Пятница-Ҷумъа
26.04.2024
06:37
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 28 » Боздошти Низомхон Ҷӯраев дар шаҳри Маскав
Боздошти Низомхон Ҷӯраев дар шаҳри Маскав
16:13
Вазорати корхои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфара ва узви Маҷлиси вакилони вилояти Суғд иттилоъ дод. Вазорати дохилӣ мегӯяд, Низомхон Ҷӯраев дар шаҳри Маскав аз сӯи мақомоти амниятии Русия бо дархости Тоҷикистон дастгир шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, Низомхон Ҷӯраев рӯзҳои наздик ба Душанбе истирдод хоҳад шуд.

Низомхон Ҷӯраев ҳамроҳ бо даҳҳо нафар ҳамроҳонаш аз сӯи Додгоҳи олӣ ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин муттаҳам шудааст. Вале ӯ пас аз боз шудани парванда дар соли 2007 ба хориҷи кишвар фирор кард ва то ҳол дар Маскав ба сар мебурд.

Соли гузашта гурӯҳи 31-нафарии ҳамроҳони ӯро Додгоҳи олӣ ба муҳлатҳои аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ ин гурӯҳро ба ҳамдастӣ дар куштори Толиб Бобоев – собиқи муовини додситони кулли Тоҷикистон дар соли 1999, таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ, сохтакории аснод, пинҳон доштани андоз ва дигар ҷиноёт айбдор эълон кардааст.

Боздошти ин гурӯҳ дар тирамоҳи соли 2007, ба думболи ифтитоҳи парванда алайҳи Низом Ҷӯраев сурат гирифта, бозбинии додгоҳии парвандаи онҳо дар миёнаҳои соли гузаштаи 2008 оғоз ёфта буд. Аксари ин 31 нафар сокини ноҳияи Исфара ва умдатан ҳамкорони собиқи Низом Ҷӯраев мебошанд.

Ҳукми Додгоҳи олӣ нисбати гурӯҳи Низомхон Ҷӯраев матбуоти Тоҷикистон ва ҳамчунин доираҳои сиёсии кишвар баҳсу вокунишҳоро ба бор оварда буд.

Дар пайи эъломи ин ҳукм додситони кулли вақти Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов зимни як нишасти матбуотӣ онро "беадолатона ва ғайриқонунӣ” унвон кард. Ҷаноби Бобохонов гуфта буд, ки агар Додгоҳи олӣ ин ҳукмро бознигарӣ накунад, Додситонии кул омода аст, алайҳи қозии парвандаи мазкур як парвандаи нав боз кунад.

Вале ҳукми додгоҳ дар қиболи гурӯҳи Низомхон Ҷӯраев бетағйир боқӣ монд.

Категория: Политика | Просмотров: 1156 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 1.0/1 |
Всего комментариев: 1
1 Мухочир  
0
Як бор части малахак, ду бор части малахак охир ба дастиш - хамин будагист!


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024