Суббота-Шанбе
27.04.2024
15:43
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Декабрь » 8 » Чаро ҷавонон рӯ ба ғурбат меоранд?
Чаро ҷавонон рӯ ба ғурбат меоранд?
07:44
Созмони байналмилалии омӯзиши афкори омма, маъруф ба «Геллап» зимни як назарпурсӣ маълум кардааст, ки соли 2010 дар Тоҷикистон шумораи одамоне, ки мехоҳанд ба таври муваққатӣ дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷи кишвар раванд, 28 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки тибқи ин пурсиш танҳо 9 фисади аҳолии кишвар мехоҳанд ба таври доимӣ Тоҷикистонро тарк кунанд. Миёни давлатҳои ИДМ баъд аз Молдоваву Арманистон, Беларусу Қирғизистон ва Гурҷистон дар миёни 12 кишвар аз рӯйи ин нишондод Тоҷикистон дар зинаи 7-ум қарор дорад.
Вале дар миёни ҳамин 12 кишвар муайян гардид, ки оилаҳои тоҷик аз муҳоҷирони худ аз ҳама бештар кӯмаки пуливу молӣ дарёфт кардаанд. Аз рӯйи ин нишондод Тоҷикистон дар зинаи аввали ҷадвал аст.
Мушоҳида мешавад, ки тӯли бештар аз даҳ сол боз тамоюли сокинони кишвар, ба вижа ҷавонон, барои муҳоҷират ба хориҷи кишвар бештар мегардад. Сабабҳои аслии ҳиҷрати ҷавонон ба хориҷа дар чист?
Ҳамида Наботова, ҷавондухтаре, ки чандин бор ба хориҷа сафар намудааст, яке аз сабабҳои аслии майли мардум, ба вижа ҷавонони тоҷикро, ба кишварҳои хориҷ дар мавҷудияти имконоти бештар барои бароварда сохтани орзуву мақсадҳояшон мебинад. Ба гуфтаи ӯ, барои хориҷа рафтан бештар ҷавононе майл доранд, ки нисбатан дониши хуби забонӣ доранд ва метавонанд дар хориҷа бе ягон мушкилӣ илм омӯзанд ва коре пайдо кунанду зиндагии хешро ба осонӣ пеш баранд. Вале мутаассифона, мегӯяд ӯ, дар Тоҷикистон чунин имконот нест.
Ин дар ҳолест, аксари ҷавонон сабаби дигари афзоиши хоҳишмандони муҳоҷират ба хориҷаро дар мавҷудияти шароити беҳтари зиндагонӣ арзёбӣ менамоянд.
Дар ин замина корманди ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Умаралӣ Сафаралӣ мегӯяд, ки баъди ба даст овардани истиқололияти кишвар шароит муҳайё шуд, то мо бо тамоми кишварҳои дунё равобит барқарор намоем ва барои ҷавонон имконияти сафар кардан ба мамолики дуру наздик бештар гардид.
- Аслан, сабабҳои ҳиҷрати ҷавононро ба чанд гурӯҳ метавон ҷудо кард. Яке аз сабабҳо - муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Онҳоро муҳоҷирони иқтисодӣ ҳам гуфтан мумкин аст. Яъне, муҳоҷирони иқтисодӣ онҳое мебошанд, ки барои ба даст овардани сармоя ба кишварҳои хориҷ сафар мекунанд, то сатҳи зисташон дар Тоҷикистон беҳ гардад. Гурӯҳи дигар муҳассилони макотиби олии кишварҳои хориҷ аз ҳисоби ҳамватанони мо мебошад. Гурӯҳи дигар ҷавононе мебошанд, ки роҳи гурез аз хизмати ҳарбиро дар сафар ба кишварҳои хориҷ мебинанд.
Бино ба иттилои Вазорати маориф, то имрӯз зиёда аз 3 ҳазор ҷавон барои таҳсил ба хориҷа раҳсипор шудаанд.
Фирӯзиддин Ҳакимов, як сокини Душанбе мегӯяд, ки тӯли 6 сол мешавад, дар штати Колорадои ИМА кору фаъолият дорад ва сабаби дар Амрико буданашро дар пешрафту тараққии ин кишвар мебинад. Вале, таъкид мекунад ӯ, ин маънои онро надорад, ки меҳри ватанпарастии ман кам гашта бошад.
Руқияи Боймуҳаммад
Категория: Общество | Просмотров: 926 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Декабрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024