Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
02:54
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Декабрь » 19 » Боздошти маҳбусони фирорӣ дар хоки Афғонистон
Боздошти маҳбусони фирорӣ дар хоки Афғонистон
14:53
19.12.2010
Мӯъмин Аҳмадӣ
Дар пайи амалиёти муштараки ниҳодҳои амниятии Афғонистон, 8 маҳбуси фирории боздоштгоҳи муваққати КАМ -и Тоҷикистон боздошт шуд. Змарай Башарӣ, сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон ба Озодӣ гуфт, амалиёти боздошти ин афрод рӯзи гузашта дар вулусволии Дарғади вилояти Тахор сурат гирифт

Ба гуфтаи ҷаноби Башарӣ, дар миёни маҳбусони фирории боздоштшуда 3 нафар афғон ва панҷ тани дигар тоҷикон ҳастанд.

"Дирӯз пулиси мо муштаракан бо амнияти миллии Афғонистон тавонистанд 8 тан аз зиндониёни фирориеро, ки аз зиндони кишвари Тоҷикистон чанде қабл фирор карда буданд, аз вулусволии Дарқади вилояти Тахор дастгир бикунанд".

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон ин амалиётро натиҷаи ҳамкориҳоии муштараки вазоратхонаҳои корҳои дохилии Афғонистон ва Тоҷикистон унвон кард.

Аз ҷониби дигар, бар асоси иттилои мақомоти интизомии вилояти Хатлон, феълан барои истирдоди ин фирориён, миёни мақомоти интизомии Тоҷикистон ва Афғонистон гуфтушунид идома дорад.

Фирори пурсару садо

Ҳамакнун бо боздошти ҳашт нафар аз фирориён тавассути марзбонони афғон, аз 25 маҳбусе, ки рӯзи 23-юми август баъд аз куштори 5 нозир аз боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда буданд, аксарияти онҳо дастгир ва иддае ҳам дар ҷараёни амалиёти фаврии нерӯҳои интизомӣ кушта шудаанд.

Маҳбусони фирорӣ умдатан касоне буданд, ки барои даст доштан дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон аз сӯи Додгоҳи олӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд.

Як ҳафта пас аз фирор Раёсати умури ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон камбудиҳои ҷиддии вазъу шароит ва низоми мавҷуда дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллиро сабаби асосии фирори 25 зиндонӣ аз ин маҳбас унвон кард.

Рӯзи 2-юми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба имзо расонд. Истеъфои Абдураҳимов 10 рӯз пас аз фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи кумитаи амният рӯзи 23-юми август ба вуқӯъ пайваст. Ба ҷои ӯ Саймумин Ятимов таъин шуд.

Изи пои фирориён дар Хатлон

Ҳамзамон аз чанд рӯз ба ин тараф овозаву сарусадое дар мавриди мушоҳидаи афроди шубҳаовар дар навоҳии минтақаи Кӯлоб дар миёни мардум ба гӯш мерасид. Ҳафтае қабл, сокинони ноҳияи Восеъ афроди ношиносеро дар ҳудуди ин ноҳияи мушоҳида карда буданд.

Як сокини ноҳияи Восеъ чанд рӯз қабл гуфта буд, ки Ҳикмат Азизов мулаққаб ба Кӯри Малиш, маҳбуси фирории боздоштгоҳи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон ва бародари Неъмат Азизов, аз фармондеҳони собиқи мухолифонро, ки дар ҳаводиси тобистони соли гузашта дар Тавилдара кушта шуд, шинохтааст.

Сӯҳроб Ойаҳмадов, сокини деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат ба РО гуфта буд, ки дар зери купруки ин минтақа гурӯҳи иборат аз ҳафт нафараи либоси низомипӯшро мушоҳида карда ва онҳо ӯро барои сӯҳбат даъват кардаанд.

Ин афрод худро кормандони пулис муаррифӣ карда ва шаҳодатномаи корманди милитсияро низ ба ӯ нишон додаанд аммо дар миёни онҳо Ҳикмат Азизов муллақаб ба Кӯри Малишро, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи КАМ-и Тоҷикистон фирор карда буд, шинохтааст. Зеро вай мегӯяд қаблан акси ӯро дар телевизион ва овезаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар кӯча ва хиёбонҳо дидааст.

Мақомот бар ин назар буданд, ки фирориён дар Кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин паноҳ бурдаанд. Ба ин хотир нерӯҳои интизомӣ тайи як ҳафта дар ин мавзеъ ҷиҳати пайдо намудани онҳо таҷаммӯъ карда буданд.

Амалиёт дар қаторкӯҳҳои ҷануби Тоҷикистон

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфта буд, ки дар як қатор силсилакӯҳҳои ҳудуди ноҳияҳои Балҷувон, Ҳамадонӣ ва Восеъи вилояти Хатлон амалиёти махсуси кормандони пулис барои безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки ҳамла дар Балҷувонро анҷом додаанд, ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои пулис аз шаби душанбеи 13 декабр дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъмин таҷаммӯъ кардаанд ва сокинони ноҳияи Восеъ гашту гузори чархболи низомӣ дар ин ноҳияро мушоҳида намудаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 15 декабр дар сӯҳбат бо РО гуфт, гурӯҳҳои фаврии пулис барои эҳтимолан вуҷуд доштани гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва ё фирори он гурӯҳе, ки ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Балҷувон ҳамла карда буданд, амалиётҳои фаврӣ ва чустуҷӯиро анҷом медиҳанд.

Ҷаноби Асадуллоев таъкид карда буд, ки амалиётҳо дар як қатор силсилакӯҳҳои ҳудуди ҷануби Тоҷикистон ба манзури санҷиши маълумотҳои фаврӣ, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ин мавзеҳо паноҳ набурда бошанд ва ба хусус ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон сурат мегирад.

Категория: Общество | Просмотров: 778 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Декабрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024