Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
13:22
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Сентябрь » 18 » Боздошти се гумонбари таркиш дар Хуҷанд
Боздошти се гумонбари таркиш дар Хуҷанд
14:57
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти се гумонбар ба таркиши Хуҷанд иттилоъ дод. Маркази равобит ҷамъиятии раёсати амнияти вилояти Суғд зимни пахши як баёния гуфтааст, ба хотири халал ворид накардан ба тафтишот исми ин афрод ошкор намешавад.

Дар ин баёния омадааст, "таҳқиқро як гурӯҳи вижаи ҷустуҷӯии фаврии додситонии Суғд анҷом медиҳад".

Таркиш субҳи 3 сентябри соли равон дар бинои шӯъбаи мубориза бар ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд ба вуқӯъ пайваст. Як мошини тамғаи "Волга" бо суръат ба дарвозаи шӯъба ворид шуда, таркид. Дар бораи сарнишини ин мошин иттилоот зиддунақизанд. Мақомот то ба ҳол дар ин маврид изҳори назар накардаанд. Тибқи баъзе хабарҳо сарнишини «Волга» нафари худкуш будааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки шикастапораҳои автомобил то садҳо метр парида, шишаи тирезаҳои биноҳои атроф то ҳудуди 500 метр шикаста, фурӯ рехтаанд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бар асари таркиш кушта шудани 4 нафар ва захмӣ шудани 21 нафарро таъйид кард, ки аксарият кормандони милиса будаанд. Аммо тибқи манобеъи ғайрирасмӣ, теъдоди кушташудагон аз 10 нафар ва захмиён аз 30 нафар боло гуфта мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як баёния ҳодисаи таркиш дар Хуҷандро шарҳ дода, гуфт, ки бо эҳтимоли зиёд "амали мазкур аз тарафи ҳаммаслакони гумонбаршудагон ба куштори раиси собиқи бозори Исфара Ҳомидҷон Каримов, ки эҳтимоли ба Ҳаракати исломии Узбакистон мансуб буданашон мавҷуд аст, содир карда шудааст".

Аз рӯи ин ҳодиса додситонии вилояти Суғд аз рӯи моддаи куштор ва терроризми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст.

Категория: Новости дня | Просмотров: 1033 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024