Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
01:28
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Декабрь » 18 » ЧАРО МО МАҲАЛГАРОЕМ?
ЧАРО МО МАҲАЛГАРОЕМ?
01:09
Аз рӯзе, ки ба баду неки дунё сарфаҳм меравам, ин суол домани андешаҳоямро раҳо намекунад:
Чаро мо тоҷикон ин қадар маҳалбозем? Аксарият мардумро минтақа ба минтақа, ноҳия ба ноҳия, деҳа ба деҳа ва дар маҳалҳо, мутаассифона, гузар ба гузар ҷудо мекунанд. Ин кашфиёти ман нест ва солҳо боз ба ҳама маълум аст. Ин маризӣ ҳатто дар байни олимон, адибон, устодони донишгоҳҳо, ки оинаи миллаташон мегӯем ва мансабдорҳои хурду бузург доман паҳн намудааст. Агар дар идорае сарвар иваз шавад, ӯ албатта «ислоҳоти кадрӣ» гузаронида, курсиҳои бегонаҳоро барои худиҳо холӣ мекунад.
Як шиносам баъди панҷ соли дар нафақа буданаш боз ба кор баромад. Фикр кардам, ки шояд дар хона зиқ шуда, майли кор намудааст, аммо ӯ бо маҳзунӣ гуфт:
- Раиси писарам нав шудаасту ӯро «бегона» - гуфта аз кор холӣ кардааст. Ризқрасонамон ӯ буд, акнун то ҷои кори нав меёбад, ки ...
Омӯзгори шинохтае, ки солҳои тӯлонӣ ба тарбияи насли наврас машғул шуда, айни ҳол дар яке аз литсейҳои машҳури пойтахт дарс мегӯяд, шикоят кард, ки сарвари литсейамонро як дугонаи мансабдораш аз музофот овардаасту ин бону дар навбати худ дугонаи худашро ҳамчун муаллимаи фанни биология ба литсей овардааст. «Акнун ман бояд ҷои худро ба дугонаи сарварамон бахшам», бо алам гуфт ӯ.
Бисёр мехостам, ки номи ин мансабдорчаи маҳалбозро ошкор нависам, аммо муаллима бо як тамкини хос гуфтанд:
Аввал ба идораи маорифи шаҳр арз мекунам, агар нашуд, баъд...

Э, ту ҳамшаҳрии мо нестӣ?
Чанд сол ба идораи рӯзномае навиштаҳоямро мебурдам ва ҳар ҳафта чоп мешуданд. Ман онҳоро ба дасти котиби масъули ҳафтавор месупоридаму сармуҳарирро надида будам, аммо ғоибона чун як нафари фарҳангӣ мешинохтамаш ва нисбаташ эҳтироми зиёде доштам. Рӯзе бо ӯ рӯ ба рӯ шудему ман худамро шиносонидам. Аввалин сухане, ки аз забони ӯ шунидам ҳамин буд:
-Э – ин туӣ? (баъд маълум шуд, ки ӯ маро ҳамроҳи ҳамсарам дар ҷашнворае дида будаасту ҳатто медонистааст, ки аз куҷоям!)
-Боз ман гумон кардам, ки ту ҳамшаҳрии мо ҳастӣ, имзои мустаорат ба номҳои мо монанд: - Лолаи Саидакбар...
Баъди ин вохӯрӣ ва гуфтугӯи кӯтоҳ, дигар навиштаҳоям рӯи чопро надиданд.

Президенти тоҷикони ҷаҳон
Аз касе пӯшида нест, ки моҷарои маҳал байни мардуми мо ба ҷои кам шудан рӯз аз рӯз меафзояд. Шумо тасаввур кунед, ки як Тоҷикистони кӯҳсорро ба чанд қисмҳо ҷудо мекунанду яке аз дигаре худро боло мегузорад. Акнун чӣ расад ба он тоҷиконе, ки берун аз марзи ватани аслии хеш зиндагӣ мекунанд.
Боре дар ноҳияи Бойсуни ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳмон шудаму дар ҳалқаи ҳамзабонон сӯҳбати ширине доштам. Нилуфар ном духтарак, ки дар синфи шашум мехонд, бомеҳр гуфт:
Эмомалӣ Раҳмон Президенти ҳамаи тоҷикони дунёст, Президенти мо ҳам ҳаст, ӯро дӯст медорам ва калон шавам, барои хондан ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон меравам...
Нилуфар бо меҳри зиёд чӣ мегуфт, дигар ба гӯшам намедаромад, чунки барқсон аз хотирам гузашт. Дар мамлакате, ки маҳалгароӣ ин қадар реша давондааст, ин духтараки пурорзуро чӣ интизор бошад?

Илоҳо, бемаҳал мирад...
Чаро дар боло аз тоҷикони Ӯзбекистон мисол овардам? Зеро имрӯз аз ҳар гӯша сару садоҳои иғвоангезе баланд шуда, ба рӯи хизматҳои устодони бузурге, ҳамчун Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирзо Турсунзода шабаҳи тирае меафканад. Сарчашмаи ҳамаи ин мункир шуданҳо низ аз маҳалгароӣ сарчашма мегирад.
Тоҷикони Ӯзбекистон дар солҳои аввали таъсисёбӣ барои ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзандае карданд, ки онро надида гирифтан ноинсофист. Нақши онҳоро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, ривоҷи илму саноат, ва адабиёт равшану возеҳ мебинем.
Боре ҳангоми сӯҳбат аз ҳамсари адабиётшиноси маъруфи тоҷик устод Расул Ҳодизода - Баширахон Шаҳобова (ҷияни Фазлиддин Шаҳобов) шунидам, ки мегуфтанд:
- Амакам бо Бобоқул Файзуллоев, Аҳмадро маҷбур мекарданд, ки дар қатори опера шашмақом сарояд, то ин шоҳасари мусиқии миллӣ аз байн наравад. Он кас аз рӯзгори амаки бузургворашон яке аз асосгузорони шашмақом дар Тоҷикистон қисса намуда, мегӯянд, ки субҳ надамида дар торикӣ бо фонус ҳар рӯз ба хонаи радио мерафтанд, то дар барномаи субҳгоҳӣ суруд хонанд.
Он вақтҳо ҳофизон зинда ва мустақим ҳунарнамоӣ мекардаанд.
Бисёр мехоҳам, ки дигар дар кӯча, маҳал, идора , маҷлис, тӯй ё ҷои дигар аз ман касе напурсад, ки аз куҷоӣ?
Вагарна бо мисраи устод Лоиқ ҷавоб мегардонам:
«Илоҳо, бемаҳал мирад, касе дорад маҳалбозӣ!»
Лолаи Саидакбар

Категория: Общество | Просмотров: 845 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Декабрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024