Вторник-Сешанбе
19.03.2024
07:13
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2013 » Январь » 9 » ҚАСРҲОИ ОЛИВУ МАҒЗҲОИ ХОЛӢ
ҚАСРҲОИ ОЛИВУ МАҒЗҲОИ ХОЛӢ
18:09

Тоҷикони нав бо ҷаҳонбинии кӯҳна
Пас аз соҳибистиқлолият касб кардани Тоҷикистон дар кишвар вожаи тозаи «тоҷики нав» ба шеваи мардумӣ дохил гашт. Тоҷикони нав аз тоҷикони кӯҳна ё содатар карда гӯем, «кашталканда»- ҳо бо мошинҳои сиёҳшишаи хориҷӣ, хонаҳои баландошёна, тӯю сури шоҳона ва чор-панҷ занагияшон фарқ мекарданду мекунанд. Ёд дорам, боре тасодуфан ба хонаи як тоҷики нав меҳмон шудем, дар деворҳои хонааш сурати кабк (вай кабкбоз будааст), автомат, мошини «ҶИП» ва акси худаш кашида шуда буду дар ҷойи намоёне чанд занҷираи тиллои ғафс низ овезон буд. Хоҳари навтоҷик даҳон то баногӯш таърифи бародарашро мекард ва вазни ҳар як занҷираро ба мо гуфта медод. Пас аз тамошои ин «осорхона» аз дил гузаронида будам, ки чи гуна тоҷики нав будааст бо афкори асримиёнагӣ. Аз ин воқеа 10-12 сол сипарӣ гашт, аммо дар рафтору гуфтори навтоҷикони мо заррае тағйирот ворид нашудааст: онҳо бо ҳамон афкори асримиёнагии худ боқӣ мондаанд…
Шумораи камбизоатон коҳиш ёфтааст?
Сарвазири кишвар ҷаноби Оқилов зимни суханронияш дар форуми «Рушди Тоҷикистон», ки дар арафаи соли нави мелодӣ дар пойтахт баргузор гашт, иброз дошт: Соли 2012 сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 70% то 32% фисад коҳиш ёфтааст. Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ низ дар ин форум сухан намуда гуфт, ки дар солҳои 2010-2011 барои рушди Тоҷикистон ҳамагӣ 57% маблағҳои кӯмаки беруна истифода шудаанд ва он 540 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба гуфти ҷаноби Саидов, айни ҳол 57 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 1миллиарду 913миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Бовар намо хонандаи азиз, ман чун як шахси холиси аз фисаду миллиону милиард фарсахҳо дур (бояд бигӯям, ки масъалаҳои оддии риёзиро сарфаҳм намеравам) аз рӯйи мушоҳидаҳои рӯзмараи худ ба хулосае омадаам, ки сатҳи камбизоатӣ ягон зарра коҳиш наёфтааст! Масъулини гиромиқадр, оё айб нест, сияҳро сафед гуфтану ба чашми мардум хок пошидан? Барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва рушди кишвар шарт нест форум гузаронидану суханронӣ намудан. Илтимос, як бор аз осмонҳо ба замин фароеду ба зиндагии мардуми оддӣ назар кунед. Агар шумо зина ба зина баланд кардани маоши хизматчиёнро дар назар дошта бошед, баробари баромадани бӯйи баланд шудани маошу нафақа аз долонҳои ҳукумат дар бозорҳои кишвар маводи ниёзи аввал бамаротиб боло «меҷаҳад». Аз нигоҳи манн, дар мамлакате, ки истеҳсолот шах шудаасту фасод реша давондааст ва тоҷир мувофиқи хостааш ба маҳсулоти аз дигар кишварҳо ворид намудааш нархгузорӣ мекунад, сатҳи камбизоатӣ ҳеҷ гоҳ поин намефарояд.
Қасрҳои бошукӯҳи диёри камбағалон…
Мо тоҷикони кӯҳнаро фақат як фикр азоб медиҳад: чӣ хел аз ин маош то маоши дигар зиндагӣ намоем, пули барқу хона, партову об ва ғайраҳоро пардохт намуда, боз ба меҳмонӣ ва маъракаю тӯй равем, зеро ба ин гуна ҷойҳо бе дастовези муносиб рафтан айб аст. Ҳамсарам баъзан барои аз ташвишҳои рӯзгор даме ҳам бошад, раҳоӣ бахшидан, маро ба тарабхона даъват мекунад ва ман ба ҷойи хурсанд шудан ғамгин мешавам, зеро табиати сарфакоронаи занонаам намегузорад, то бетараф бимонам, ки ӯ як даста пулро бароварда, ба пешхизмати хиромон медиҳад. Дар дил шавҳарамро мазаммат низ мекунам, ки беҳуда пули якҳафтаина хӯроквории хонаро харҷ менамояд… Ин мисолро ман барои он овардаам, ки дар кишвари мо мисли ман шояд садҳо занон бошанд, ки шабу рӯз бе истироҳат заҳмат кашида, барои фароғати хеш як дирам ҳам сарф карда натавонанд. Аммо дар ҳар гӯшаю канори шаҳру навоҳии кишвар қасрҳои фалакхарош қомат меафрозанд ва аз дил мегузаронам, ки қасрнишинони тоҷик киҳо бошанд ва сарчашмаи даромади эшон аз куҷост?
Баъзе вақтҳо кунҷкобии касбиам боло мегираду аз мардум мепурсам ва дар ҷавоб мешунавам, ки хонаи зани дуюми фалон вазир, зани сеюми бисмадон депутат! Беҳуда дар мақоли муосире наомадааст, ки «Тоҷик пул ёбад, зан мегирад».
Дар мамлакати абарқудрате мисли Руссия соли гузашта мубориза бар зидди фасод хеле шадид ҷараён гирифт. Дар натиҷаи чунин муборизаҳо вазири дифои ин кишвар бо маъшуқаю миллионҳои дуздидааш ба даст афтод. Шояд Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Тоҷикистон низ дунболи моҳичаҳо нагашта, барои наҳангҳо тур партояд? Ба мардуми оддӣ кӣ бояд сарчашмаи даромади қасрнишинони тоҷикро гӯяд?
Бойҳои золими афсонаҳо?
Хайр, биёед пули дигаронро намешуморему ба дигар мавзӯъ мегузарем. Чуноне дар боло гуфтам, сарватмандони мо мисли бойҳои золими афсонаҳо, қаср месозанду зан мегиранд, писаронашон бо мошинҳои бадвоҳимаи сиёҳшиша дар кӯчаҳои пойтахт мегарданду кормандони БДА онҳоро ҳаргиз «намебинанд», аммо аз онҳо фоидае ба халқу миллат мерасида бошад? Сарватмандони мамолики дигар барои рушди санъату фарҳанг варзишу саноат ва дигар соҳаҳои ватанашон саҳми бориз доранд. Масалан, чанде пеш сарватманди ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов тамоми маводи хонаводагии оҳангсози машҳур Растраповичро, ки ҳамсараш дар Англия фурӯхта буд, бо маблағи зиёда аз 200 милион доллар харида, ба Русия ҳадя намуд. Аммо «Алишер»-ҳои тоҷик бисту як сол боз «мо аз насли сомонием», - гуфта аз дӯкончаи хурдакаи хӯрокворӣ сар карда, то бузургтарин ширкатҳошонро «Сомониён» номгузорӣ менамоянду ҳиммате надоранд, ки дар бораи таърихи Оли Сомон филме дар сатҳи «Рустам ва Суҳроб» наворбардорӣ намоянд, то ба ҷаҳониён ворисони сазовори Сомониён будани худро исбот кунанд.
Оғоз аз соли нав ширкати «Қатари Диёр» барои миллионерҳои тоҷик хона месозад, ки ҳар як хона аз 200 то 500 ҳазор доллар нарх дорад. Мувофиқи гуфтаи директори минтақавии «Қатари Диёр» Саад-ал-Отаибӣ, ин шаҳраки алоҳидае хоҳад буд дар ҳафт гектар замин. Шояд гуфтаи як сарватманди соҳибмақом: «Душанбе шаҳри сарватмандон мешавад», рост мебарояду камбағалони сатҳи камбизоатияшон аз назари ҳукуматдорон «коста» оҳиста-оҳиста шаҳри бойҳоро тарк мекунанд?
Лолаи Саидакбар
Категория: Общество | Просмотров: 988 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
1 Мухочир  
0
Проекти хубе барои точикое нав дар шахрчаи Шуроб хаст. Ин ба тарики саххоми (акционери) сохтани ТЭЦ мебошад. Оби гарми онро метавон дар системаи отопленияи шахри Исфара истифода кард, кувваи барк бошад хамавакт дар нохия дефецит аст. Кани биёед чамъ шавем оинномаеро кабул кунему аз кафои ободиву даромади доими шавем. Ин савдову дигар бизнеси Шумо оё доимист?


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Январь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024