Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
12:52
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Сентябрь » 24 » Аз гадо дуо маталбед!
Аз гадо дуо маталбед!
19:53
Ҳангоми гузар дар кӯчаи Чапаев, дар рӯ ба рӯи бинои Кумитаи гумрук шиносам лӯлимарди 55-60 солаи қавипайкар ва ришу мӯйлабаш ба тартиб овардаро дида таваққуф кард ва як миқдор тангаҳоро бароварда ба дасти ӯ дод. Ҳарчанд ба кор шитоб доштам, ба хотири эҳтиром каме дуртар истода, омадани ӯро интизор шудам. Шояд тангаҳои ба кафи дасти гадо гузоштаи рафиқам илҳоми он мардро овард, ки дасти дуо бардошта, дуру дароз ба ҳафт пушти ӯ раҳмату мағфират фиристод. Ҳанӯз 20-25 метр нарафта, рафиқам занеро бо дӯ кӯдаки хурдсол дида, қарор кард. Киссаҳояшро кофта танга наёфт ва як сомониро бароварда, ба пеши лӯлизан гузошт.
-Дар ин рӯзи панҷшанбе, бегоҳи ҷумъа худованд…- гӯён лулизан дасти дуо бардошта ба қироат сар кард.
Бароям тааҷубовар буд, ки дар ин субҳи барвақт онҳо чӣ гуна аз макони зисташон ба ҷойи «амалиёт» - и худ расида, мардумро ҳангоми ба кор рафтан дарёб мекунанд. Шояд онҳо соддагию раҳмхӯрии мардуми маҳаллӣ ва пагоҳӣ бо нияти барори кор аз хона баромаданашонро хуб омӯхта, ин вақтро фурсати мувофиқ барои худ қарор додаанд.
Магар ҷоиз аст бо либосҳои ҷанда, рӯи замини ифлос, ки сагу гурбаҳои дайду гаштугузор намуда, он ҷойро макрӯҳ мекунанд, намоз гузошт ва сураҳои муборакро ба забон овард. Бачаҳои саропо дар чирку чарб ғӯтида, ки дар гирду атрофи модари худ пешоб намудаанд, бо дастони нопок он пулҳое, ки мо ба даст мегирем, бозӣ доронда, домони роҳгузаронро медоранд. Боре дар назди Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе шоҳиди чунин ҳолат шудам, ки ду нафар лӯлибачаи 5-6 сола, домони куртаи занеро дошта, пул талаб мекарданд. Он зани бечора бо мушкилӣ домонашро аз дастони ифлоси онҳо раҳо карда, ба ҳафт пушташон лаънат хонд.
Худи мо дар бисёр ҳолаҳо сабабгори афзудани теъдоди гадоҳо ва ҳар чӣ бештар ба ин амали номатлуб ҷалб кардани онҳо мешавем. Пули дар як рӯз ҷамъ мекардаи эшон аз музди кори баъзе кормандони давлатӣ якчанд маротиба зиёд аст. Агар дуои онҳо барои дигарон мустаҷоб мегардид, пеш аз ҳама худи онҳо бою бадавлат шуда, дастнигари дигарон намегардиданд.
Ҳарчанд дар 8-10 соли ахир кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирии фаъолияти онҳо дар пойтахт чораҳои зиёд меандешанд, вале кӯшиши онҳо он қадар натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Дар ин кор бояд шаҳрвандон дар ҳамдастӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ мусоидат кунанд. Имрӯз онҳо бо як бешармию беҳаёӣ дохили корхонаҳо, бахусус ошхонаву тарабхонаҳо гардида, бо беэътиною бепарвоӣ нисбат ба талабу муқобилияти пешхизматҳо ва масъулини он ошкоро аз одамон пул металабанд. Ҳузури бемавқеъ ва чунин муносибати бешармонаи онҳо дар бисёр ҳолатҳо боиси нороҳатии одамон ва мизоҷон гардида, табъашонро ноҷӯр месозад.
Дар асл имони мо қавӣ нест. Вақте ба дуои садақаталабон бесаводу бемаърифат, ки бо тӯтивор аз худ кардани он сари моро гаранг мекунад, бовар мекунем ва бо садақаи «содиқона»-и худ онҳоро аз гӯшаҳои дурдаст ба пойтахт кашида, ҳусни кӯчаву хиёбонро коста мегардонем, бо ин боварию имони хеш ва хизмати беминнатамон мо фарҳангу маданияти худро ба дигарон нишон доданӣ мешавем.
Ташвишовар аст, ки вақтҳои ахир одамони маъюбу маслуқро, ки дидани онҳо натанҳо барои кӯдакон, ҳатто калонсолон ваҳмангез аст, дар аробачаҳо бор карда, дар кӯчаҳои марказ гашту гузор мекунанд. Соҳибони онҳо танҳо дар андешаи манбаи даромад, фикр намекунанд, ки бо чунин нафарони маъюбу маслуқ симои мардуми кишварро, яъне носолимии тоҷиконро ба дигарон нишон доданӣ мешаванд.
Он лӯлиёне, рӯзгорашон аз дигарон борҳо хубтар аст ва гурӯҳ-гурӯҳ ба манзилҳои истиқоматӣ даромада, аз пораи нон рӯй мегардонанд ва тақозою талаби пул мекунанд, онҳо ба лутфу марҳамати мову шумо ниёз надоранд.
Имрӯз кор то ҷое расида, ки наврасону ҷавонони 10-12 сола, бо баҳонаи падару модар надоштан ва ё волидонашон ба мардикорӣ рафтан, сари дигаронро гаранг намуда, ба садақаталабӣ машғуланд. Аз наврасӣ бо роҳи муфт соҳиби пулу мол шудан, оқибат онҳоро ба роҳи хато ва даст задан ба ҷинояткорӣ мебарад.
Имрӯз агар пеши роҳи чунин кору рафтори номатлуб гирифта нашавад, фардо шумори онҳо зиёд гардида, ҳалли ин масъала душвор ва миқдори одамони танбалу мӯфтхӯр дар ҷамъият афзун мегардад.
Аз оне ки симои пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу хуррам, кӯчаҳо тозаву дилкаш мегардад, бояд сокинони он ва меҳмононаш низ бо ҳузури худ ҳам дар рафтору гуфтор, муносибату муошират ва пӯшиши либос зебо ва хушбин бошанд.
С. Ҷалолиддин
Категория: Общество | Просмотров: 820 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024