Пятница-Ҷумъа
29.03.2024
15:06
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2012 » Сентябрь » 17 » БЛУТУЗИ ФАРЗОНА ҲУЯЙ Ё АЗ ШАБНАМ?
БЛУТУЗИ ФАРЗОНА ҲУЯЙ Ё АЗ ШАБНАМ?
19:00
ё бемаънитарин суруди сол
Фарзонаи Хуршед, ин ному насаб ду соли ахир пурсару садотарин ному насабе буд, ки қариб ҳар ҳафта матбуоти давриро зеб медод. Зиндонӣ гаштани Фарзонаи ҷавону хушхон қалби мухлисонашро хун карду онҳо то метавонистанд рӯҳан ин оилаи ситоравӣ, модараш ҳунарманди машҳури тоҷик Сурайё Қосимова ва апааш яке аз симоҳои маъруфу машҳури шоу-бизнеси тоҷик Шабнами Сурайёро дастгирӣ мекарданд. Ман низ қатори дигарон таманнои озодии Фарзонаро доштаму дар дил қонунгузоронро мазаммат мекардам, ки ҷавонию истеъдоди ин бонуи ҳунарро ба назар нагирифта, ӯро чун булбул банди қафас намуданд, ҳарчанд, ки назди қонун шоҳу гадо баробар аст. Муждаи озодии Фарзона барои ман бисёр хурсандибахш буд, мухлисон низ аз якдигар бо хушнудӣ шодиёна мегирифтанд, ки ҳунарманди писандидаашон аз зиндон раҳо гаштааст. Мардум аз Фарзона умедҳои зиёде дошт ва сурудҳои бомаъниро интизор буд, аммо афсӯс…
Аввалин коре, ки Фарзона баъди маҳбас ба анҷом расонд, нимурён сабт намудани суруди «Кушо дарҳои баста»-аш буд, ки аз назари аксари мухлисон хеле номуваффақ анҷом ёфт. Бовар кунед, ин матни саропо ғалату хандаоварро суруд номидан гуноҳ аст:
Эй бро-бро, бишунав маро,
Бикушо ҷонам, дари бастаро,
Эй бро- бро, ба паси хона,
Эй бро-бро, пеши Фарзона,
Ҳоли дил бигӯ, ки чӣ меша?
Туку-тук мезана ҳамеша,
Бикунӣ мардонагӣ пеша,
Аҷоиб меша, меша, меша…
Ин калимаҳои подарҳаво ва мантиқан аз ҳам чандин фарсанг дурро Фарзона мехонад ва бо ӯ Шабнам ҳамовоз мегардад. Ҳарчанд ман оҳангшинос нестам, аммо оҳанги якмарому беавҷу дилбазани суруд низ фикр мекунам, моли хоҳарони ҳунарманд аст, зеро беистеъдодтарин оҳангсоз ҳам чунин оҳанг намеофарад. Аз ҳама бадтараш он аст, ки ин суруд дар Амрико дар назди ҳамзабонони мо суруда шуд. Аслан ба консертҳои ситораҳои форсизабон ягон амрикоӣ намеояд ва мухлисони Шабнаму Фарзона барин ситораҳо, эрониёну афғонҳо ва яҳудиёни тоҷикзабоне мебошанд, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, вале ба ҳар ҳол… Саттор, Гугуш, Муин, Лайло, Андӣ ва дигар ситораҳои олами ҳунар, ки ҳамзабони моянду бо амри тақдир дар Амрико зиндагӣ мекунанд, ширинии забон ва фасоҳати онро гум накардаанд, матнҳои сурудҳои эшон низ саропо мағзу маъниянд ва аз ташбеҳоту санъати суханварӣ саршоранд, чунки онҳо чун Фарзона матни хароби бофтаи хешро суруд гуфта, ба мухлисон пешкаш намекунанд. Ситораҳои дар боло зикр ёфтаи форсизабон ашъори классикони адабиёти форсу тоҷик ва нобиғаҳоеро чун Нодирпуру Симин, Сиёвуши Касроӣ , Ахавони Солис ва Фуруғи Фаррухзод мехонанд. Мухлисонро таҳқир кардан (ин назари шахсии ман аст, зеро матни харобу бевазну қофия ва бемаънию дағалро ба мухлисон пешкаш намудан, таҳқир аст!!!) кори ситорачаҳои камфурӯғу беҳунар ва танбали шоу-бизнеси тоҷик мебошад, аммо аз Фарзонаю Шабнам, ки яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ҳунар ба шумор мераванд, инро нигарон набудам. Ҳарчанд аксари форсизабонони бурунмарзӣ он қадар ба «ситораҳо»-и мо таваҷҷӯҳ надоранд, аммо ман аз яҳудиёне шарм медорам, ки дар рушду нумӯи ҳунари тоҷик хизматҳои шоиста кардаанд. Онҳо бо умед ба консерти ҳамватанони худ меоянду дар бораи ким-кадом «блутуз»-и ҳуй суруд шунида, харобу масхара шудани забони тоҷикиро дида, чӣ мегуфта бошанд?
Бигазум лабота ба дандон,
Бизанум бӯсара ба чандон,
Ман аз он лабонаки хандон,
Ту биёй пешам, пешам, пешам…
Эй бисорӣ, гунаҳгорӣ,
Чӣ асроре, дар дил дорӣ?
Эй бро- бро, ба паси хона,
Эй бро-бро, пеши Фарзона,
Паси дарвозат, ки нишастам,
Дар талаби дидани ту ҳастам,
Қулфи дари хоната шикастам,
Даракут ҳуяй, ҳуяй, ҳуяй…
Телефон мунтазири зангат,
Ташнаи ҳарфои қашангат,
Бифирист, акси дили тангат,
Блутуз ҳуяй, ҳуяй, ҳуяй… Лабонак ва бисорӣ барин вожаҳо умуман дар луғати забони тоҷикӣ вуҷуд надоранд, Фарзона-хонум! Аммо блутуз ( шакли дурусташ блайтоз) номи як сохтори телефони ҳамроҳ аст, ки агар он фаъол бошад, аксу суруду дигар маводро ҳар нафар метавонад ба шумо фиристад. Блутуз ҳуяй-ҳуяй-ҳуяй- гуфтани Фарзонаро фаҳмидам, аммо бовар кунед, онро бо оҳанги қабеҳ кор фармудани наврасакон ғашамро меорад. Боре ҳамсояамон писараки шашсолаашро ҷанг мекард, чун аз ӯ сабаби сарзанишашро пурсидам, бо ғазаб ҷавоб дод, ки ин аҳмақ тарафи духтараки ҳамсоя гуфтааст, ки дар блутузи ҳуйи очат…. Ростӣ, аввал нафаҳмидам, вале модари хашмгирифта суруди Фарзонаро ёдовар шуда, ҳақорати «эҷод» намудаи писарашро ба он марбут донист. Акнун тасаввур кунед, ки кӯдаки шашсола аз ин суруд чӣ маънӣ бардоштааст? Фарзона мефаҳмида бошад, ки суруди бемаънию берабт ва хароб хондани ҳунарманд новобаста аз мавқеи доштааш дар олами шоу-бизнес хиёнат аст ба забони миллаташ?! Ин аз бесаводӣ, бемаърифатӣ ва бефарҳангии хонандааш хабар медиҳад. Боз ҳангоми хондани суруд ва нолишҳои ҷонхароши ҳофизаҳо, як овози хунук «опа,крамерская театра» гуфта, онро бемаънитар мегардонад. Баъд аз чандин бор такрор ба такрор шунидани ин суруди комилан бемаънию хароб аз дилам гузарондам, ки агар дар нашрияе озмуни «Суруди бемаънитарини сол»-ро эълон медоштанд, Фарзона соҳиби шоҳҷоиза мегашт.
Шабнаму Фарзона аввалин қадамҳои худро ба саҳна аз сурудҳои халқии тоҷикӣ гузоштанд ва хеле хуб мешуд, агар ба он бармегаштанд. Бигузор Фарзона аз модараш ибрат гирад, тасаввур мекунам, ки суруди «Сари роҳи калон мондам гиристам»-и хонум Сурайё, агар аз забони Фарзона садо медод… Чаро духтарони ин ахтари ҳунар, ки аз мактаби ҳунарии устоде чун Одинаи Ҳошим гузаштааст, сабку услуби аҷдодии худро аз ёд бурда, ба ким кадом ғарбие беҳунарона тақлид мекунанд? Онҳо бояд шогирдони мактаби эҷодии модари ҳунарманди хеш бошанд. Чуноне, ки аз сурудаҳои Раҳматулло Ҳошимов мо ширинии лаҳни падари бузургашро мечашему аз замзамаҳои Ҷовидон Нозимов Зафар Нозими ширинсадо меҳмони хонаи дили мо мегардад, бояд сурудҳои Фарзонаю Шабнам бӯйи накҳати эҷоди Сурайё дошта бошанд. Ту чӣ мегӯйӣ хонандаи азиз?
Ҳилолаи Баҳриддин
Категория: Культура | Просмотров: 1356 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 4.5/2 |
Всего комментариев: 2
2 Кулобибачча  
0
Падари чунин муаллифи макола 100 бор лаьнат! Шабнаму Фарзона дар сахнаи эстрада набошанд, бо ин Гуляву Чуляхо, Маликахои Маликовмонанд ва Маликовхои Маликамонанд, каксе суруду мусики гуш намекунад! Ахсан ба Фарзонаву Шабнам!

1 Kulobibacha  
0
Э эээ иё палидихои миллати баномуси точиканд...е не ба номус мешиданд и 2 бадбахта ким кай даф мекадан


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024