Четверг-Панҷшанбе
25.04.2024
18:56
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Шумо чанд сола хастед?
Всего ответов: 935

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Октябрь » 7 » Додочону Рахматулло: “ватандор”-и беватану “демократ”-и ситезачу
Додочону Рахматулло: “ватандор”-и беватану “демократ”-и ситезачу
09:05
Донишчу будам ва донишчуиям ба солхое рост омад, ки “карахти”-и брежневиро шикастанд ва “навсози”-ю “ошкорбаёни”-и горбачёви давраи нави хаёти чамъиятиро барои мардуми кишвархои собик Иттиходи Чамохири Шуравии Сотсиалисти (СССР) огоз кард. Хар як падидаи нави сиёси, дигаргуниро дар чомеа мо чавонон бо руху илхом ва умеди тоза мепазируфтему чехрахои чадиди майдони сиёсату эчодро хамчун идеали худ дар зиндаги интихоб мекардем. Хар як сухани тозае, ки аз забони гуёи суханбозони пайрави охирин Президенти ИЧШС Михаил Горбачёв бармеомад, бидуни мулохизаю тахлил чойгохи мусбии худро дар майнаи чавонони ташнаи навигарихо ва равшанфикрони хамонвакта пайдо мекард. Факат тахлили амики вокеаю ходисахои он солхо дар шароити имруза собит месозад, ки дар асл он давра – давраи дасткаши аз кору руовари ба суханпардози, давраи пирузии “демагогия” ва маглубияти амал будааст. Ва ин суханпардозихо як кишвари абаркудратро то кучохо бурданд, хочати такрор нест. Дар хамон солхо шоире, низ гуфта буд, ки:

+Сухани пуч дар забон фориг зи кор,

Асру даври гапфурушон омадаст+

Максад аз иншои ин сатрхо ёди пурсузу гудоз аз ИЧШС-и пошхурда набуда, балки бозкушоии дафтари хотироти инфироди дар бораи ду намояндаи ин насли суханпардози беамал мебошад, ки имруз хам фаъоланду майнаи атрофиёнро гичу гаранг намуда, аз “оби тиранамудаашон мохи медоранд”. Ду нафаре, ки дар хамон солхо барои ману донишчуёни хамсабакам чехрахои мавриди парастишу эхтиром буданд ва кушиш мекардем, ки дар пайрохаи пурпечутоби зиндаги худро каме хам бошад, ба онхо шабех созем. Яке аз онхо устоди чавони Донишгох миллии Точикистон Рахматилло Зойиров ва дигаре рузноманигор Додочони Атовулло буд. Аввали ба мо аз фанни хукуки шурави дарс мегуфт ва озод аз камбудихои ичтимоию хукукии дар чомеаи шурави чойдошта харф мезад ва дуввуми мунтазам дар рузномаи “Чавонони Точикистон” ва дертар дар рузномаи таъсисдодаи худаш “Чароги руз” бо маколаю маводхои худ дардхои кухнашудаи чомеаро бо интикоди шадиди режими хамондавра фош мекард. Мо хамеша бекаророна мунтазири соати дарси аввали будему нашри маколаи навбатии сенсатсионии дуввумиро интизори мекашидем.

Аммо маколи русие мефармояд “Вакт хама чизро нишон медихад”. Солхо сипари гаштанду мо низ дар хаёт хар яке ба рохи худ рафтем. Инак лахзахое, ки ба он гузаштаи начандон дур бозпас менигарам ва гузаштаю имрузаи ин ду идеали худу хамсабаконамро киёс мекунам, дар кору амали онхо тафовутеро намебинам. Новобаста аз тагири сохтори давлату чомеа, ивазшавии хадафхои сиёси ва пайдошавии бозингарони нав дар арсаи сиёсати кишвар, онхо дигар нашудаанд. Хамоно суханпардози доранд, вале амалашонро касе надидааст. Ва пушти суханашон хамеша манфиатхои гаразнок нухуфтаанд. Хамон суханпардозхоянд, вале суханашон омехта бо сиёсат ва сиёсаташон моломол аз барангезиши фитнаю нифок.

Масири хаёти онхо дар тули ин солхо кариб, ки якранг аст: ширкат дар кофронсу маъракахои созмонхои гайридавлати ва институтхои озоди демократи, ки хосил аз гузарониданашон чуз сафсаттафуруши ва “кофе-брейк” чизи дигаре нест, ташкили хизбу харакатхои дуругин ва гирифтани кумаку “грант”-хо аз кишвархои бегона.

Дар бораи Додочони Атовулло хаминро гуфтан кофист, ки сухани дуруг ва афкори фитнаомезаш уро то ба чое овардааст, ки дар як гушаи замини бекарон танхо мондааст. Факат у мондаасту чунбиши “Ватандор”-аш, ки бо сабаби танхо як аъзо доштанаш (худи муассис) дар ягон кишвар ба кайд гирифта нашудааст. Хар гохе чайбаш холи шуд, бо кумаки ду-се дусти гапфуруши русиаш нишасти матбуотие меорояд ва бо хидояти хочагони хоричиаш дар хакки Ватани худаш баду дуруг ва тухматхои бофтаро алоихони намуда, подошеро барои рузгузаронии минбаъдааш дарёфт мекунад. Аслан у хамчун шахсият арзише надорад ва агар ман ба чои макомоти расмии Чумхурии Точикистон мебудам, ин фарзанди одамиро ба гушаи фаромуши мепартофтам ва мавчуд буданашро нодида мегирифтам, зеро чунин икдом барояш чазои сахттарине мебуд. У хар як посухеро дар баробари дуругу тухматхои бофтааш, хамчун манбаи худнамои намоиш дода, арзиши хешро дар назди хочагони гарбиаш боло мебарад ва дастгирии моддии онхоро дастрас мекунад. Уро танхо метавон бо духтарони танфуруш баробар кард, зеро хар ду як амал доранд, яке танфуруш асту дигаре суханфуруш ва моли хар дуи онхо нархи ночиз дорад.

Ин “фохишаи сухан” чандест ба гушаи фаромушии умум рехлат карда буд ва нишасти матбуотии у бо рекламахои пешаки як кушише буд бахри ёдрас намудани ВАО аз мавчудияти хеш. Вале гумон мекунам ин дафъа дуругу сафсаттахояш хосили дилхох надоданд, зеро дар мачмуъ касе ба ин нишаст таваччухи чидди зохир накард.

Зиндагиномаи Рахматилло Зойиров низ айнан хамин навъ аст. Чанд соле бо созмонхои байналмилали хамкори дошт ва супоришоти онхоро ичро мекард. Чун рузгораш таъмин шуд ру ба шикоят овард, ки бо вучуди донишу тачрибаи кофиаш уро дар макомоти давлати ба кор намегиранд. Инро ба назар гирифта, уро ба яке аз вазифахои баланду бомасъулият, ба хайси Мушовири калони Президенти Чумхурии Точикистон таъйин намуданд. Дере нагузашта фахмид, ки ичрои вазифахои давлати хеле сангин будааст. Корхо зиёданду мохона багоят кам. Талаботи янгаро конеъ карда наметавонад. (Агар янга макоми аввалро дар хона дошта бошад, вой бар холат). Хусусан барои шахсе, ки муддати мадиде бо созмонхои гайридавлатии байналмилали алока дошта супоришоти онхоро хамеша ба чой овардаасту фоидаи лоике аз ин хидматгузори бардоштааст, бо маоши давлат зиндаги намудан ба дарачае вазнин аст, ки хамеша дуои чухудро ба ёдаш меорад: “Илохо ба маош гирифтор шави”. Дар чунин шароит танхо шахсе кор карда метавонад, ки сарсупурдаи асили миллату давлаташ бошад ва бо умеди шукуфоии фардои кишвараш захмат кашад. Азбаски Зойиров Р. хеч гох барои Точикистон чунин сарсупурда набуд ва нахохад буд (хамеша такрор мекунад, ки дар Казокистон таваллуд ёфтаасту дар Узбекистон ба воя расидааст, дар Украина тахсил кардаасту дар Точикистон зиндаги дорад) ва бештар дар рафтору гуфтораш хислатхои чахонватани дида мешаванд, ба зуди аз ин мансаби баланду боифтихори каммаош даст кашид. Ва бо ин рох, хам рейтинги худро дар назди созмонхои байналмилали баланд бардошт ва хам дар мавридхои зарури мегуяд, ки “ман бо Хукумати феъли кор карда натавонистам “.

Хамин тарик майдони суханпардозии Р.Зойиров аз нав васеъ гардид ва у гуё “худро ба хаёти пурраи сиёси бахшид”. Вале тавре хамагон мушохида карда истодаанд, новобаста аз чонбозихои у ва харчи маблагхои хайриявии институтхои демократии хоричи, хеч не ки теъдоди аъзоёни Хизби сотсиал-демократии у зиёд гарданд. Хамзамон бояд коил шуд, ки шумораи аъзоёнаш аз аъзоёни “Ватандор”-и Д. Атовулло хеле бештаранд. У, хамтои гапфурушаш Шокирчон Хакимов (миёни ин ду нафар боз хусумати шахси чой доштааст. Зоиров Р. ба Ш. Хакимов барои иштирок хамчун номзад дар интихоботи парлумони аз маблагхои хизб пайсае хам надодааст) ва чанд аъзои бо унсурхои чинои омехтаи хизб дар Бадахшон. Дар баробари муваффак нагаштани Р. Зоиров ва хизбаш дар чорабинихои сиёсии Точикистон, резиши кумакхои хоричи низ ба хазинаи шахсиаш (тамоми моликияти ХСДТ ба номи худаш номнависанд) кохиш ёфт.

Намедонам, хосили андешаи чукури Р.Зойиров барои аз нав пайдо намудани рохи пулситони аз гарбиёни чонибдори чомеаи шахрванди мебошад, ё вазифаи навбатии онхо дар назди ин гумоштаашон, сотсиал- демократи раками 1-и Точикистон дар тараддуди таъсиси чунбиши мардуми бо номи “Иттиходи нерухои демократии Точикистон” (ИНДТ) афтодааст. Чун дид бо хизби беаъзояш наметавонад максадхои худро амали созад, коил шуд, ки “+хатто хизбхои сиёсие, ки соли 2000 буданд, бенуфуз шудаанд. Яъне тавре дар соли 2003-2004 буд, имруз ин тавр нест” (”Нигох” 26 (197), с.8). Ва рохи навро пеш гирифт, якчо намудани хизбу харакатхо ва созмонхои гайридавлатиро (маблаггузорони чумбиш онхо мешаванд) ва истифода бурдани онхо бо максадхои гаразноки худ. Бубинед, Зойиров Р. чунбиши нави мардуми ташкил карданист, вале дар раёсати онхо боз хамон ашхосеро дидан мехохад, ки каблан дар бозихои сиёсии ЧТ бози доштанд. Худашро бо чилваи “хоксорона” дар ин раёсат чой кардани нест. Зеро хадафи асоси ташкил намудани ин чунбиш аст. Албатта, вакте чунбиш таъсис ёфт, тахти хидояту накшахои тархрезинамудаи у амал хохад кард, ки максади асоси низ хамин аст.

Барои ташкил намудани ИНДТ Р.Зойиров мехохад боз хамон масоили ичтимоии дар сохахои маориф, иктисодиёт, макомоти суди ва мухочирати мехнатиро истифода барад. Аммо ман хайронам, вакте ин нерухо ба хам омаданд, накшахо ва барномахои сиёсии онхо чи мешаванд? Р.Зойиров бо кадом рох акидахои дунявиятпарастии хизбхои демократи ва исломисозии ХНИТ-ро хамчо мекарда бошад? (Агар оддитару дар дарачаи андешаронии вокеии рохбарону аъзоёни имрузаи ин хизбхо харф занем, у бо кадом рох бахси “хичоб”-у “миниюбка”-ро хал карданист?). Охир он кишвархои гарбие, ки барои сохтани чомеаи шахрванди дар Точикистон ба Р.Зойиров дастур додаанд, дар ин авохир чандин конунхои зидди шариати исломи кабул кардаанд-ку!?

Зойиров Р. мехохад ХНИТ-ро хеле осон ба худ кашад. У хатто шиор медихад, ки “Мулло террорист шуда наметавонад” (”Нигох” 26 (197), с.11). Чаноби Зоиров, террорист танхо хамоне нест, ки одам мекушад ва ё чандин нафар одамро мекафонад. Террористи асли хамонест, ки чунин акидаро ба миён меорад, тархрези мекунад ва ашхоси аз нигохи аклу дониш, рухи-равони заифро чалб намуда дар амали намудани максадхои нопоки худ истифода мебарад. Аз ин ру, хам мулло, хам муаллим, хам олим ва хам сиёсатмадор сад дар сад террорист шуда метавонанд. Мутаассифона, бандагони имруза, баръакси маколи иктибосовардаатон хам “гуфтагии муллоро карда истодаанду хам корашро” ва бо ин рох барои ислом чуз иснодовари хизмати дигаре накарда истодаанд.

Умуман ин икдом аз чониби Шумо, чаноби Зойиров Р. як фитнаи навбатие беш нест. Агар Шумо дар шароити кунунии кишвар, ташкил намудани як чунбиши мардумиро бахри ба эътидол овардани вазъият дар минтакаи Рашти чумхури пешниход менамудед, хамчун яке аз шогирдони собик итминон хосил мекардам, ки дар калби Шумо мехру мухаббат нисбати ин миллату ин Ватан чой доранд. Вале афсус, ки чунин нест. Боварии комил дорам, ки ин дарахти нави фитнаю мочаро, ки Шумо ният доред бинишонед, ба замин нарасида хушк мешавад, чунки дар интихоби давраи нихолшинони иштибох кардаед. Номгузории чумбиши мардумиатон низ тахрир мехохад: ИМОЛ номед, яъне “Иттиходи мохигирони обхои лойолуд”. Он гох хатман тарафдору хаводорони худро пайдо хохед кард.

Акмали Диловаршо,

рухшинос, сокини шахри Душанбе

Категория: Общество | Просмотров: 3207 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 1.0/1 |
Всего комментариев: 1
1 Шокирчон Хакимов  
0
Посух ба маколаи Акмали Диловаршо
«Дадочону Рахматулло : «ватандори» – «беватану» демократи ситезачу».
Дируз тасодуфан , зимни тахлили маводхои сомонахои мухталифи ватаниву хоричи дар сомонаи «Мигрант ру» маколаи Акмали Диловаршо «Дадочону Рахматулло : «ватандори» – «беватану» демократи ситезачу» хондам. Чун дар ин макола муаллифи он аз манн низ ёд карда аст, мувофики максад донистам, ки бо риояти одоби касби ва бидуни тахдиду тахкир мохиятан баъзе мулохизахоямро иброз намоям. Хамзамон итминон дорам, ки масъулини сомона посухи маро низ чоп мекунанд.
Пеш аз хама бояд зикр намуд, ки солхои охир дар матбуоти даври ва воситахои дигари ахбори омма аз чумла, сомонахо шахсони алохида бо номхои мустаъор тибки дастури ягон созмон ё шояд идораи давлати бошад маводхоеро барои хонандагон пешниход мекунанд, ки онхо асоси вокеи надоранд, пур аз тухмату тахкир ва паст кардани эътибор ва шаъну шарафи шахсиятхои сохибэхтироми кишвар мебошад. Дар ин робита 3-4 маротиба мо ба таври расми ба додгоххои Точикистон мурочиат кардем, то ки шахсияти чунин муаллифонро ошкор намуда ба чавобгарии модди ва чинояти чалб кунем. Вале боиси таассуф аст, ки хар дафъа бо бахонахои гуногун, аз чумла чалби мутахассисон то холи хозир мурофиахо ба анчом нарасидаанд. Мазмун ва мохияти маколаи Акмали Диловаршо низ идомаи мантики хаммаслаконаш мебошанд, ки манфиати умуми доранд ва ин тоифа мардум новобаста аз табиати хокимият доим бо тамаллуккори, игвогариву кам кардани кадру киммат ва манзалати ахлу фазлу дониш аз имтиёзхои замон бархурдор мешаванд.
Дуввум, аз мансаби мушовири калони президенти ЧТ оид ба масъалахои хукуки ва робита бо парламент ба истеъфо рафтани Зоиров Рахматулло чанд омилу сабаб дошт. Ва асоси чунин рафтори у хамчун хизматчии давлати рози набудан бо тарз ва усули гузаронидани раъйпурси оид ба ворид намудани тагйироту иловахо ба Сарконунии ЧТ буд.
Севвум, новобаста аз мукилоти давлатдории муосири точик ва хаводиси моххои охир такмили низоми сиёси, тахкими институтхои демократи, рушди чомеаи шахрванди ва таъмини иштироки фаъолонаи мардум дар идораи давлат ва хаёти сиёсии кишвар мубрам будани худро гум накардаст. Стратегия ва хадафи Иттиходи нирухои демократии Точикистон (ИНДТ) махз хамин аст. Яъне масъулияти шахрванди, ифтихори милли ва эхсоси ватандори муассисон ва иштирокчиёни ИНДТ вокеан аз баъзе мардуми нохалаф ва бахилу нотавонбин , ки кору борашон аз нуги нохун чирк чидан мебошад, хеле баланд аст. Махз имон ва вичдони хассос чунин зиёиёни хаккониро водор менамояд, ки бахри имрузу фардои дурахшони ин сарзамин ва харчи зудтар амали намудани ормонхои миллат аз чумла Сарконуни Точикистон сахми назарраси худро гузоранд. Агар вокеан дар хусуси Зоиров Р. ва дигар зиёиёни точик хизматгори хочагони хоричи – мамлакатхои гарб буданашон далеле мебуд, кайхо онхоро макомоти марбута аз озоди махрум мекард. Ва шумову фармоишгаронатон хафтахо карнаю сурнай кашида доиранавози мекардед.
Гуфтанихо зиёданд, вале хаминаш кофист!
Аз масъулин сомонаи мазкур хохиш менамоям, ки хамин посухро ба хотири гуногун андеши ва риояи одоби касби чоп кунанд.
Бо эхтиром Хакимов Шокирчон


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024