Четверг-Панҷшанбе
25.04.2024
10:18
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Октябрь » 21 » Айши якрӯзаву азоби якумра
Айши якрӯзаву азоби якумра
09:29
Ё мо муносибат бо пулро кай ёд мегирем?
Мардуми мо ҳамеша меноланд, ки сатҳи иқтисодии кишварамон паст асту маоши медодаи корхонаҳои давлатӣ хеле кам, аммо чун ба ягон тӯй ё маъракае меравем, мебинем, ки дар рӯйи миз ғайри шири мурғу тухми анқо дигар ҳама чиз ёфт мешавад. Мутаассифона, дар аксар ҳолатҳо баъди тӯй соҳибони он солҳои дароз қарзканӣ мекунанд ё домоди бечора моҳи асалашро дар бозор ё сохтмонҳои Русия сипарӣ мекунад. Арӯсаки бечора бошад, 10-15 рӯз нақши маликаи ҳуснро мебозаду сипас ба ташвишҳои рӯзгор овора гузаштани шабу рӯзашро намефаҳмад.
Аз забони шахси маъруфе шунидам, ки ҳамсояаашон, «ман аз дигарон чӣ кам», гӯён хонаи истиқоматиашонро фурӯхта, барои духтарашон тӯйи бодабдабае ороста, акнун дар таҳхонае зиндагӣ мекунанд. Оё ҷоҳилию нодонӣ аз ин беш мешавад?
Ин ҳодисаи ягона нест ва аз рӯйи мушоҳидаҳои кардаам медонам, ки мардуми мо бо пул муносибати дуруст карда наметавонанд ва ҳар касеро, ки сарфакор бошад, зихнаю хасис меноманд.

Долларборон барои навзод
Гавҳорабандон як маросими қадимӣ ва зебои миллии тоҷикон аст, ки онро аҳли хонавода ва имконият бошад, ду-се ҳамсояи наздик сарҷамъ мегузарониданд. Дастархонро анвои хӯрдание зеб медод, ки меҳмонон бо худ меоварданд. Дар зодгоҳи банда, ки асосан мардуми кӯҳистони Вахё умр ба сар мебаранд, бобою бибии модарии тифли навзод бо гандумбирёну тухм ва кулчаю фатир гаҳвораро меоварданд ва тӯҳфаҳо ба аҳли нишаст тақдим мегардиданд. Ҳоло бошад, гаҳворабандон ба намоиши либосу бозичаҳои кӯдакона табдил ёфтааст, ки ин кори «тоҷикони нав» аст ва «тоҷикони кӯҳна» аз рӯйи ору номуси нозарур ба онҳо тақлид карда, инро ба ҳукми анъана дароварданд.
Ба маъракаҳои занона бисёр меравам ва манзараҳоеро мушоҳида намудаам, ки барои баъзеҳо шавқовар ва боиси таҳсин бошад, барои ман хандаовар буданд…
-Ана, ин катчаи 800 долларӣ, ин гавҳораи самарқандисохти 200 долларӣ, ин автомати Саидҷон 10 долларӣ, ин телефони мобилиро тағош ай Русия роӣ кардай, ки бо хоҳарзодааш гап зана 300 долларӣ, ана ин аробача барои сайру саёҳат карданаш 150 долларӣ, дар ин арғунчак Саидҷон ҳой мерава, ки очаҷонаш короша кунад 70 долларӣ, ин 30 ҷуфт сару либос - ҷамъ 400 доллар меистад, ин маймуну шер, палангу хирс, аспу хар, мошинчаю велик, мототсиклу мошини пултдор ҷамъ 500 доллар…
Ин гуфтори зани хомфарбеҳе буд, ки дар як маъракаи гаҳворабандон рӯнамоии чизҳои овардаи тарафи модари тифлро ба ӯҳда дошт. Рӯйхат дароз буду «ровӣ» -и дӯстдори бандаки изофии «и» ба калимаи доллар албатта и- и дигарро ҳамроҳ карда, номбар мекарду номбар мекард…
Ман ҳайрон будам, ки ба Саидҷони ниммоҳа сарф намудани ин қадар «доллар» чӣ лозим буд? Ин тифлаки дунёбехабар телефони мобилию автомат ва «боғи ҳайвонот»-ро чӣ мефаҳмида бошад? Оё хубтар нест, ки ҳамаи он маблағҳои сарфгардидаро барои ояндаи Саидҷон дар бонки амонатӣ гузоранд?
Чун баъди намоиши ин лашу луши нодаркор аз бибии Саидҷони қаҳрамон ҷойи кори шавҳарашро пурсидам, посух дод, ки шавҳару се писарам расиянанд ва ба хотири хоҳари ягонаашон ин зимистон дар Русия мемонанд, то қарзҳои кардаамонро кананд. Худоё, куҷост инсофи модари тоҷик, мардони хонаводааш он ҷо дар сармою ғарибӣ бо меҳнати сиёҳ пул меёбанду ӯ онҳоро бо як бепарвоии бераҳмона барои гирифтани шӯҳрати хасакӣ бод медиҳад.

Зиёфат барои мурда
Ҳукумати кишвар ба хотири аз байн бурдани сарфу хароҷоти зиёдатӣ қонуни танзими расму оинҳоро қабул намуд, аммо баъзеҳо роҳи фиреб ҷуста, боз табъи дили худ кор мекунанд. Дар баъзе минтақаҳои кишварамон «оши сари тахта» гуфтанӣ маърака ҳаст, ки на ба қонуни шариат рост меояду на ба чорчӯбаи ахлоқи одамӣ меғунҷад. Яъне шахси фавтида дар рӯйи дӯконаш хоб асту атрофиён гов ё гӯсфанд кушта, барои мардуми ба ҷаноза омада зиёфат медиҳанд. Баъди қабул гардидани қонуни танзим гӯё ин маросими нанговар аз байн рафт, аммо…
Боре аз вилояти Хатлон ба пойтахт меомадам, ҳамсафарам кампираки нуронии хушсӯҳбате буд. Бо ӯ дар ҳар хусус гап мезадему ман дар бораи маъракаи «оши сари тахта» пурсидам. Ҳамсӯҳбатам бо афсӯсу надомат қайд намуд, ки ҳоло ҳам ин маросими нодаркор ва аз як ҷиҳат бераҳмона пойбарҷост. Танҳо дигархелтар, чорворо аз назари дигарон пинҳон забҳ намуда, ба хонаи ҳамсояҳои шахси азодор тақсим мекунанд ва «меҳмонон» -ро онҷо дароварда, зиёфат медиҳанд. Оё ин шармандагӣ нест?

Танзим чӣ мешавад?
Чанде пеш дар сарупобинони арӯсе иштирок кардаму ҷиҳози овардаи домоди донишҷӯ, ё ба қавли бонуи ҳампаҳлӯям, «показуха»-ро дида, аз модари домод пурсидам, ки танзим чӣ мешавад?
-Ай рӯм сиёҳ, боз нанависӣ?! - Иқаша ай намояндаҳои танзим пинҳонӣ овардем, охӣ я бачаҳаки талбидагӣ дорум ва ҳавасҳои зиёд.
Ман дигар чизе нагуфтам, лекин як чиз аниқ аст, ки арӯс агар умр вафо кунад, то нафақа баромадан аз ҷиҳати либосу пойафзол азоб намекашад, аммо хубтар мебуд, маблағи ин ҷиҳози ба назари мардум шоҳона барои ояндаи ин оилаи ҷавон нигаҳбонӣ мешуд.
Як дӯсти ҷавони оилаи мо тоҷики муқими Амрикост ва доим бо ҳайрат иброз медорад, ки чаро ҷавонони болиғи тоҷик чашми тамаъ ба ҷайби падару модар медӯзанд. Волидони ман соҳиби сармояи хубе ҳастанд, ҳангоми хонандаи мактаб ва донишҷӯйи донишгоҳ буданамон маблағи хониш, либос, роҳкиро ва хӯрокро медоданд, аммо барои сарфи зиёдатӣ, масалан кино рафтану бо дӯстдухтарамон қаҳва нӯшидан ману додарам худамон пул меёфтем. Мо дар мағозае дар вақти муайян борфарорӣ менамудем. Фарзандони сарватмандони зиёдеро мешиносам, ки бо ҳамин роҳ ё бо рӯзнома фурӯхтан ва мошин шустан маблағ пайдо мекарданд. Ман аз волидонам миннатдорам, зеро онҳо ба ҳамин восита харҷи дурусти пулро ба ман ёд доданд - илова намуд ӯ.

Асрори сарватманд шудан
Чанд сол пеш китоби хотираҳои сармоядори бузурги амрикоӣ, ки солҳои 50-60-уми асри 20 маъруф буд ба дастам афтод. Рокфеллер дар ин асари ёддоштиаш роҳҳои сарватманд шуданро гуфтааст. Ӯ дар ҷое меорад:
Наберачаи дӯстдоштаам ҳар субҳ як қуттича қаймоқ мехӯрд, рӯзе ӯ ҳиссаи худро резонд ва назди яхдон РАФ,т то дувумашро гирад, аммо ман дари яхдонро пӯшонда, ба вай фаҳмондам, ки ту имрӯз ҳақатро хӯрдӣ. Ман бо ин рафторам ба набераам ба қадри меҳнати дигарон расидан ва эҳтиёткориро омӯзондам.
Тасаввур намо хонандаи азиз, агар мо ба набера ё фарзандамон ин ё он корро манъ кунем, чӣ маҳшаре барпо мешавад?

«Спичкаи ғафс» бошад, нобуди сифаташ!
Як ҳамсояаамон аз деҳа занг зада, хоҳиш намуд, ки бо дасти фалон таксичӣ пул фиристодааму илтимос, барои духтари арӯсам гарданбанди тиллоие харида фирист…
Ростӣ, қаҳрам омад, ки бояд ман назди бозори «Саховат» рафта, пулро аз ронандаи шинос гирифта, дар муддати ду соат кори ҳамсояаамонро буд мекардаам, гӯё бекораму ташвиши дигаре надорам. Ба модарам занг задам ва гуфтам, ки оё дар ноҳия гарданбанд ёфт намешавад, ки маро гаранг мекунанд?
Модарам посух дод, ки арӯсшаванда шарт мондааст, ки агар гарданбанди тилло нахаред, худамро мекушам, ману модари Амин (ронандаи таксӣ) «дар Душанбе арзонтар» - гӯён ба ҳамин хулоса омадем, ними пулашро мо тӯёна гуфта додему ними дигарашро қарз кардааст бечора. Ман аҳволи зиндагии хонаводаи арӯси якравро хуб медонам, аммо ба бераҳмии фарзанди одам чӣ мегӯӣ?
Ба 700 сомонӣ гарданбанди борике медиҳанд, ки дар қишлоқ касе онро ба гардан намебандад ва «урусӣ»-яш мегӯянд. Бинобар ин, ба модари арӯс занг зада, хоҳиш кардам, ки гӯширо ба духтараш диҳад. Чун аз ӯ пурсидам, ки «занҷираи борикаки босифат гирам?», посух дод, ки «неъ, спичкаи ғафс» бошад, нобуди сифаташ!
Гарданбандеро аз тиллои бесифати туркӣ харидорӣ намуда, ба арӯс равон кардам, намедонам он дар таркибаш тилло дошт ё не, аммо дилам ба ҳоли модари арӯсаки бетамиз сӯхт.
Мисолҳои дар боло оварда аз ҳазор як далели бо пул муносибатро надонистани мардуми мост. Ҳамаи ин аз қадрношиносӣ, бесаводӣ, бемаърифатӣ ва бефаҳмии худи мо сарчашма мегирад. Агар инсон маданият дошта бошад, дарки мураккабиҳо ва пасту баландии зиндагӣ дар ӯ пайдо мешавад, ин гуна шахс ниёзманди ҳеч гуна танзим намешавад.
ЛОЛАИ САИДАКБАР
Категория: Общество | Просмотров: 962 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 1
1 Мухочир  
0
шавҳару се писарам расиянанд ва ба хотири хоҳари ягонаашон ин зимистон дар Русия мемонанд, то қарзҳои кардаамонро кананд. Худоё, куҷост инсофи модари тоҷик, мардони хонаводааш он ҷо дар сармою ғарибӣ бо меҳнати сиёҳ пул меёбанду ӯ онҳоро бо як бепарвоии бераҳмона барои гирифтани шӯҳрати хасакӣ бод медиҳад.


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Октябрь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024