равнақи кишвари худ бояд саҳми шоиста гузорад, ё ҳадди ақал ба ин раванд халал нарасонад. Чунин амри савоб дар сурате амалӣ мегардад, ки инсон аввало се чизро дар ҳастии хеш муттасил такмил диҳад: эътибор ба ватан, эҳтиром ба қонун ва агар дар маснадаш ба дилу нияти покиза фаъолият мекунад, эътимод ба сарвари давлат. Бе ин рукнҳои муҳими шаҳрвандӣ, ки зимнан дигар талаботи ахлоқиву маънавиро низ ба миён меоранд, ягон ҷомиа наметавонад дар меҳвари суботи бардавом қарор гирад.
– Оё аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ таассуф мекунед?
– Нахустин солҳои пош хӯрданаш буд чунин эҳсоси надомат, аммо ин чиз тадриҷан дар ман гум шуд. Зеро фикр мекунам Иттиҳоди Шӯравӣ дар асоси назарияи махсус, то ҷое дар чорчӯбаи хаёл ва бештар ба зӯровариву таассуб арзи ҳастӣ намуда, мекӯшид мардумро ҳамвора дар як қолаби пешакӣ муайян нигаҳ дорад. Дар баробари он ки ба сарватмандӣ зарба зада, таҳти шиори «ҳама баробару бародаранд» фақру бенавоиро қариб нест кард, сохтакорӣ ва дурӯғаш низ дар ҳаёти рӯзмарра кам набуданд. Пас табиист, ки оқибат аз байн рафт. Умуман ҳама гуна давлатдорӣ, агар ормонҳои Инсонро пурра ба эътибор нагирифта, аз ташаббуси шоиста чашм пӯшида, кулли одамонро, чи аблаҳ ва чи оқил, дар як мақоми иҷтимоӣ мегузорад, дер намепояд. Сониян, худи башарият то алҳол комил нест, ба хусус дар кӯи ахлоқ зиёда мелангад. Аз ин рӯ, кадом сохторе ки бошад, чанд махлуқи қаллоб давра ба давра мардумро ҳатман гӯл зада, муҷиби бесуботии ҷомиа мегарданд.
– Имрӯз кадом ислоҳотро чашмдоред?
– Ҳамонҳоеро, ки инсон аз таъсири онҳо инсонтар шавад. Аммо дар ислоҳталабӣ низ, чун дар ҳама аъмол, ҳадди эътидол мебояд. Ҳар як давлат вақте ба роҳи тараққиёт осуда қадам мемонад, ки шаҳрвандонаш, алалхусус нафарони қонунгузораш аз ҳоли замона огаҳ ва фаъол бошанд. «Бикун коре ки кор аз кор хезад», – фармудааст Носири Хусрав. Албатта ба масъулият, санҷида ва дониста… Дар зиндагӣ сараввал одамоне хатари бештар доранд, ки ё мехоҳанд ҳама чизро зуд ва билкул тағйир диҳанд, ё зотан аз номаш табаддул ва тағайюр барҳазаранд.
– Агар дар парлумони Тоҷикистон фаъолият мекардед, пеш аз ҳама кадом қонунро ба тасвиб мерасондед?
– Қонунеро, ки ба ҳар тоифа маҳалгаро бе ҳеҷ қилу қол метавонист лаҷом занад. Зеро ин дарди нангини мо акнун қариб бедаво шуда, ба тамоми қишрҳои ҷомиа сироят кардааст. Вай на фақат ба сиёсати судманди давлат ва ривоҷи иқтисоди мамлакат халал мерасонад, ҳамзамон ба рушди илм, адабиёт ва санъат низ зарарҳои гуё ноаён, аммо дар асл беҳисоб ва накбатбор меорад. Зимнан то андозае бедахолат мондани равнақи ришват ва дар бисёр мавридҳо нотарсона даст задан ба ҷиноятро ҳам дар ҷараёни зиндагӣ бештар аз насақи маҳалгароӣ бояд ҷуст.
– Нигоҳи шумо ба сиёсат?
– Азбаски ҳаёти мо худ вобаста аз сиёсат аст, ҳеҷ инсони ақлу идрокаш солим наметавонад аз он комилан канора ҷӯяд. Ҳамон кишваре дар доираи тараққиёт мустаҳкам қарор мегирад, ки шаҳрвандонаш карахт нестанд, зираканд, дар муносибат ба тақдири ватан ҳассосанд. Ниҳоят мо чӣ касе мешавем дар ҷамъият, хоҳ-нохоҳ дар муҳити сиёсати роиҷ таҷассум мегардад. Аслан ин шакли фаъолиятро худи одамон ба вуҷуд овардаанд, то як воситаи бисёр муҳим бошад дар роҳи беҳбуди ҳаёт. Аммо вазифаашро вай чӣ тавр иҷро мекунад, – масъалаи тамоман дигар. «Хулоса бардоштаам, ки сиёсат кори беҳад ҷиддӣ буда, онро танҳо дар ихтиёри аҳли сиёсат вогузоштан ғалати маҳз мебуд», – гуфтааст Шарл де-Голл. Ба ман хеле хуш меояд фикри ин шахсияти таърихии Фаронса. Воқиан ҳам агар шаҳрвандони хуб беэътино бошанд, сиёсатмадорони бад мерасанд ба сари қудрат.
– Кадом накӯкориро бештар қадр мекунед?
– Дар ҷодаи кирдори нек касеро дар мартабаи аввал медонам, ки ба як нафари бегона ҳам тариқи дурусти зиндагӣ омӯхта, то метавонад, ӯро ба сафои дунёи инсондӯстӣ, ростқавлӣ ва нони ҳалол қарин гардонад.
– Оё аз касби интихобкардаи худ розиед?
– Бале, ҳарчанд зиёда мушкилиҳо дорад қаламкашӣ. Бе нияти нек, бе меҳнати ҷонкоҳ намешавад чизе нависӣ, ки дар ҳақиқат лоиқи мутолиаи ҷиддӣ бошад. Агарчи ҳама гуна мушкилиро дар корҳо, минҷумла дар эҷодиёт, калиди муваффақият мешиносам ва дар муомила ба он камобеш таҷриба низ андӯхтаам, аз худ на чандон розиам. Чунки метавонистам зиндагиро амиқтар омӯзам, бештар ва беҳтар нависам, қисмате аз умри ҷавониро беҳуда нагузаронам. Вале чӣ илоҷ, ки охири ҳама кор агару магари бисёр тавлид мекунад.
– Шуғли дӯстдоштаи шумо?
– Китоб хондан, ба шарте ки бамағзу маънӣ бошад. Аз қаламронии тамаънок ва ҳар навъ лачу фач, ки ҳатто адиби номдор, ё худ олими пуркор интишор дода, мехоҳад дардашро дар зеҳни хонанда қобили қабул гардонад, дигар ғашам меояд. Пас аз иштибоҳи зиёд дар мутолиа балки фурсати андеша расидааст...
Баъзе олимони забоншиноси мо аз салосати сухан дуранд
– Оё аз вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ қаноатмандед?
– Ғолибан аз тазйиқи лаҳҷаҳои гуногуни худамон, қисман аз таъсири лафзи туркиву тарҷумаҳои ҳарф ба ҳарф аз русӣ, инчунин аз истифодаи беҷои истилоҳоти ба ном байналмилалӣ то алҳол дар забони адабӣ ва бештар дар тариқи гуфтори мо каму кости зиёде ба назар мерасанд. Ҳамзамон боиси хушнудист, ки ба шарофати истиқлолият бисёр садду бандҳои сиёсиву фарҳангӣ аз байн рафта, имрӯз силсила ба силсила калимаву ибораҳои носазо фаромӯшшуда аз нав истифода мегарданд. Вале дар интихоби мақоми сухан ва шинохти асолату назокати он ҳанӯз раҳгум мезанем. Ба хусус забони матбуот ва то ҷое адабиёти бадеии мо, ки бояд тимсоли ибрат бошад, дар хеле мавридҳо тарзи дурусти ифода мехоҳад. Забони илмамон-ку умуман мӯҳтоҷи таъмир буда, дар ҳусни муошират низ пиёдаем. Ҳоло як сол мешавад дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис ёфтааст. Аз даврони шӯравӣ то кунун масъалаҳое ба мерос мондаанд, ки лозим меояд ин сохтор дурандешона ҳаллу фасл кунад. Албатта на ба яккатозӣ ё ҷалб намудани фақат мутахассис аз доираеву соҳае! Вагарна... мисле ки як нафар олим, ба илова раиси ҳамин кумита, дар тарҷумаи «общество с ограниченной ответственностью» аз шакли дурусти он – «ҷамъияти масъулияташ маҳдуд» қотеона сарфи назар карда, ба ифода «ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд»-ро мусаллам медонад, минбаъд ҳам дар корҳо музтар мемонем. Оё мешавад масалан «мужчина с длинными бровями»-ро «марди дорои абрувони дароз» бигӯем? Дар сурате ки намунаи рехтаву равони тарҷума «марди абрувонаш дароз» аст… Баъзе олимони забоншиноси мо аз салосати сухан дуранд, ҳарфпарасту зоҳирбинанд. Дар заъфи имрӯза забони тоҷикӣ сирояти қоидаву қонуни аксар норавои онҳо низ кам набуданд. Аз ин рӯ зарур аст дар натиҷаи аввал ба муҳокимаи умум баровардан ниҳоят соҳиби Фарҳанг ва Имлои аз ҳар ҷиҳат солим ва бехалал гардем. Дар ин амри мушкил шахсиятҳои маъруф – адибон, олимони суханшинос, рӯзноманигорон, инчунин таърихдону файласуфони борикбин, намояндагони дигар имлҳои маъмул, ки аз табиати забони тоҷикӣ феълан бархурдоранд, ва ҳатто мардуми омӣ метавонанд саҳми арзанда гузоранд. Аммо дар таъини оҳангу ҳаракат, макону маънӣ, паҳлуҳои ниҳони вожаву ибора, умуман тарзи гуфтор ва ҷумлабандӣ нақши аҳли эҷод аз радифи нависандагони барҷаста, ҳамзамон мутарҷимони нуктадони адабиёти илмиву бадеӣ набояд боиси ҳар гуна чуну чаро бошад. Зеро эшон бевосита ба ҷони зиндаи сухан сари кор гирифта, дар идроки тору пуди он бештар муваффақ мешаванд. Пас лозим аст, ки дар омода сохтани Лоиҳаи нави имлои мо чунин ашхос ҳатман иштирок кунанд. Дар кохи забони муосири тоҷикӣ корҳои анҷомнаёфта ҳанӯз бисёранд. Ба хотири ҷалолат ва покизагии он ҳар кадоме аз мо бояд беғараз, дур аз такаббур, вораста аз дарди маҳалгароӣ ва ба сидқи соф заҳмат кашем. Пӯшида нест, ки симои миллат сароғоз аз сурати забонаш бармеояд.
– Дар куҷо мехостед зиндагӣ кунед?
– Фақат дар канори ватан. Ҳарчанд гоҳо дил гум мезанад, ки муддате дар дуриҳои дур, беҳтараш дар ягон ҷазираи беодам тани танҳо бошӣ, хаёлу хотираҳоятро берун аз машғалаи рӯзгор ба таҳлил гирифта, неку бадатро мардона дар паллаҳои тарозуи инсоф гузорӣ. Ва яқин бидонӣ, ки чӣ инсонӣ... Баъзан зиндагии серташвиши мо дар миёни деворҳои сангини шаҳр ҳатто ба ҳамин тасмими дар идомаи умри кас шояд аз ҳама муҳим низ маҷол намедиҳад.
– Нависандаи дӯстдоштаи шумо?
– Бисёранд онҳо. Аз нависандагони бузурги олам ҳар нафаре... албатта яке камтар, дигаре бештар аз ин ё он ҷиҳати эҷодиёти худ ба ман мақбуланд. Аз мутолиаи осори эшон зиёда баҳра ҳам бурдаам. Намедонам аввал кадомеро номбар кунам. Агар мушаххас бошад, ҳоло метавонам Эрнест Хемингуэйро ба забон гирам. Ин эҳтимол аз сабабест, ки дар радифи навиштаҳояш худи тарзи ҳаёти ӯ, рафтору кирдораш дар ҳолатҳои ҳассоси зиндагӣ, ниҳоят, бо вуҷуди тундиҳо, асли табиаташ ба ҷаҳонбинии банда наздиканд. Як инсони бисёр ҷӯянда, содаву покиза ва дар беинсофиҳо номуросо буд Хемингуэй.
Масъулият мебояд дар назди дӯст...
– Ба кадом шахсияти таърихӣ нафрат дореду кадомашро сидқан эҳтиром мекунед?
– Шахсиятҳои таърихие ки бебаҳс лоиқи нафратанд, низ кам нестанд. Аз ҷумлаи онҳо барои ман албатта Яҳудо ва Тротский беназиранд. Яке пайғамбари Худоро ба сӣ сиккаи носара фурӯхта, боиси қатли пуразобаш шуд, дигаре Русияи паҳноварро ғарқоби хуни миллионҳо нафари бегуноҳ гардонда, ҳатто дар зиндагии ҳамарӯзаи худ аз ягон палидӣ рӯй наметофт. Тротский шояд моҳиятан аз зоти Яҳудо буд, ки ӯро дар мисоли даҳрӣ бузургтарин шахсият шинохта, ба ифтихори чунин як мурдор дар Русия дувоздаҳ ҳайкал гузошт. Он пайкараҳо хушбахтона беш аз чор-панҷ рӯз умр надида, дар шабҳои тор аз ҷониби мардум сарнагун мешуданд. Дигар ин ки одамони дар таърих шоистаи эҳтироми баланд низ зиёданд. Банда масалан ҳаёти ҳазрати Алиро барои кулли инсонҳо намунаи ибрат медонам. Вай ҳатто як хаси раияташро беҷо накарда, то охирин нафас дар роҳи Худо шуҷоатманду покфитрат монд. Ба зиндагиномаи ин марди бузург ошно шуда, кас ангушти таҳайюр мегазад, ки оё як нафар мусулмон метавонад чунин парҳезгору оқибатбин бошад. Воқиан ӯ дар ҷодаи муҳаббат ба одамизод ҳам он қадар ҷонфидо будааст, ки ақл дар тасаввураш оҷиз мемонад. Ҳоло дар ин радиф Маҳатма Гандиро низ, ки нимаи аввали асри гузашта пешвои озодихоҳони Ҳиндустон буд, беихтиёр ба ёд меорам. Хаёлам, ки вай рисолати пайғамбарӣ дошт дар байни мардум. То ба дараҷае ки аз барои саодати инсонҳо хурдтарин инояти зиндагиро шахсан қабул накарда, дар пеши камбағалон худро ҷавобгар пиндошта, яқин аз ғояти шарм ҳатто дар боду боронҳо пойлуч мегашт. Ва ин ҳам силоҳе буд сафшикан бар зидди зулму истибдод. Вай дар муборизаи худ аз василаҳои зӯроварӣ комилан даст кашида, танҳо ба роҳи эътироз ва гуфтушуниди мусолиҳатомез тавонист ба халқу ватанаш озодӣ бахшад. Хуб мебуд агар онҳое ки дар муқовимати сиёсӣ осемасар даст ба силоҳ мезананд, аввал як маротиба корсозиҳои Гандиро низ ба таҳлил гиранд. Зеро нахуст аз сулҳу салоҳ аст рӯзгори хуш...
– Дар айни ҳол рӯҳияи шумо чӣ гуна?
– Бад нест, мехоҳам Тоҷикистони азизро ҳамеша орому осуда ва мардумашро дар ҳалқаи ваҳдати мудом бинам. Аз он ки имрӯз тоҷикон ҳақиқатан ҳам номбардори таърих ва фарҳанги бузурги хеш мегарданд, лаззати ифтихор барам.
– Кадом хислати дӯстонатонро аз ҳама муҳим медонед?
– Ман дӯсти зиёд надорам. Албатта ҳастанд ду-се нафар, ки ғаму шодии эшонро аз они худ медонам, неку бадашонро низ. Аслан кори саҳл нест бинои дӯстӣ афрохтан. Он биноро бегазанд нигаҳ доштан ҳам заҳмати бисёр мехоҳад. Сараввал масъулият мебояд дар назди дӯст. Кадом бародаре ки бошад, ҳамин сифати инсониро дар шахси ӯ аз ҳама боло мегузорам. Кас агар наметавонад ба ҳаёт ва мамоти каси дигар ҷавобгарӣ эҳсос кунад, хуб аст аз боби дӯстӣ умуман гап назанад.
– Камбудии асосиатон кадом аст?
– Зудбоварам, содаам, аз ноҳаққиҳо тоқати чашм пӯшидан надорам, дар баъзе мавридҳо тезам, ба хусус дар баробари тоифае ки чоплус аст, ё дурӯғ мезанад, айби касро зуд ба рӯяш мекашам. Шояд ҳамаи ин хислатҳо як ба як камбудӣ набошанд. Лекин муносибатҳои инсонӣ то ҳадде мураккабанд, ки нафаре монанди ман ба одамони эҳтиёткор чандон хуш намеояд. Ниҳоят иқрор бояд кард – мумкин аст дар натиҷаи ранҷу озорҳое ки вобаста аз ин табиати худ дидаам, ё бар асари синну сол... дар ҳар сурат банда ҳоло хеле дигар шудаам. Гӯё мулоимтарам, гӯё батаҳаммултарам...
– Ба андешаи шумо бадбахтӣ ва хушбахтии инсон дар чист?
– Шахсе бегумон хушбахт аст, ки пайваста ба эҳсоси гарми муҳаббат ва қаноат умр ба сар мебарад. Муҳаббат ба хоки ватан, ба зану фарзанд, умуман ба табиату ҷамъият, ба ҳусни инсону азамати кайҳон, билохир ба даргоҳи Худои мутаол. Ва қаноат ба ҳамон чизе ки дар ивази меҳнати ҳалол ба даст омадааст. Дар акси ҳол ҳаёти одамизод бенизом шуда, гоҳо худаш бехабар на фақат озарми равонӣ, балки хориву залолат низ мебинад. Бештарин бадбахтиҳо аз нафси бад ибтидо мегиранд. Агар чашму дили инсон ҳарисанд, носераманд, вай дар колбади худ гандида, дигар наметавонад накӯкор бошад. Мутаассифона аксарият инро намедонанд ва умри азизро маҳз сарфи молу манол карда, на аз лутфу эҳсони ин дунё шоиста баҳра мебаранд, на охирати худро мунаввар месозанд.
– Шиори шумо дар зиндагӣ?
– Аслан шиор чист? Мо ин мафҳумро бештар танҳо чун байрақ сохтани як ҳадафи асосӣ, ё воситаи расидан ба ягон мақсади ниҳоӣ қабул медорем. Ҳол он ки шиор ҳамон тариқи зиндагист. Одат, расму оин, тартиб, касбу кор, ҳатто рафтору кирдори инсонҳо ба сари худ ҳама шиоранд. Вай як унсури ҷудонашаванда аст аз тарзу тариқи рӯзгор. Пас чандон хислати хуб нест шиор задан, ё ҳадафҳои хешро пеш андохтаву намоиш дода, ба зоти худ нишони алоҳида гузоштан. Инсон фақат инсонвор зиндагӣ кунад, вассалом. Аз ӯ чӣ ҳосиле мемонад – бадӣ ё некӣ, – ба ҳукми вақт супорад, ки ҳақбинтарин довар аст.
– Чӣ гуна маргро авло медонед?
– Одамизод ҳамеша бояд омодаи марг бошад. Зеро аз як ҷиҳат худи таваллуд фоҷиаи бемисл аст. Ва инсон то вопасин нафас ба эҳсоси ҳамин ҳақиқати ногузир зиндагӣ мекунад. Яъне ҳеҷ кас, на шоҳ ва на гадо, сутуни осмон намешавад дар дунё. Пас ҳамон марг авлост, ки номаш одам аз доираи одамгарӣ набаромада, дар идомаи умраш ба нафаре бадӣ накарда – ҳарчанд надониста ҳам ба ин роҳ рафтан мумкин, – бе ягон дилкашолӣ ба айшу нӯши олами фонӣ ҷон ба ҷаббор диҳад.
Фикр кардам дигар инсоф намондааст дар дунё
– Вақте ба назди Худованд ҳозир мешавед, чӣ мегӯед?
– Мегӯям, ки як бандаи ширихомхӯрда будам, сода будам. Аммо ту ҳамабину ҳамадонӣ, сарчашмаи раҳму шафқатӣ, то метавонӣ, аз гуноҳам гузар, ки ташнаи охирати бахайрам...
– Ғазаби худро чӣ гуна фурӯ менишонед?
– Аввалҳо, ба хусус дар аҳди ҷавонӣ, мушкилтар буд ба ман рафъи ғазаб. Акнун шояд синну солам мадад мерасонад, ё ба мурури айём вазнин шудаам магар, ин кори савоб ба зудӣ даст медиҳад. Ба як астағфируллоҳ гуфтан ҳатто шармам меояд, ки лаҳзае дар қаҳр будаам, ё банохост аз касе ранҷидаам.
- Ниҳоят чун як нафар адиби маъруф, ки ба бурду бохти миллаташ ба дидаи эътибор менигарад, доир ба насри мо дар садаи гузашта чӣ андеша доред?
- Баъде ки истиқлолият ба даст овардем, турфа мункироне пайдо шуданд, ки то алҳол дониста-надониста ба зуҳуроти нағзи даврони шӯравӣ низ санг мезананд. Онвақта муваффақиятҳои возеҳро аз қабили рушди маориф, ба кор таъмин будани аҳолӣ, таълиму табобати ройгон, ободонии шаҳру деҳот, равнақи саноат ва ғайра... ба эътибор намегиранд. Ҳатто пешоҳангии адолати иҷтимоиро, ки дар ҳар сурат рукни асосӣ буд дар аҳди он давлатдорӣ, бо далелҳои подарҳаво инкор мекунанд. Аз ҷумла ба комёбиҳо дар ҷодаи илму фарҳанг ҳам шубҳа доранд, ё ин ҳақиқатро билкул ночиз медонанд. Беинсофона, ба дурӯғ соз гирифта, аз нафси худ мавлоно тарошида... Дуруст, мо дар як давлати назораташ шадид зиндагӣ мекардем, озодии сухан маҳдуд буд. Намегузоштанд, ки аҳли эҷод ҳар чӣ хоҳад, ба қалам диҳад. Бо вуҷуди ин нависандаи иродааш мустаҳкам, баномус ва инсонпарвар асарҳое меофарид, ки мутобиқи ормонҳои мардум буданд. Дар саргаҳи насри муосири тоҷик шахсияти бузурге чун устод Айнӣ қарор дошт. Дар баробари фаъолияти илмӣ, иншои мақолаҳои публитсистӣ, талош аз барои худогоҳии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама – истодагарӣ дар муқобили фирқа-фирқа пантуркистон ин марди ҷасур ба насри реалистии мо бунёди муносиб ниҳода, мактабе созмон дод, ки ба шарофати он хусусан устодони зиндаёд Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев дар майдони адабиёт пирӯз шуданд. Офаридаҳои ҳам Садриддин Айнӣ, ҳам ин суханварони забардаст на фақат имрӯз лоиқи мутолиа мебошанд, балки фардо низ ба алоқамандони эҷоди бадеӣ ғизои маънавӣ мебахшанд. Насри мо дар садаи гузашта ба заҳмати чанд нафар аз адибони дигар ҳам, ки ҳоло дар қайди ҳаётанд ва асарҳои хонданӣ менависанд, дар интихоб мавқеи хоса дошт. Дар қатори муҳаққиқони адабиёти худамон инро сухансозону олимони мамолики ғайр низ борҳо таъкид намудаанд. Бист сол боз мо дар миёни як валвала, ки номаш озодии матбуот аст, умр ба сар бурда, ба ҳадношиносии хеле аз қаламбадастони беҳунар одат кардаем. Банда музахрафоти чунин ашхосро беҳисоб хондаву шунида, ба дидаи ботини эшон механдидаму бас. Аммо ҳангоме ки Мӯъмин Қаноат, як шоири машҳури тоҷик, ҳамин моҳи сентябр дар сӯҳбати тӯлонӣ, ғолибан сардаргум ва тазодпечи худ дар саҳифаҳои чор шумораи ҳафтаномаи «Миллат» на танҳо бисёр масъалаҳои сиёсиву иҷтимоиро чун дар оинаи каҷнамо мавҳум ба таҳлил гирифт, балки дар ҳастии тамоми адабиёти муосири миллат низ гӯё хати бутлон кашид, фикр кардам дигар инсоф намондааст дар ин дунё. Аҷаб, ки шоир то кунун ҳатто аз осори устод Айнӣ ба сабаби «ғализии» забони ӯ ягонтаашро хонда натавонистааст. Пас дар назари мо Сотим Улуғзода барин нависандаи мӯшикоф ҳам бояд ҳеҷ бошад... Бигузор сӯҳбати Мӯъмин Қаноатро сад кас, ҳазор кас айни ҳақиқат пиндорад. Вале ман аминам, ки чӣ тавре дар рафти он худи шоир «ҷаҳон пур аз иштибоҳ» мегӯяд, бешак ба иштибоҳ роҳ додаст ӯ. Шумо ҳам метавонед сараро аз сақат ҷудо кунед. Адабиёти мо дар асри бист фақат бо ашъори Мӯъмин Қаноат таҷассум намеёбад. Дар ташаккули он шахсиятҳои зиёде хидмати сазовор доранд. Ҳар кадом албатта ба қадри ҳиммати хеш... Агарчи эҳтироми шоирро ба хотири синну сол ва ҳиссаи шоёнаш дар нумӯи назм зарур медонам, доир ба сӯҳбати парешонсайри ӯ, ки одамони бехабар, алалхусус ҷавононро ба ҷодаи тасаввуроти ғалат мебарад, ман пас аз хеле мулоҳиза ҳоло фикри худро озод баён кардам. Зеро поси ҳақиқат ва эътибор ба шарафи мардони бузург амрест аз ҳама воҷибтар...

“Чархи гардун”

Категория: Общество | Просмотров: 1582 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
1 Мухочир  
0
поси ҳақиқат ва эътибор ба шарафи мардони бузург амрест аз ҳама воҷибтар! Рахмат! Вактхои охир рости гап ягон асари чолиби диккат нашр нашудааст. Мо ташнаи хикоятхову асархои навем, вале афсус холо хама худро ба сиёсат задаанд.


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Декабрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024