Суббота-Шанбе
04.05.2024
14:28
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 31 » Боздошти як сарбоз бо иттиҳоми куштор дар нохияи Исфара
Боздошти як сарбоз бо иттиҳоми куштор дар нохияи Исфара
10:02
31.08.2010
Қамари Аҳрор
Мақомоти низомии вилояти Суғд аз боздошти як сарбози қисми низомии марбут ба нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ додаанд. Комрон Исматов, сарбози қисми ҳарбии 2199 Муҳаммаднурулоҳи Ҳусензода, сокини Исфараро бо зарби тир ба ҳалокат расонидааст.

Хусрав Насриддинов, ёвари додситони гарнизони вилояти Суғд, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки Комрон Исматов, сарбози қисми ҳарбии 2199 -и нерӯҳои сарҳадии Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара, дар натиҷаи баҳсу муноқиша, Муҳаммаднурулоҳи Ҳусензода, сокини 20 солаи ин ноҳияро ба ҳалокат расонидааст.

Вай афзуд: «Санаи 14 уми августи соли ҷорӣ хизматчии ҳарбии қисми 2199 Исматов шаҳрванд Ҳусензодаро парронда, ба ҳалокат расонидааст. Ҳоло нисбати сарбоз аз рӯи моддаи 104 қисми -2 и кодекси ҷиноятии ҶТ «бераҳмона ба қатл расонидани шахс» парванда боз шудааст».

Насриддинов мегӯяд, муноқиша миёни Ҳусензода ва сарбоз дар наздикии боғи зардолузор, воқеъ дар ҷамоати «Сурх»-и ноҳияи Исфарар сар задааст. Дар натиҷа бар асари се тири сарбоз вай дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Сарбозон мусолиҳакор нестанд

Куштори Ҳусензода, аз сӯи сарбози қаторӣ дар ин авохир ҳодисаи бесобиқа маънидод мешавад. Коршиносон каммаълумотӣ ва камтаҷрибаии сарбозонро, яке аз омилҳои аслии сар задани низову муноқишаҳо миёни онҳо арзёбӣ мекунанд, ки дар натиҷа боис ба сар задани ҳодисаҳои қатлу куштор дар бархе аз қисмҳои низомӣ мегардад.

Чанде пеш ҷасади сарбоз Аҳрорҷон Маҳмадҷонов, аз қисми низомии 13003 -и Вазорати мудофиаи кишвар аз шаҳри Душанбе ба зодгоҳаш ноҳияи Исфара интиқол дода шуд. Масъулини комиссариат изҳор кардаанд, ки номбурда аз беэҳтиётӣ, ҳангоми хизмат ба ҳалокат расидааст. Аммо волидону наздикони Аҳрорҷон иддао доштанд, ки сабаби марги фарзандашон ба асари лату куб будааст.

Каюм Отаев, корманди созмони ҷамъиятии ҳуқуқшиносони ҷавони мавсум ба «Ампаро» дар Хуҷанд мегӯяд, заъфи баргузории машғулиятҳои низошиносиву инсондустӣ дар қисмҳои ҳарбии кишвар ва аз ҷониби дигар камсаводии сарбозон, ба афзоиши муноқишаҳо боис мешавад.

Вай мегӯяд, хуб мебуд, агар афсарон аз усули нави тарбия миёни сарбозон кор мегирифтанд: «Ҳини сӯҳбат миёни сарбозон ба назар мерасад, ки аксаран маълумоти кофӣ надоранд. Он корҳои тарбиявие, ки ҳоло афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ мебаранд, мутаассифона ба завқи аксарон намехурад. Хуб мебуд, машғулиятҳои ҳарби ватандӯстӣ бо тарзу усулҳои нав баргузор карда шаванд. Камсаводии сарбозон ҳам эҳтимол пайомадҳои хуб нахоҳад додшт».

Аммо Носир Тошматов, ҷонишини комиссариати ҳарбии Суғд мегӯяд, ки солҳои охир масоили тарбия сарбозон дар қисмҳои ҳарбии кишвар беҳтар ба назар мерасад. Ва дар баробари тамрингириҳои ҳарбӣ онҳо ба машғулиятҳои меҳанпарастӣ фаро гирифта мешаванд.

Вай афзуд: «Аз рӯи нақша ҳар моҳ ва ҳар сол ба сарбозон дар қимҳои низомӣ машғулиятҳои таълимӣ тарбиявӣ гузаронида мешавад. Бо баробари дохил шудан, ҳар як сарбоз бо оиномаҳои қувваҳои мусаллаҳ шинос карда мешаванд. Аз қисми навбатдорӣ сар карда, то командирони болоӣ миёни сарбозон дарсҳои фаҳмондадиҳӣ, ба хусус дар кадом ҳолат яроқ истифода кардан даркору дар кадом ҳолат не ҳамааш омӯзонида мешаванд».

Маҳалгароӣ дар хизмат - як мушкили аслӣ

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, як ҷавони Суғди мегӯяд, сахтар аз ҳама вуҷуди маҳалгароӣ аст, ки бисёрии сарбозонро аз хизмат дар сафи қисмҳои низомии кишвар нохушбин кардааст.

Ӯ мегӯяд: «Мансубият ба минтақаву маҳал, дар қисмҳои низомӣ бояд аз байн бардошта шавад. То ҷое, ки ман огоҳ ҳастам масъалан як нафаре, ки берун аз маҳалли зисташ барои хизмат сафарбар карда мешавад, ӯро дар қисми ҳарбӣ васоиле мекунанд, барои сомон додадни ҳаргуна корҳои зиште, ки аслан табъашон намебардорад».

Аксар коршиносон мегӯянд, адами шароит дар қисмҳои низомии кишвар низ ба он сабаб мешавад, ки сарбозон ба таълиму тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир накунанд.

Категория: Общество | Просмотров: 1908 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024