Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
03:41
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Октябрь » 23 » Баробарҳуқуқии зан ва мард аз дидгоҳи ислом
Баробарҳуқуқии зан ва мард аз дидгоҳи ислом
18:42
Бархе ба ин назаранд, ки то зуҳури ислом занон дар ҷомеа аз ҳуқуқҳои баробар бо мардон бархурдор набуданд ва муддаиён ин андешаи худро бар он нисбат медоданд, ки гӯё маҳз бо сабаби гунаҳкории зан Худованд Одамиро аз ҷаннат рондааст. Ҳамин ақидаи ботилро ба инобат гирифта, қисме аз ақвоми ҷомеаи онвақта нисбати зан муносибати беэҳтиромона зоҳир мекарданд. Гарчанде имрӯзҳо дар ҷомеа таъминкунандаи баробарҳуқуқии зану мард «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», ки 52-сол инҷониб амал мекунад, эътироф карда шуда, байни мардум шӯҳрат дошта бошад ҳам, ислом ҳамчун дини мукаммал бо далелҳои возеҳ баробарҳуқуқии зану мардро 15-аср қабл аз ин эълон дошта буд.
Воқеъан, ислом зуҳуроте буд, ки баъд аз эҳёи хеш таҳаввулоте дар замони ҷоҳилия ворид сохт.
Чуноне, ки анъана аст «Чизе, ки нав аст, дар ҷомеа мушкил аст» дуруст аст, зеро ҳар чизе дар ҷомеа пайдо мешавад, наметавонад урфу одати мардумро шикаста, ҷои онро гирад, чунки барои ин ҷонбозиҳо лозим аст ва дигараш дарки натиҷаи мусбии он аз ҷониби худи аъзоёни ҷомеа вобаста аст. Ислом низ баъд аз зуҳури хеш наметавонист татбиқи пурраи аҳкоми худро дар ҷомеа таъмин кунад. Ин дин ягона падидаи бузурги ҷамъиятие ба шумор мерафт, ки хусусияти мутобиқшавиро доро буда, амалишавии меъёрҳояшро пайдарҳам ба роҳ мемонд.
Дини ислом нахустин дине буд, ки бо ҳуҷҷати расмӣ, яъне Қуръони хеш ҳуқуқи занро дар баробари ҳуқуқи мард баланд бардошта, муносибатҳои ҷамъиятиро дар мувофиқа бо одатҳои он танзим мекард. Далели возеҳи ин гуфтаҳо ояте аз сураи «Нисо» аст, ки бо муроҷиати зерин шурӯъ мешавад:
«Эй мардумон! Битарсед аз Худои хеш, ки шуморо аз як ҷон офарид ва аз он ҷуфт (зан)-и онро офарид ва аз он занон ва мардони зиёдро паҳн намуд.(4;1)
Аз мафҳуми ин ояти карима бармеояд, ки ҳуқуқи ҳам зан ва ҳам мард баробар буда, ҳардуи онҳо инсони баробарҳуқуқанд ва мард дар ин хусус ҳеҷ бартарие нисбат ба зан надорад.
Нақши ҳадисҳои расули Акрам низ дар ин бобат назаррас аст. Чунончи: «Занон баробар бо мардонанд» гуфта буд Пайғамбар ба ривояти Тирмизӣ.
Баъд аз он ки ислом баробарҳуқуқиро тараҳҳум кард, баробарҳуқуқиро перомуни ба даст овардани сифатҳои нек ва барои хулқи некашон гирифтани подоши некро эълон дошт:
«Ба дурустӣ, Худованд барои мусулмонзанон ва мусулмонмардон, имондорзанону имондормардон, ростмардон ва ростзанон, зани сабркунанда ва марди сабркунанда, зани осуда ва марди осуда, рӯзадорзан ва рӯзадормард, зани сирнигоҳдоранда ва марди сирнигоҳдоранда, зани доим зикркунанда ва марди доим зикркунанда раҳмат ва мукофоти зиёдро омода сохтааст»(33:35)
Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки агар ислом мақсади эътирофи баробарии зан ва мардро намедошт, он гоҳ дар ҳар як радифи номи мард номи занро ёдовар намешуд.
Дар сураи «Оли Имрон» бошад, гуфта мешавад:
«Ва ҷавоб дод худояшон бар онҳо, ман рафтори ягон фаъолияти шуморо нобуд намекунам. Шумо ҳама як ҳастед».
Ислом на танҳо оиди имондориву қурбонӣ ва ибодат, балки дар бобати хирад низ ба ҳардуи ҷинс якхел муқаррарот паҳн мекунад: «Талаб кардани илм барои ҳар як зани мусулмон ва барои ҳар як марди мусулмон фарз аст»-мегӯяд пайғамбар.
Баробарӣ дар ба даст овардани боигарӣ ва моликият низ байни онҳо дар ислом нигоҳ дошта мешавад: «Аз ончи аз падару модар ва хешовандон боқӣ мондааст, мардонро насибест ва аз ончи аз падару модар ва хешовандон боқӣ мондааст, занонро низ насибест» (4:32).
Дар яке аз ҳадисҳои Расули Акрам омадааст: «Ҳангоми тақсими тӯҳфаҳо баробариро байни фарзандонатон риоя кунед, агар ман инро таъкид карданӣ мешудам, ҳатман бартариро ба зан медодам»
Хулоса, баробарии зан ва мард дар ислом саропо ҳам дар сураҳои қуръонӣ ва ҳам дар аҳодиси набавӣ қайд карда мешавад, танҳо ҳар як фарди солимро зарур аст, ки донад, дарк кунад ва тарзи дурусти татбиқи онро риоя намояд.
Боймуҳаммад Боев, донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ
Категория: Общество | Просмотров: 2336 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024