Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
09:57
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Сентябрь » 29 » Боздошти ду узви гурӯҳи Мирзохуҷа Аҳмадов
Боздошти ду узви гурӯҳи Мирзохуҷа Аҳмадов
15:01
Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ки зимни як амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар минтақаи Рашт ду тан аз аъзои гурӯҳи Мирзохуҷа Аҳмадов боздошт шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, афроди боздоштшуда мусаллаҳ будаанд, аммо зимни боздошт фурсати истифода аз силоҳ ва муқовимат бо нерӯҳои давлатиро наёфтаанд.

Маҳмадулло Асадуллев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар мусоҳибае бо Озодӣ ин хабарро тасдиқ намуд ва гуфт, ки ин ду нафар аъзои фаъоли ин гурӯҳи ба гуфтаи ӯ, ҷиноӣ будаанд ва дар ҷараёни амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ рӯзи гузашта боздошт шуданд.

Сухангӯи вазорати дохилӣ афзуд, ба далели халал ворид нашудан ба ҷараёни тафтишот ва идомаи ҷустуҷӯи аъзои боқимондаи ин гурӯҳ аз ифшои номи афроди боздоштшуда худдорӣ мешавад.

Мирзохуҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷик ва сардори собиқи раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи минтақаи Рашт баъд аз анҷоми як амалиёт барои боздошти ӯ аз маҳалли зисти худ фирор кардааст.

Ҳамла ба манзили Аҳмадов се рӯз баъд аз ҳодисаи ҳамла ба Корвони вазорти дифоъ ва кушта шудани 25 сарбоз дар дараи Камров сурат гирифт. Ҳамлаи ғофилгирона ба корони вазорати дифоъ рӯзи 19 -уми сентябр сурат гирифта буд.

Мақомот гуфтаанд, ки аз манзили зисти Мирзохуҷа Аҳмадов силоҳу муҳимот пайдо кардаанд.

Мирзохуҷа Аҳмадов аз сӯи мақомот ба пинҳон кардани Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) фармондеҳи пешини ИНОТ, ки гуфта мешавад ба ҳаракати исломии Узбакистон пайваста ва робитае бо Ал-Қоида ва Толибон дорад муттаҳам шудааст.

Мақомот инчунин гуфтаанд, ки Аҳмадов дар ҳамла ба корвони нерӯҳои вазорти дифоъ дар рӯзи 19 -уми сентябр низ даст дорад.

Категория: Новости дня | Просмотров: 771 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024