Среда-Чоршанбе
08.05.2024
04:53
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 11 » ЧАРО МАРДОН ЗАНИ ДУЮМ МЕГИРАНД?
ЧАРО МАРДОН ЗАНИ ДУЮМ МЕГИРАНД?
09:37
ё зани дуюм метавонад ҷойи зани авваларо гирад?
Ба маъракаи занонае даъватӣ будаму бо сабабе таъхир карда рафтам. Сари мизи пурнозу неъмат занони гуногунсолу хушсарулибос менишастанд. Баъди адои салом маро дар паҳлӯи зани сатрпӯши зебое шинонданд. Аз гап – гап баромаду дар бораи занҳои дуюм сухан рафт. Зани сабзинаи кӯтоҳмӯй, ки дар лабаш холи зебои ба худаш зебандае дошт гуфт:
- Занҳои дуюм барои номаш шуда, шӯи каси дигареро аз худ мекунанд. Онҳо зани чӣ ҳастанд? Шавҳари ман чор сол аз қафои як фоҳиша думкашак шуда гашт. Ризқи бачаҳоямро ба ҳаромиҳои ӯ мехӯронд. Дар номи Худои розфаҳм мурам, ӯро бо қаплонаш қапида тавбаи зани дуюм гирифтан кард!
Ҳампаҳлӯям рост ба чашмони зани «ҷабрдида» нигариста бо ғазаб гуфт, ки: На ҳамаи занон бероҳаю қаплон доранд. Баъдан зан якуму дуюм намешавад!!! Чаро шумо ҳамаро ба навъҳо ҷудо мекунед?!
Аз ин бархурд занҳо нороҳат шуданду маърака каме сард гашт. Ҳамин вақт соҳибхона бонуи дойрадастро ба хона ворид кард. Ҳофизаи шӯх зери зарбаҳои доира бехабар аз дили бонувон ба хониш сар кард:
Дар боғ даромадам ба бӯи ғалиниз,
Андешаи хотирам накардӣ ҳаргиз.
Ин зани дуюм муборак, эй ёри азиз,
Мо тозагулон дар боғ намонем ҳаргиз!
Хандаи таҳдори занон маҳфилороро ба илҳом овард магар, ки афзуд:
Абрӯқаламӣ ду чашми масти ту хумор,
Ман зинда ба ин диёр ту мегирӣ ёр.
Ҳар гоҳе ёри навта бигирӣ ба канор,
Лабта каждум газаду забоната мор.
Қоҳ – қоҳи занон баланд шуду ҳангоми рақсу бозӣ зани ҷавони сатрпӯш ноаён маъракаро тарк кард. Рости гап, дилам ба ӯ сӯхт ва чун аз забони соҳибхона фаҳмидам, ки зани дуюми муллои номдорест, аз дил гузаронидам айби ӯ чӣ, тақдирро касе тадбир нахоҳад кард!

Зани дуюм кист?
Аз рӯи мушоҳидаҳои хеш дар зиндагӣ медонам, ки танҳо теъдоди ками бонувон ба хотири зиндагии бофароғату осоишта бахти каси дигарро соҳиб мегарданд. Қисми боқимондаро худи зиндагӣ ба ин роҳ мебарад. Ба фикри ту, хонандаи азиз, зани дуюм кист?
Барои мард танҳо воситаи дилхушкунӣ ё аз мӯд қафо намондан? Агар не, пас чаро бисёрии онҳо аз оддитарин ҳуқуқҳои оиладорӣ бархӯрдор нестанд. Ҳатто наметавонанд фарзандашонро бо насаби падар сабти ном кунанд.

ЗАНИ ДУЮМ АЗ НОМАШ МАЪЛУМ, КИ…
Сурайё, сокини вилояти Хатлон мегӯяд: - Шаш сол боз зани дуюмам. Бефарзанд буданамон сабаб шуду ману шавҳарам аз ҳамдигар ҷудо гаштем. Пас аз номи беваро гирифтан, албатта маълум, ки таънашунави янгаҳо мегардӣ. Хоҳ бовар кунед, хоҳ на, ба хотири раҳоӣ аз таънаи янгаҳоям зани дуюм шудам. Баъди хонадор шудан, тамоми тилловорию чизу чораамро фурӯхта аз маркази ноҳия якҳуҷрагии бетаъмиру бешароитеро харидорӣ намудам. Худованд бароям писараки ширине ҳадя намуд, аммо шавҳарам аз тарси зану фарзандонаш намегузорад, ки насабашро ба писараш диҳам. Самбӯса пухта мефурӯшаму рӯзгор пеш мебарам, охир дигар чӣ илоҷ? Зани дуюм, аз номаш маълум, ки дар ҳаёти мард мавқеи дуюм ё охириндараҷа дорад...

Зани дуюм зан нест!
Марде, ки ду зан мегирад, ба тарзи дигар гӯем дузана фақат худашро дӯст медорад. Ӯ худпарасту худкома буда, дар бораи ду зане, ки бо «шарофат»-и ӯ ба азоб гирифторанд, ҳатто фикр намекунад.
Аслиямоҳ, сокини ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ки шавҳари ман зани дуюмашро бо ду кӯдак ба хонаам меҳмонӣ меорад. Агар ҳатто бо нигоҳ норозигиямро баён созам, то беҳушу беёд шуданам лату кӯбам мекунад, барои ҳамин ҳам, маҷбурам, ки рӯзҳою ҳафтаҳо палонҷамро меҳмондорӣ кунаму ӯ як шаб бо ману як шаб бо ӯ хобида ҳардуи моро дар як вақт дар оташи рашк сӯзонад. Зани дуюм якумро бадбахт карда, худаш хушбахт мешавад?
Не – ҳеҷ вақт!
Заҳри бадбахтиро якҷоя мечашанд...

Занҳо бояд якдигарфаҳмӣ кунанд...
Худованд алами палонҷдориро ба сари ягон бону наорад, аммо агар Худо накунаду 1:2=? чунин мушкилот ба амал омад, бояд бонувон якдигарро фаҳманд.
Ҷонона ном бону, ки аз гуфтани макони зисташ худдорӣ кард, чунин андеша дорад: - Ҳеҷ гап не, агар як ҷавонмард аз ӯҳдаи таъмини ду зан барояд, вале бояд занон ҳамдигарро фаҳманд. Бо ҳамдигар рафту омад карда, меҳри мардро баробар тақсим намоянд. Намедонам аз чӣ бошад, занони якум ҳамеша худро болотар гузошта, занҳои дуюмро беҳуқуқ меҳисобанд.
Шавҳар ё мард ашёи беҷон нест, ки ӯро шахсӣ карда ба дигаре додан ё надоданаш ба ту вобаста бошад. Ӯ метавонад бо дигаре ошиқ шуда, меҳри аз никоҳи аввал надидаашро бинад.
Шукри Худо ману палонҷам ҳамдигарро хуб мефаҳмем. Аз рӯзи шиносоиямон 10 – сол пур шудаю ҳеҷ гоҳ бо ҳам ҷангу ҷанҷол ё баҳс накардаем. Ин ҳама аз шавҳарамон вобаста аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ якеро аз дигаре боло намегузорад!
Омодасоз Ҳилолаи Баҳриддин.

Категория: Культура | Просмотров: 2399 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024