Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
12:14
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Сентябрь » 8 » Ду дунёи некмардон обод бод.
Ду дунёи некмардон обод бод.
11:59
Ду дунёи некмардон обод бод
Ҳақ таъоло бар дари ҷаннат навишт,
Ҷои мардони сахӣ бошад биҳишт
Амали накӯ то абад бар дили инсон гармиву сафо мебахшад. Алъон бо дили пур аз меҳру ихлос мехоҳам ба сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон мӯҳтарам оқои дуктур Алиасғари Шеърдӯст арзи сипос намоям.
Маҳз бо дастгирии сафири мӯҳтарам тавонистам сиҳатии фарзандам Мавлудаи Каландарзодаро дар шаҳри Теҳрон тӯли ду моҳ беҳтар намоям. Усулҳои табобат барои духтарчаам, ки иборат аз кордармонӣ ва обдармонӣ буд, аз ҷониби мутахассисони варзидаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон амалӣ гашт. Аммо, маҳзунона иброз медорам, ки чунин табобатҳо барои маризоне, ки гирифтори фалаҷи дасту пойҳоянд, дар ҷумҳурии мо вуҷуд надорад. Бино ба изҳори табибони мутахассиси эронӣ барои сиҳатёбии фарзандам аз шаш моҳ то як сол дармон муқаррар гардид ва бояд тӯли ин муддат ба табобат фаро гирифта шавад. Аз ин рӯ, ҳамоно ношоду мутаҳаййир ҳастам, ки минбаъд барои ба по мондани фарзандам, ки ҳоло панҷ сол дорад, чӣ корро метавонам анҷом бидиҳам. Кош, мутахассисони кордармонии варзидаи эрониро дар Тоҷикистон медидем ва ё худи кордармонӣ дар ҷумҳурии мо падид меомад. Зеро воқеан барои маризони фалаҷу нимфалаҷии дасту пойҳо, хусусан барои атфол, ки дар айёми рушд карор доранд, усулҳои гуногуни кордармонӣ зарурати нигаҳдории танзими қувваи ҷисмонӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии мо низ дорои табобатгоҳ ва усулҳои гуногуни физиотерапевтист ва асосан муолиҷа бо масҳ анҷом меёбад, мутаассифона, тамринҳои махсуси кордармонӣ (occupational therapy) чун дар Эрон мавҷуд нест. Ҳол он ки теъдоди чунин маризон хеле зиёд буда, қариб 80 фисади ононро табақаи камбизоати аҳолӣ ташкил медиҳад ва қисмати минбаъдаи эшон низ маро ба андеша вомедорад.
Ва инак, боз ҳам ба бузургмардоне ба мисли сафири мӯҳтарами Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон оқои дуктур Алиасғари Шеърдӯст такя мекунам. Зеро маризии фарзандам ҷиддист ва барои дармони ӯ вақту замон ва асосан имконияти табобати ҳаррӯза лозим аст. Вагарна, пойҳояш аз инкишоф бозмемонад. Алъон, шукрона ба парвардигор , ки худ роҳ меравад, вале ҳини роҳ рафтан пойҳояш, ки камқувватанд, ба ҳам мепечанд.
Аз Шумо, сафири азиз хоҳиш мекунам, дубора барои табобати фарзандам ба кишвари Эрони бостон, ки дар дили худ дар ҳақиқат бузургмардони некройро ҷо додааст, мусоидат намоед. Ва ё мувофиқи имкон масъалаи таъсисёбии риштаи кордармонӣ дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии исломии Эронро дар Тоҷикистон матраҳ намоед.
P.S. Зимнан, барои дастгирӣ ва мусоидат барои табобат дар шаҳри Теҳрон аз корманди масъули Сафорати Эрон дар Тоҷикистон оқои Некпур, масъули дафтари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон дар Тоҷикистон оқои Эрфоннажод ва раиси Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон оқои Разавӣ бо самимият изҳори сипос менамоям.
Матлуба Муҳаммадзода, рӯзноманигор
E-mail matluba1@rambler.ru
Категория: Общество | Просмотров: 754 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024