Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
14:03
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Октябрь » 1 » Аз Мирзохучаву Аловиддин хазар мекунам
Аз Мирзохучаву Аловиддин хазар мекунам
11:49
Вакти тамошои оинаи нилгунро надорам, лекин хар руз хатман аз навигарихои дохиливу хоричии кишвар бохабар мешавам. Дируз низ, мисли одат ахбори чамъбастии Шабакаи аввалро дида, баъди иттилооти дафтари матбуоти макомоти амният сахт озурда шудам, то сахар хобам набурд. Наход хануз хам котилони бародаркуш аз хунрези хаста нашуда бошанд?

Ба чои обод кардани кишвар, ба чои таракки додану пеш бурдани истехсолоти ватани, чи пешаеро интихоб кардаанд, ин бесаводони хонабардуш. Чи дарсе аз кишвархои хамсоя гирифтаанд? Ин вахшисуратон бо кухгардию нашъаманди ва мехнатгурезии хеш, кашфиёти Дарвинро оид ба “аз маймун пайдо шудани одам”- ба акиб гардонидаанд, яъне аз мехнат дур шуда, боз ба маймун мубаддал гаштаанд.

Таъсиси мактабхои террористи? Бар зидди хамватанону бародарони хеш? Ин бадкорон бо кадом максад ба ин кор даст задаанд? Магар маколи халкии “Морбоз аз неши мор чон медихад”-ро фаромуш кардаанд? Ба террористони оянда имруз ин бадтинатон сабаки марг меомузанд ва фардо аз дасти худи онхо кушта хоханд шуд.

То ба кай ба дини мубини ислом иснод меоранд? Барои манфиатхову гаразхои шахсии худ шуда, ба номи “Каломи бадеъ” савганд мехуранд, пас чунин инсонхо кодиранд, хатто ба зану фарзанди хеш касам ёд карда, аз аъмоли нопоки худ даст накашанд.

Мирзохучаи маккор: “Ярокро ба хукумат супорида, ба корхои дехкони машгулам” – гуфта, дар таххонахо яроку аслиха чамъ мекардааст, то боз инсонхои бегунохи дигарро хадафи тир карор дихад.

Пешаи ман сохаи кишоварзист. Худам зодаи нохияи Гарм мебошам, вале аз чунин “хамшахрихо” ба мисли Мирзохучаву Аловиддин хазар мекунам. Онхо номи Гармро шарманда карданд. Рости аз сиёсат каме дур хастам, аммо аз як чиз хайронам. Хукуматдорон чиро интизоранд? Сабр мекунанд, то Мирзохучаву Мулло Абдуллову дигар муллотарошхо якумин шуда, ба мо хамла оранд? Сарбозони чавонро аз байн бурданд, магар ин кам аст? Пас, вакти он расидааст, ки ин чиноятпешагонро несту нобуд созанд, то онхо хуни садхо хамватанонамонро бо дасти мучохидхои зархаридашон нарезанд. Ниходи онхо аллакай бо хун омехта гашта, харгиз аз рохашон намегарданд. Илочи онхо танхо нобудист. Бигузор чахон аз чунин ашголхо пок шавад!

Камариддин Тошев, кишоварз-сохибкор аз нохияи Рудаки 27.09.10с.

Категория: Общество | Просмотров: 1254 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024