Понедельник-Душанбе
29.04.2024
22:46
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Июль » 31 » Баҳси обанбори "Фарҳод" ба таъхир гузошта шуд
Баҳси обанбори "Фарҳод" ба таъхир гузошта шуд
22:13
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълом кард, ки баҳси Ӯзбакистону Тоҷикистон дар мавриди обанбори "Фарҳод", воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, муваққатан аз рӯзномаи масъалаҳои миёни ду кишвар бардошта шудааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, бо ҳамтои ӯзбакаш дар нишасти раисони Шӯрои вазирон Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба тавофуқ расидаанд, ки муваққатан аз рӯзномаи гуфтушунидҳои ду ҷониб ҳазф шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, баҳси обанбори "Фарҳод" ба ҷараёни тақсиму аломатгузории марзи муштараки Ӯзбакистону Тоҷикистон рабт мегирад, ки дар ҳоли ҳозир рӯйи 140 километри марзи баҳснок тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, баҳси обанбори "Фарҳод" аз умдатарин баҳсҳои миёни ду ҳамсоякишвар аст. Тошканд мехоҳад, ки ин обанбор ҳам моликияти он Узбакистон бошад. Нерӯгоҳи "Фарҳод" шаҳри Тошканд ва навоҳи атрофи онро бо барқ таъмин мекунад.

Ба қавли коршиносон, Тошканд ҳатто розӣ аст, ки бар ивази ин обанбор ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун мухолифат накунад.

Обанбори Фарҳод дар ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст ва обёрии дашти Дилварзин ва низ вилояти Тошканд аз ин обанбор аст.
Дар посух Ном: Хуршед
29.07.2010 15:19 Посух Гапи бародар Ахтам рост, амина дакиктар менавиштед хубтар мешуд.......Ба фикрам ки хамин обанбор дар минтакаи Нови вилояти Сугд хасту лекин дар ихтиери узбакхо, хамун солхои шурави Узбакистон заминои гирду атрофи обанбору худи обанборро ичора гирифтаги буд, агар хато накунам соли 2012 шартонама тамом мешаваду замин боз ба ихтиёри Точикистон медарояд.......Узбако кушиш мекунан ки замина аз худ кунанд, чунки дар ун ча такрибан 10 000 сокинонашон зиндагиву кору фаъолият мекунан, бо дар хамон минтака заводи цементбарори хам хасту ГЭС-и калон киТошканда бо барк таъмин мекунд........хичи гап не Худо хоста бошад камтари дигар токат мекунему замину ГЭС-у завода мегирем, ба шарте ки мансабдорони мо СУСТИ накунанд......хар як бахсе ки миёни ин ду кишвар мешавад, бой метием..... намедонам ки аз чи сабаб бошад ки мо Точикон метарсем ё ки чи чизе дигара фикр мекунем.....агар хаминаша аз дастмон гиранд ба фикри ма ки на Рогуна мемонан соз кунему на вагономона сар метиян.....дигар аз узбак "зависимый" мешам........

Категория: Политика | Просмотров: 1011 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Июль 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024