Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
11:45
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Сентябрь » 13 » АРӮСИ АРМОНӢ
АРӮСИ АРМОНӢ
10:59
ё чаро Г. дар шаби тӯяш худро ба дарё партофт?
Дигар тобу тоқатам намонд, пайти муносиб ёфта, ӯро сахт ба оғӯш гирифтаму ҳарисона лабонамро ба лабонаш сахт пахш карда, бо як шавқу шӯр бӯсидам. Бадани маҳину нафисаш ба баданам расида, роҳат кардам, ҳис намудам, ки…

…Ҳатто ба ҳаммом даромада, пӯшидани дари онро ҳам фаромӯш карда буд. Ногоҳ… ногоҳ либоси таҳпӯши ҳарирашро ҳам кашид. Дар ин ҳолат вазъияти маро тасаввур карда намешуд. Аз худ бехуд шудам ва…

Воаҷабо, дар хобам ё бедорӣ? Дар рӯ ба рӯям Г. меистод. Бо лабони пуртабассум, нигоҳҳои гарми ошиқонааш диламро ба таппиш овард. Аввал худамро гум кардам, баъд ҳайратзада ӯро ба дарун даъват намудам.
- Марҳамат, даро, чаро истодаӣ?
Дигар тобу тоқатам намонд, пайти муносиб ёфта, сахт ба оғӯш гирифтаму ҳарисона лабонамро ба лабони маҳинаш сахт пахш кардам.
- Аҳмақ ! – садояш баланд шуду ба рӯям торсакии сахте фаровард, - ту ҳоло ба ин кор ҳақ надорӣ, ту ба ман кӣ мешавӣ?
- Ҷону ҷигарам ҳастӣ, - гуфтаму сабру ихтиёрро аз даст дода боз ба оғӯш гирифтам. Даҳони тангашро бо лабонам сахт қапида, мемакидам. Вай бошад, худро аз ман раҳо кардан мехост, нафасгириаш танг мешуд. Ман бошам, мисли оби шӯрхӯрдае, ки мехоҳад ҳарчӣ бештар боз об бинӯшад, ҳарисона аз лабонаш мебӯсидам. Бадани маҳину нафисашро ба баданам сахт пахш мекардам, пеши бари бардамидааш мисли ду лимӯи навбар аҷаб кайфияте дошт. Дигар тобу тавонамро аз дастдода будам. Ҳис мекардам, ки дар назари Г. мисли гурги даррандае ҳастам, ки гӯсфанди рамидаеро доштаву пора – пора мекунам. Ногоҳ… дар кушода шуду акояш Қ. даромад:
- Ҳеъ, бар падарат лаънат, гӯён муште бар фарқи сарам фаровард. Г. доду фиғон бардошта, ба роҳрав баромад. Хайрият, бачаҳои хонаи ҳамсоя давида омада моро халос карданд, вагарна шояд ӯ маро мекушт. Охири ҳафта ба хона омадам. Модарам ҳодисаро шунида сарзанишам кард:
- Наход одам бо ҳамсояаш хархаша кунад? Чӣ гап шуд, айб нест магар?
Донистам, ки модарам аз асли воқеа бехабар будааст, хурсанд шудам, аммо баъди як ҳафта сир фош шуд. Модари Г. ҳамаашро ба модарам гуфтааст.
- Бачаҷон, ин ҷо биё, - маро дида гуфт модари Г. Дигар ин номаъқулиро накун, фаҳмидӣ, айб аст. Номи духтар, ки ба беодобӣ баромад, тамом, дигар касе дари хонаашонро зер намекунад.
- Худам зер мекунам, холаҷон, парво накунед, - гуфта гурехтам.
- Ҳе бешарме, ҷавонҳои инзамонаро бинед- а, - гӯён сӯйи хонаашон роҳ пеш гирифт.
Нисфирӯзӣ боз бо Г. вохӯрдам:
- Дигар ба хонаамон наё, ки гапу калоча зиёд мешавад.
- Ҷонам, охир дигар бе ту тобу тавони зистанро надорам.
- Не, бас акнун, ту маро шарманда кардӣ, ба рӯйи бародарам чӣ тавр нигоҳ мекунам?
- Худо аз шармандагӣ нигоҳ дорад. Охир, ту гули нобӯидаи манӣ, аниси кунҷи танҳоии ман, сунбули яктои манӣ…
- Оҳо, шоир ҳам шудаӣ – ку?
- Ишқи ту маро шоир кард, ҷонам.
- Эҳиёт кун, боз акоям зери мушту лагад нагирад.
- Баръакс, мушту лагади акоят далерам кард. Акнун дар хонаатон ҳама медонанд, ки ту кабӯтари боғи рӯзгори манӣ.
- Мон сафсатаатро, гуфтам - ку, дигар наё.
Рӯзи истироҳат ба хона омадам. Нисфирӯзӣ, боз бо баҳонаи каҳфарорӣ болои бом баромадам. Аз рӯйи одат боз сӯйи ҳавлиашон нигаристам. Ӯро бо либоси ранги ширчойӣдошта дидаму қариб аз ҳуш рафта будам. Худамро пушти девори тахтагини болохона гирифтам. Ӯ ҳар замон аз ҳаммом ба берун баромада об гарм мекарду боз дохили ҳаммом мешуд. Дар умрам бадани шир барин сап - сафеди духтарро бори аввал медидам. Вай сурудеро замзамакунон парвои олам надошт. Ҳатто ба ҳаммом даромада, пӯшидани дари онро ҳам фаромӯш карда буд. Ногоҳ… ногоҳ либоси таҳпӯши ҳарирашро ҳам кашид. Дар ин ҳолат вазъияти маро тасаввур карда намешуд. Аз худ бехуд шуда будам. Чашмонамро калон кушодам, не,дар бедорист. Г. мӯйҳояшро болои сараш тоб дода, баст. Тамошои бадани наҳифаш маро безобита мекард. Ба сару рӯяш об рехт. Аз он ҳаловат бурд магар, ки «Ой!», - гӯён садо баровард, баъд ба баданаш собун молидан гирифт. Аз куҷое модараш пйдо шуд.
- Чӣ гап шуд, духтарам? Ӯ дид, ки дари ҳаммом кушода аст:
- Дари ҳаммомро пӯшӣ, намешавад, бешарм, - гуфт…
Дар деҳа оби нӯшокӣ набуд ва мардум обро аз андаке дуртар, аз чашма меоварданд. Ҳар гоҳ, ки ба деҳа меомадам, ҳатман бо Г. вомехӯрдам. Бо баҳонаи ёрӣ ба модарам, ман ҳам бо Г. барои об ба лаби чашма мерафтам. Як рӯз, вақте аз лаби чашма бармегаштем, Г. ба ман гуфт:
- Се рӯз пеш ба хонаамон хостгорҳо омаданд. «Дилу ҷони манӣ, - мегуфтӣ, чӣ шуд? Сатилҳои пуроб аз дастонам афтиданд.
- Чӣ, ин хобатро ба об гӯй, фаҳмидӣ? Ту чӣ гуфтӣ, розӣ шудӣ? Дониста мон, ки ту азони манӣ.
Зуд ба хона баргашта, буду шуди гапро ба модарам гуфтам.
- Чӣ хел хап мешинед, охир мо бо Г. аҳди зиндагии якҷоя бастаем, шумо ба куҷо нигоҳ мекунед?
- Намешавад, писарам. Аллакай падари Г. ба хостгорҳо розигӣ додааст. Аҷаб не, ҳафтаи дигар тӯй ҳам шавад. Домод аз Г. даҳ сол калон будаасту одами пулдор. Дониста мон, ки Г. –ро ҳеҷ вақт ба ту намедиҳанд.
Сабру тоқатро аз даст додам. Дигар ҳама чиз ба назарам бефарқ менамуд. Мисли девона шуда будам. Худ ба худ гоҳ падари Г. ва гоҳ хостгорҳоро дашном медодам. Дили бедилон ба донишгоҳ рафтам. Моро барои таҷрибаомӯзӣ ба ноҳияҳо фиристоданд. Маро ба ноҳияи Қубодиён роҳхат доданд. Як моҳ он ҷо мондам. Чун таҷрибаомӯзӣ ҷамъбаст гардид, роҳ сӯйи хонаамон пеш гирифтам. Дар истгоҳи байнишаҳрӣ дӯсти даврони мактабиам К. – ро вохӯрдам. Вай бо хушнудӣ хабар дод, ки ҳамсинфамон тӯй дорад.
- Кадом ҳамсинфамон?- бепарвоёна пурсидам.
- Чӣ, намедонӣ, Г. ба шавҳар мебарояд.
Ҳуш аз сарам парид. Бо таксӣ ба хонаамон омадам. Бо модарам ҷанҷол бардоштам.
- Охир, чаро ба модараш нагуфтед, вай худаш ҳам медонист – ку?
- Нашуд, писарам, модараш гуфт, ки «Ба рӯйи шавҳарам давида натавонистам». Падари домод кадом як ҷӯраи падари духтар будааст…
Ҳама дар тараддуди тӯй. Меҳмонҳо меомаданд. Садои ҳаёҳӯйи кӯдакон, хандаю шӯхӣ, муборакбодиҳо ҳама ба гӯшам мисли сӯзан мехалиданд. Баъди соате бояд арӯсро ба хонаи домод мебурданд. Ногоҳ дарвозаамон тараққосзанон кушода шуду модари Г. сарканону мӯйканон ба ҳавлиамон даромада омад.
- Ку писрат, куҷо гурехт?, - девонавор ба модарам часпид ӯ. Мани аз асли воқеа бехабар:
_ Чӣ гап, чӣ шуд?, - гӯён берун баромадам.
- Ана вай, лаънатӣ, духтарам ку, ӯро куҷо гурезондӣ?, - гӯён ба ман дарафтод. Ду бародари дигараш ҳам даромада омаданд. То ҳамсояҳою тӯякиҳо омада маро хуб лату кӯб карданд. Ҳамин замон садои касе баланд шуд:
- Г. худро ба дарё партофта будааст, ана ӯро оварданд.
Фиғони модару акаҳояш ба фалак печид. Г. рӯйи дастони модар ҷон дод.
Маълум шуд, ки Г. ба домоди ёфтаи падар норозӣ будаасту боисрор талаб карда будааст, ки бояд маро интихоб кунад, вале ҷаҳолати падар ба ин садди роҳ шудааст…
Г. ғунчаро мемонд, ғунчае, ки ношукуфта пажмурда гардид.
Мо ҳам кӯч бастем, ба ноҳияи дури дур.
Ҳотами Ҳомид
Категория: Общество | Просмотров: 1443 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 3.0/4 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024