Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
08:07
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Сентябрь » 27 » Қатли як маҳбуси фирорӣ дар Файзобод
Қатли як маҳбуси фирорӣ дар Файзобод
11:20
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, зимни баргузории амалиёти боздошти маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Файзобод, Раҳмиддин Азизов, яке аз ин фирориёни кушта шудааст.

Дар иттилоъияи Кумитаи амнияти миллӣ, ки аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон нашр шуд, омадааст, Азизов Раҳмиддин, ки ба ҷиноятҳои сангине муттаҳам мешавад, ҳангоми амалиёти ҷустӯҷуӣ дар дараи Себзори ноҳияи Файзобод, тақрибан 70 километрии шаҳри Душанбе ба маъмурони амниятӣ муқовимат нишон дода ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ аз тири онҳо ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилоъи расмӣ, дар ҷойи ҳодиса як пулемёти Калашников ва пул пайдо кардаанд. Азизов Раҳмиддин ҳамроҳ бо 24 тан маҳбуси дигар рӯзи 23 август бо қатли панҷ посбони боздоштгоҳ фирор карданд.

Идомаи ҷустуҷӯи фирориёни дигар

Ҳамин тариқ аз 25 маҳбусе, ки рӯзи 23-юми август баъд аз куштори 5 нозир аз боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда буданд, 8 нафар аз онҳо дастгир шудаанд.

Амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти маҳбусони фирорӣ ҳамчунон идома дорад.

Як ҳафта пас аз фирор Раёсати умури ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон камбудиҳои ҷиддии вазъу шароит ва низоми мавҷуда дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллиро сабаби асосии фирори 25 зиндонӣ аз ин маҳбас унвон кард.

Намояндаи аршади раёсат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷраҳои боздоштгоҳи Кумитаи амният аз одитарин шароити амни нигаҳдошти мабҳусон маҳрум буда, чораҳои эҳтиётӣ риоят намешаванд.

Рӯзи 2-юми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба имзо расонд. Истеъфои Абдураҳимов 10 рӯз пас аз фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи кумитаи амният рӯзи 23-юми август ба вуқӯъ пайваст. Ба ҷои ӯ Саймумин Ятимов таъин шуд, ки то кунун муовини раиси ин кумита будааст.

Маҳбусони фирорӣ умдатан касоне буданд, ки барои даст доштан дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон аз сӯи Додгоҳи олӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд.

Категория: Новости дня | Просмотров: 1747 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024