Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
13:55
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2012 » Декабрь » 29 » Аз Соли Мор чиро шавем интизор?
Аз Соли Мор чиро шавем интизор?
17:43


Мор рамзи саломатист
Ҳокими соли навин Мор аст, ки онро чун рамзи саломатӣ ҳам қабул кардаанд. Мори дар ҷом печидаро, ки рамзи илми тиб аст, аксарият чунин арзёбӣ мекунад. Табиатшиносон, онҳое, ки бо мавҷудоти зинда сару кор доранд, морро як хазандаи маккор ва афсунгар медонанд. Агар ба ӯ кордор нашавӣ, аз паҳлӯят чунон гузашта меравад, ки ҳатто хабар намеёбӣ, аммо зӯрӣ ба мор намефорад ва бисёр вақт аз неши заҳрогинаш инсонҳо ҷон ба ҷонофарин месупоранд. Аммо дар тиб заҳри мор беҳтарин ва қимматтарин дору ба ҳисоб меравад, ки ҷони садҳо нафар маризонро аз чанги аҷал мераҳонад. Ҳамаи ҳамин хусусиятҳо дар Соли Мор инъикос ёфтаанд ва дар ин сол эҳтиёткор бояд буд. Аз ин сол чиро интизор бояд шуд?
Тандурустӣ
Саломатӣ гавҳари ноёб ва болотар аз ҳама неъматҳои олам аст ва мехоҳед донед, ки дар ин сол аз чӣ гуна бемориҳо эҳтиёт бояд шуд? Мори обӣ бештар ба бемориҳои вирусӣ ва узвҳои дарунӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми истеъмоли хӯрок дар тарабхонаю қавҳахонаҳо эҳтиёт бошед. Азбаски Мор хазандаи серҳаракат аст, ин нерӯ дар Соли Мори сиёҳи обӣ ба одамон низ мегузарад. Аз ҳад зиёд бетанаффус кор кардан ба дил зарари зиёд дораду шумо бештар ба тарзи ҳаёти солим майл кунед. Нӯшидан, сигоркашӣ ва корҳои берун аз ахлоқро тарк кунед. Агар гурда, ҷигар ё меъдаатон нуқси аз назари худатон на он қадар ҷиддӣ ҳам дорад, аз пайи табобат шавед. Касоне, ки аз бефарзандӣ азият мекашанд, имсол метавонанд ҷиддӣ бо дарди худ муносибат намуда, соҳиби фарзанд гарданд. Барои онҳое, ки аз дарди миёну пой ва тарбод шикоят мекунанд, ин сол беҳтарин вақти давобахшӣ аст. Аз касе пӯшида нест, ки заҳри мор давои бемисли ин гуна маризиҳост.
Вазъи молиявӣ
Аз рӯи пешгӯии ситорашиносон дар ин сол бӯҳрони молиявие, ки соли 2008 (соли муш) оғоз ёфта буду сайёраро ба таҳлука афканда буд, ба охир мерасаду айёми мустаҳкамшавии иқтисодиёт дар ҷаҳон оғоз меёбад. Касоне, ки имсол шартномаҳои тиҷоратӣ бастаниянд, метавонанд бе ягон шаку шубҳа аз паси кори худ гарданд, зеро корашон бобарор хоҳад шуд. Аксарияти онҳое, ки аз бонкҳо қарз гирифта, тиҷораташонро оғоз кардаанд, агар каме кӯшиш ба харҷ диҳанд, метавонанд аз қарз ба тамом халос шаванд. Ситорашиносон хуб шудани вазъи молиявиро ба он вобаста медонанд, ки мор хазандаест, ки боигариро дӯст медорад.
Зиндагии хонаводагӣ
Мор оромиро дӯст медорад ва дар нимаи аввали сол ба таъмиру азнавсозии хона ё ҳавлиятон камар набандед. Агар таъмир зарур бошад, метавонед, онро аз моҳи июн сар кунед, зеро тарақо-туруқи зиёдатӣ ба «гӯши мор» намефорад. Барои ба хонаи нав кӯчидан низ саросема нашавед, метавонед бо фарорасии гармиҳо ба макони нав кӯчед. Аммо тоза кардани хонаю ҳавлӣ ва ҳотаю гирду атрофи хона мумкин аст, метавонед мебелҳоро аз ҷояшон ба ҷойи дигар гузаронед. Парвариши гулҳои хонагӣ ва кабудизоркунии гирду атроф низ хуб аст. Боз мор хазандаи дароз ва дар ҳаракат аст, ситорашиносон инро рамзи сафар медонанд. Яъне дар соли мор сафар бобарор анҷом меёбад, шумо метавонед, ки тариқи қатора ва ҳавопаймо ба сафар бароед, зеро онҳо ба мор шабоҳат доранд.
Ишқу муҳаббат
Мор дар муҳаббат махлуқи бисёр ҳам бовафост, табиатшиносон мегӯянд, ки агар ҷуфти морро касе барқасд кушад, ошиқ-мор албатта ӯро ёфта заҳр мезанад. Яъне ба ҷойи хун, хун мегиранд, аз ин рӯ, дар ишқу муҳаббат бовафо бошед, кӯшиши фанду фиреб намудани касеро, ҳатто ба гӯшаи хотир наоред, ки аҳволатон бад хоҳад шуд. Бо дӯстдоратон аз таҳти дил, аз рӯйи меҳру вафо муносибат намоед, ба ҳамдигар суханҳои пурмеҳр гӯеду ҳаргиз азизи дилатонро озор надиҳед. Ишқро аз шаҳват фарқ кунеду ҳеҷ гоҳ хораш насозед, зеро ин мӯъҷизаи илоҳӣ насиби ҳар кас нахоҳад шуд.
Издивоҷ
Чуноне ки дар боло гуфтем, мор рамзи покию муҳаббати беҳудуд аст ва барои онҳое, ки мақсади издивоҷ доранд, ин сол беҳтарин сол барои расидан ба орзуяшон мебошад. Мор хазандаи хеле зираку доност, ҳатто пай мебарад, ки ҳайвон ё инсони ба сӯйи ӯ омадаистода дар дилаш чӣ мақсад дорад. Шумо низ пеш аз он, ки ба шоҳроҳи ҳаёти мустақил қадам мениҳед ҳамин зиракии моронаро ба худатон шиор кунед. Ба чашмони шахсе, ки толиби шумост, назар андӯхта, рози ниҳонашро пай баред. Беҳуда чашмонро оинаи дил нагуфтаанд, гумони ғолиб он аст, ки дар чашмони ӯ ояндаи худро равшан хоҳед дид. Ситорашиносон мегӯянд, он издивоҷе, ки дар соли Мор баргузор мегардад, ҳамаҷиҳата мустаҳкаму хушбахтона хоҳад буд. Дар ин оила фарзандони оқилу доно ва солеҳ ба дунё меоянд.
Аз «Зан ва мард»: Кош хурсандиву хушбахтиву оилаи тинҷу осуда ҳамаи шумо, азизонро насиб бошад.
Омодасоз Маҳваши Баҳодур
Категория: Общество | Просмотров: 1174 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Декабрь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024