Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
10:53
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Октябрь » 19 » БЕМОРИҲОИ МАҲРАМОНА
БЕМОРИҲОИ МАҲРАМОНА
00:26
Дар дасти мо як қатор суолҳои хонандагон дар мавзўи бемориҳои ҷинсӣ ҷамъ шудаанд. Бинобар мафкураи хоси шарқиёнаи мо ва шарм аз ин мавзўъ бисёр аз ҳамватанони мо, ки ба ин қабил бемориҳо гирифтор мешаванд, аз муроҷиат ба духтур ибо мекунанд. Хусусан, ин ба занҳое дахл дорад, ки беморӣ ба онҳо аз шавҳаронашон сироят менамояд. Ва бояд қайд кард, ки баъди ҷоннокшавии муҳоҷирати корӣ ба Русия шумори ин навъ ҳодисаҳо афзудааст. Дар иртибот ба ин дар навбати аввал таъкид кардан лозим аст: агар аз беморӣ гумонбар шуда бошед, дарҳол ба мутахассисон муроҷиат намоед. Сирояти ҷинсиро дар марҳилаҳои аввал табобат кардан хеле осонтар аст, аммо агар касалӣ кўҳна, яъне хроникӣ шавад, метавонад оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад. Ва дар хотир доред: усули беҳтарини пешгирии бемориҳои маҳрамона вафодории ҳамсарон аст.
Инак, ин суолҳо ва ҷавобҳои мутахассисонро пешкаши шумо мегардонем.

Суол: Оё рост аст, ки рифола (презерватив) аз тамоми намудҳои бемориҳои ҷинсии сироятӣ ҳимоя мекунад?
Ҷавоб: Рифола сад фоиз ҳимояро аз инфексияҳои ҷинсӣ кафолат намедиҳад. Аммо он эҳтимоли сироятро аз 65 то 99% кам карда метавонад. Барои муҳофизати бештар аз рифолаҳое истифода намудан тавсия мегардад, ки бо антисептики навъи ноноксинол-9 коркард шуда бошанд. Рифола шуморо, барои мисол, аз хоришак ва ҳам сифилис ҳимоя карда наметавонад, агар захмҳои он дар узвҳои ҷинсӣ нею дар атрофашон ва ҷойҳои дигари бадан ҷойгир бошанд.

Суол: Донистан мехоҳам, ки оё илоҷи баъди алоқаи ҷинсӣ худро аз бемории гонорея эмин намудан вуҷуд дорад?
Ҷавоб: Аввалан, кўшиш кунед, ки ба алоқаҳои ҷинсии тасодуфӣ роҳ надиҳед. Вале агар ҳодиса аллакай рўй дода бошаду хоҳед, ки аз гонорея худро муҳофизат намоед, баъди алоқаи ҷинсӣ пешоб карда, узвҳои таносулро дар оби ширгарм бо собун шўед. Дар хотир доред, ки ин чора на аз ҳамаи инфексияҳо муҳофизат намекунад.

Суол: Баъди алоқаи ҷинсӣ бо зани шубҳанок аз узви ҷинсиам рим баромад. Умуман, нишонаҳои гонорея мушоҳида шуданд. Чанд сол пеш ба ин беморӣ дучор гардида, онро бо трихопол ва сипролет табобат карда будам. Лекин акнун ин воситаҳо ба ман қариб тамоман фоида наоварданд. Чӣ кор кунам?
Ҷавоб: Ёдовар мешавем: ба худтабобаткунӣ машғул шудан ҳангоми бемориҳои сироятии ҷинсӣ хавфнок аст! Ҳатман ба мутахассис муроҷиат кунед. Ба шумо табобатро бо доруҳои нави замонавӣ таъин менамоянд. Доруҳое, ки шумо номбар кардед, кайҳо таъсири худро ба гонококҳо аз даст додаанд ва ба шакли хроникӣ гирифтани беморӣ мусоидат менамоянд.

Суол: Аз узви ҷинсиам дар ҳолати сахтиаш каме моеи беранг мебарояд, вале дар ҳолати оромӣ ягон чиз дида намешавад. Ғайри занам бо касе алоқа надоштам. Ин чӣ метавонад бошад? Ба табиб муроҷиат кардани ман шарт аст?
Ҷавоб: Шарт нест. Дар ҳолати сахтии узв аз ғадуди простата моеи беранг ҷудо шуда берун мебарояд, ки ин ҳодисаи муқаррарӣ асту нишонаи ягон беморӣ нест.

Суол: Як хешамон аз Россия гашта омада, якчанд рўз дар хонаамон монд. Дертар мо фаҳмидем, ки вай бемории сифилис доштааст. Чӣ чора бинем, ки аз сирояти ин мараз худро ҳифз кунем? Охир мо дар хона кўдаки майда дорем. Ё он ғайри алоқаи ҷинсӣ бо роҳҳои дигар ба кас намегузарад?
Ҷавоб: Эҳтимоли сироят дар ин ҳолат хеле хурд аст. Сироятёбӣ метавонад, масалан, дар сурате рух диҳад, ки бо бемор рўи як рўкаш (простин) хоб рафтаед ё дарҳол баъди ў аз пиёлааш об нўшидаед. Лекин эҳтимоли ин ҳам кам аст. Барои дилпурӣ метавонед ба дармонгоҳи махсус рафта, барои таҳлил хун ё пешоб супоред.

Суол: Оё метавонад сифилис дар рони пой пайдо шавад? "Не" бошад, гуфта наметавонед, ки ин чӣ гуна беморӣ аст?
Ҷавоб: Сифилис дар ҳар ҷое пайдо шуда метавонад, ки он ба ангезандаи ин беморӣ - трепонемаи беранг расиш доштааст. Ҳатто ҳодисае маълум аст, ки марди шастсола "аспакбозӣ" карда, фоҳишаро ба пушташ шинонду дар натиҷаи ин яраҳои сифилис дар тахтапушти ў пайдо шуданд.

Савол: Баъди алоқа бо шавҳарам, ки аз Россия гашта омад, дар атрофи узви ҷинсӣ ярачаҳо пайдо шуданд. Ин нишонаи чӣ гуна беморӣ аст?
Ҷавоб: Ин метавонад аломати герпес, папиллома, хоришак ё бемории дигар бошад. Зудтар ба мутахассис муроҷиат кунед, то ки сари вақт пеши роҳи беморӣ гирифта шавад. Ҳатман шавҳаратон ҳам бояд табобат гирад.

Категория: Общество | Просмотров: 1428 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 3.5/2 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024