Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
21:30
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Шумо чанд сола хастед?
Всего ответов: 935

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Ноябрь » 26 » «ДУХТАРБАЧА»-И УСТОД АЙНӢ
«ДУХТАРБАЧА»-И УСТОД АЙНӢ
06:23
Бо кӯшиш ва заҳмати профессори ДМТ Абдулҳай Маҳмадаминов як китоби фаромӯшшудаи устод Садриддин Айнӣ тарҷума ва нашр гардид. Асари мазкур, ки зери унвони «Қизбола ё ки Холида» соли 1922 навишта шудааст, соли 1924 дар чопхонаи «Ковиёнӣ»-и Берлин бо хати арабӣ ва ба забони туркии ӯзбекӣ бори аввал ба табъ расида буд ва то кунун хонандаи тоҷик дар бораи он маълумоте надошт.
Ин асар аз 30 боби хурд иборат аст, ки 16-тояш аз хусуси рафтору кирдор, фаъолият, хулқу атвор, рӯҳияву пиндор ва муносибатҳои шахсии Холида ном духтараке нақл менамояд. Бештар аз 10 боби дигари асар ба масъалаҳои таълиму тарбияи Холида, хониш ва малакаву донишандӯзии ӯ бахшида шудааст. Тавре А. Маҳмадаминов ёдрас мекунад, «»Духтарбача ё ки Холида» аз лиҳози мазмуну ғоя ва моҳият асари барҷастаи панду ахлоқист». Ин асар бо тарзу усули нав иншо шуда, аз китобҳои дарсии то инқилоби Октябр таълифгардида бо интихоби мавзӯъ, масъалагузорӣ, ашёи омӯзиши шогирдон, зикри ҳодисаву воқеаҳои ҳаёт мувофиқ ба синну соли хонандагон, ба назар гирифтани сатҳи азбаркунии маводи таълимӣ ва ҳадафҳои омӯзиш фарқ мекунад.
Дар хотимаи ин асар ки хеле соддаву оммафаҳм аст, устод Айнӣ фасле зери унвони «Як-ду сухан ба муаллим ва муаллимаҳо» кушода, менависад, ки «Ин китоб барои бачагон навишта шуда бошад ҳам, баъзе калима ва ҷумлаҳои барои бачагон номафҳум низ дучор омаданашон мумкин аст. Чунин калима ва ҷумлаҳоро бо шарҳ ва мисолҳо ба бачагон фаҳмондан ба ҳиммати муаллим ва муаллимаҳо ҳавола карда шуд. Пеш аз дарсро ба бача хонондан мазмуни онро даҳонӣ (шифоҳӣ) гуфта дода, баъд аз тамоман сарфаҳм рафтани бача аз китоб хонондан як усули беҳтарин аст. Агар ба ҳамин усул риоя карда шавад, бача аз дарс ҳеҷ дилгир нахоҳад шуд..»
Хулоса, интишор шудани ин асар барои таҳқиқи таҳаввули фаъолияти маорифпарварии Айнӣ ва пурра шудани осори ӯ хеле муҳим аст.
Б.СУЛАЙМОННИЁ
Категория: Культура | Просмотров: 1376 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Ноябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024