Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
10:50
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Июнь » 5 » БА ОШИ ТАЙЁР БАКАВУЛӢ БАС!!!
БА ОШИ ТАЙЁР БАКАВУЛӢ БАС!!!
14:44
Дар кишвари сероб ва офтобии мо, ки дар як сол аз замин ду, ҳатто се бор ҳосил мегиранд, рӯз аз рӯз боло рафтани нархи маҳсулот боиси нигаронист.
Бозоршинон ҷаҳиши нархро ба қимат шудани нархи сӯзишворӣ, болоравии қурби доллар, хушксолӣ, беинсофии деҳқон ва боз чизҳои дигар вобаста карданӣ мешаванд, аммо вохӯрии Президенти кишвар бо кишоварзону кормандони хоҷагии ҷумҳурӣ, ки 23-24 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баргузор гашт, ҳама баҳонаҳои дурӯғини ҳаннотонро ботил сохт.
Чуноне ки аз рафти сӯҳбат маълум гашт, савдогарон ҳар як килои маҳсулоти полезиро бо нархи ночиз харида, дар бозорҳои пойтахт бо нархи гарон мефурӯшанд.
Дар сӯҳбати ошкоро бо Президент як раиси хоҷагии деҳқонӣ бо таассуф қайд намуд, ки соли гузашта 3,5 тонна пиёзро ба бозор бароварда натавонистем. Ба сад дар сар задам, аммо мушкилотам иҷро нашуд.
Сокинони пойтахт шоҳиди ҳоланд, ки зимистону баҳори имсола нархи пиёз ба 3- 4 сомонӣ баромад, аммо 60 километр дуртар аз пойтахт, дар ноҳияи Данғара деҳқон наметавонад маҳсулоти бо арақи ҷабин парвардаашро ба истеъмолкунанда пешниҳод кунад.
Сабзавотфурӯшон аз як гиребон сар бароварда, нархи ба таври сунъӣ баланд намудаашонро як дирам кам намекунанд. Гуфтам «Мизоҷ ҳамеша ҳақ аст» ба савдогарону навтоҷирони тоҷик гӯё дахл надорад. Барои як эроди оддӣ бо харидор ҷангу ҷанҷол бардошта, беадабию дағалӣ мекунанд.
Сарвари давлат ҳангоми сӯҳбат бо деҳқонон иброз дошт, ки агар нархро раисони бозорҳо ва шаҳрдорон танзим накунанд, қонуне омода месозем, ки мувофиқи он дар бозор танҳо истеҳсолкунанда ҳуқуқи нишаста савдо карданро дошта бошад. Гумон мекунам, ин суханон аз таҳти дили он нафароне буданд, ки аз маош то маош бори зиндагиашонро ба зӯр мекашанд.
Банда низ дар қатори эшонам, ки маҳсулоти ниёзи аввал, мева ва сабзавотро аз бозори «Сафариён»-и пойтахт харидорӣ мекунам. Солҳои пеш мардум аз гӯшаю канори пойтахт ба ин бозор меомаданд, зеро нарх арзон буд, аммо баъди баста шудани бозори «Роҳи абрешим» нархи ҳама намуди маҳсулот дар ин бозор қиммат шудан гирифт.
Риққатовараш он аст, ки деҳқонони аз навоҳии гирду атрофи пойтахт омада ба бозор роҳ намеёбанд. Борҳо шоҳиди он шудам, он бонувонеро, ки дар роҳраву назди дарвозаи бозор бо нархи арзон маҳсулоти полезӣ мефурӯшанд, масъулин меронанд.
Гулҷаҳон ном бону, ки сатили гелосаш дар даст аз ин тараф ба он тараф давида, харидор меҷуст, ба бозор роҳ наёфтани худро чунин шарҳ дод:
- Дар ноҳияи Ҳисор зиндагӣ мекунам ва ҳамроҳи чанд нафар ҳамсояҳо маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили сабзавот, мева, шир, тухм, ҷурғот ва ғайраро, ки аз хӯроквории аҳли байт зиёдӣ мекунад, ба бозор мебарорем. Нархи маҳсулоти мо аз бозор арзонтар аст, аз ин рӯ, савдогарон, «Шумо нархро паст мекунед, - гуфта бо мо ҷанҷол мебардоранд. Масъулини бозор бошад, чеку патенту ҳуҷҷату боз ким - чиҳои дигар талаб мекунанд...
Суханони Гулҷаҳон ҳақиқатанд, ҳамон гелосе, ки ӯ бо нархи 6-7 сомонӣ мефурӯхт, дар дохили бозор 10-15 сомонӣ арзиш дошт. Мисли ӯ даҳҳо нафар аз навоҳии атрофи пойтахт ба бозорҳои шаҳр маҳсулоти тару тоза ворид сохта, ба ғазаби ҳаннотон ва расмиятчигии масъулини бозорҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Агар шумо боре аз растаи мевафурӯшони бозори «Сафариён» гузашта бошед, ба нигоҳи пурғуруру нописандонаи занони оростаи тиллопече вомехӯред, ки ҳатто намедонанд, себу гелоси ба савдо мондаашон аз куҷо омадааст. Чунин ҳолат танҳо хоси «Сафариён» нест. Тамоми бозорҳои пойтахт ва ҷумҳуриро ҳаннотон печонида гирифтаанд. Шояд баъди ба бозор роҳ ёфтани деҳқонон, ба оши тайёр баковулӣ аз байн рафта, нархҳо ҳам арзон шаванд?
Лолаи Саидакбар
Категория: Общество | Просмотров: 779 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Июнь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024