Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
06:55
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 10 » ЧАРО МАНИЖА СУРУДРО ҒАЛАТ МЕХОНАД?
ЧАРО МАНИЖА СУРУДРО ҒАЛАТ МЕХОНАД?
11:45
Ё Ӯ КИРО БА ЛАБИ ОБ ДАЪВАТ МЕКУНАД?
Ҳаёти имрӯзаро бе суруду мусиқӣ ва рақсу бозию шӯхию шодӣ тасаввур намудан душвор аст. Дар саҳнаи ҳунари тоҷик ҳам солҳои охир даъвогарони «ситора» зиёд шудаанд. Хайрият, ҳамин воситаҳои техникӣ ҳаст, ки қисми онҳо метавонанд худро ба дарёи суруду мусиқӣ дониставу надониста ҳаво диҳанд, вагарна бо андаке овози хиррӣ чӣ кор ҳам кардан мумкин аст? Чӣ тавре ки мегӯянд, суруд бояд ҳамқадами ҳаёт бошад ва аз ишқу муҳаббати самимӣ, дӯстдории Ватан ва монанди инҳо сиришта бошад.
Умуман, суруд суруд аст ва он бояд орӣ аз хато иҷро гардад. Ҷони суруд бояд аввал матн ва баъд оҳанг бошад, зеро матни хуб дар худ оҳанги дилошӯб низ дорад.
Сарояндаи худрӯй Манижа Давлатова бо вуҷуди худ ба олами санъати эстрадаи тоҷик тоза ворид шуданаш якбора мухлисони зиёдеро гирди номи худ ҷамъ овард. Ҳалолаш бод! Ӯ дар ҳақиқат, саҳназеб, тарзи иҷрои ба худ хос дорад. Аммо… ӯ месарояд:
Дилбари ҷон, бовафо ширинзабон, хушнаво,
бурдӣ дилам, тез биё, дилбари ҷонам.
Аслан, ин суруд моли халқ аст, ки Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон марҳум Тоҷиддин Муҳиддинов ҳанӯз сӣ сол пеш сароида буд, лекин матни саҳеҳе, ки Т. Муҳиддинов месароид, ин тавр аст:
Дилбари ҷон, бовафо ширинзабон, хушадо,
бурдӣ дилам, ту биё, дилбари ҷонам.
Баъдан ин суруд аслан ба зан тааллуқ дорад, бинобар ҳамин ҳам, пас аз шодравон Тоҷиддин Муҳиддин онро бояд ягон сарояндаи мард месуруд. Хонум Манижа кадом Дилбар ва чӣ гуна Дилбарро дар назар дошта бошад? Кадом Дилбар дили Манижаро бурда бошад, ки чунин мисраҳоро сурудааст? Агар мард ин мисраҳоро месуруд, шояд саволе ба миён намеомад, ки ӯ чаро ин сурудро хонд? Зеро вай мард асту маълум, ки ба хотири нозанине ин сурудро суруда, аммо зан… Умуман, чаро санъаткорони имрӯзаи мо андеша намекунанд, ки чӣ мехонанд? Чаро пеш аз сурудро ба мардум пешкаш кардан, фикр наменамоянд, ки матни суруд чӣ маъно дораду ба кӣ тааллуқ дорад? Охир суруд ҳам, занонаю мардона мешавад. Яъне дар суруде ва ё матне, ки назокату латофати зан тасвир ёфтааст, онро албатта, бояд мард сарояд, не зан.
Ё дар суруди дигараш Манижа месарояд:
Биё лаби об равем, дар шаби маҳтоб равем,
Биҷӯем аз ҳам рози дил, бо ҳам шабе хоб равем.
Магар дар шаби маҳтоб лаби об рафтану дар он ҷо хоб рафтан чӣ маънои тарбиягарӣ дорад? Аз шунидани ин суруд шунаванда чӣ мегирад? Албатта, дар фикраш лаби об рафтану бо касе хоб кардан ҷо мешавад. Бинобар ҳамин ҳам, сарояндаҳоро лозим аст, ки мантҳои пурвазну қофияро ба оҳанг дароварда, хонанд, зеро суруд метавонад тарбиятгар бошад. Аммо афсӯс, ки на ҳама ҳунармандони мо ин чизро фикр мекунанд, ҳатто баъзеаш ҳарчӣ пеш омад хуш омад гӯён мехонанду пешкаши мардум мегардонанд.
Ҳоло аксари ҷавонони «эҷодкор» хешро оҳангсоз эълон намудаанд, ҳол он ки чӣ будани эҷоду кӣ будани эҷодкорро намедонанд. Як мисоли равшани аз ӯҳдаи ин кор набаромадани чунин «бастакор» - он он аст, ки баъд аз як ё ду сол ба овозу сабку услуби онҳо касе аҳамият намедиҳад ва ҳамин тавр эшон ба қавле бе хату хабар мешаванд. Беҳуда дар халқ « Дер ояду дуруст ояд» - нагуфтаанд. Имрӯз ҳама дӯконҳои фитафурӯшии сарироҳӣ доранд, дохили бозорҳо бошад, пур аз сабти сурудҳои ҷавонони ҳаваскор аст. Чун дохили нақлиёти мусофиркаш шудед, он ҷо низ ин садоҳо шуморо ором намегузоранд. Албатта, хуб аст, ки ҷавонони эҷодкор баҳс – мабаҳс дар пайи сабт кардану фурӯхтани албоми сурудҳояшонанд, вале боз хуб мебуд, агар бештар ба мавзӯю мӯҳтавои сурудҳо диққати ҷиддӣ медоданд, он гоҳ ба қавли маъруф, «нуран ало нур» мешуд.
Мутаассифона, на танҳо ҷавонон, балки баъзе аз ҳунармандони шинохтаамон низ рӯйирост ба хатоӣ роҳ медиҳанд, матнро ғалат мехонанд. Аз ҷумла, як ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ки маҳорати баланди сарояндагӣ ҳам дораду барҳақ сазовори унвонаш ҳаст, матни шеъри Раҳмат Назриро ин тавр ғалат сароидааст:
Бар рӯйи гул чакида, ашки ситора имшаб,
Ман аз дилу дил аз ман, дорем зарра имшаб.
Яъне, ин ҷо на зарра, балки бояд зора бошад.

Ҳунарпешаи дигари миёнсоламон, ки он вақтҳо хеле ҷавон будааст, дар Хонаи Радио чунин сабти овоз дорад, ки гоҳ – гоҳ бо ҳамин шакли хатои дағалаш шунавонда мешавад:
Ду рухсораш зи чоки пираҳан дидам, ба дил гуфтам,
Ту пиндорӣ, ки сарви ноз бор оварда лимӯе.
Воаҷабо! Рухсорро чӣ тавр метавон тавассути чоки гиребон дид? Таносуби калом куҷост, маънӣ – ку? Ин, аслан, ғазали Заҳири Форёбист ва ба ҷойи рухсор бояд ақаллан пистон бошад, чунки танҳо дар ҳамин ҳолат метавон маъниро дарк кард.
Fазали машҳури Бедил ҳам, ки матлааш бо байти «Эй ҳузури мақдамат, дар зиндагӣ бурҳони ман» шурӯъ мешавад, аз тарафи якчанд ҳофизони шиносу ношиносамон ғалат сароида мешавад:
Интизорӣ доштам, дар гӯшаи вайронае,
Юсуфистон кард васлат, кулбаи эҳсони ман.
Кулбаи эҳсон нею, балки кулбаи эҳзон бояд гуфт, зеро ки ҳусн аз ҳузн фарқ дорад.
Албатта, «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад» - гуфтаанд. Хуб мешуд, агар ҳангоми интихоби матну оҳанг бештар бо шеършиносон, шоирону адибон ҳамкорӣ кард, дар он сурат шояд, ки ғалатҳо бартараф шаванд? Суруд инсонро ба сӯйи дунёи андеша мебарад ва ин андеша он гоҳ самараи хуб ба бор хоҳад овард, ки он солим бошад.
Як ҷурми дигари ҳофизонамон он аст, ки созгории кадом матн ро бо кадом оҳанг намедонанд. Дар ин маврид мисраи «Хат ғалат, маъно ғалат, иншо ғалат» - и шоир ба хотир меояд. Бубинед, ҳофиззан чӣ месарояд:
Дастро ба гардани он нозанин андохтам,…
Ё гурӯҳи духтарон « Ҷӯраҷон, дилум танг омадай» - месароянд.
Дар ин гуна шеърҳо рӯҳи шоир ( на шоира) маълум аст ва ҳамин гуна амалҳо мардумро аз суруду мусиқӣ дур мегардонад. Имрӯз дар Тоҷикистон, бахусус, дар пойтахт, якчанд мактаби мусиқӣ амал мекунад. Дар он ҷо аксаран бачаҳои лаёқатманд таҳсил кунанд ҳам, аҷаб аст, ки аксарияташон шомили синфҳои омӯзиши асбобҳои нафасианд. Ба асбобҳои миллӣ бошад, майлу таваҷҷӯҳи онҳо кам аст. Чаро ин тавр? Шояд ба хотири он ки минбаъд бо кларнету флейта, ямаха дар тӯйҳо ҳофизӣ мекунанд? Лекин, охир, асбоби ғарбиро бо асбобҳои миллиамон омезиш додан мумкин аст - ку? Мисли ин ки ин кор ба Тоҷиддину Кароматулло хеле муваффақона даст дода буд. Имрӯз дар Россия танҳо барои як соати дарси пианино даҳ доллари амрикоӣ супоридан лозим меояд. Дар мактабҳои мусиқии мо ин гуна дарсҳо қариб, ки ройгон омӯзонда мешаванд.
Ба ҳар ҳол, илми мусиқӣ, савту наво, шодию тараб бо инсон ҳамқадам аст. Зиндагӣ аз ин албатта, нуру зиё мегирад, ба шарте, ки он мусиқӣ, созу тараб ва матну мавзӯю оҳанги бо ҳам созгор бошанд.
Ҳ. Фараҳнӯш

Категория: Культура | Просмотров: 1467 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024