Четверг-Панҷшанбе
25.04.2024
15:48
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2012 » Ноябрь » 6 » Адолат Раҳмонова: Гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҷавононро бар зидди ҳукумат мешӯронанд
Адолат Раҳмонова: Гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҷавононро бар зидди ҳукумат мешӯронанд
13:12
Адолат Раҳмонова аз масъулони ҲХДТ хост, дар пешгирӣ аз эҳтимоли такрори ҳаводиси 20 соли пеш ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Адолат Раҳмонова , узви фаъоли Ҳизби коммунист ва аз сиёсатмадорони шинохта дар солҳои 1990-ум, бар ин назар аст, ки бо гузашти даҳаи дуввум аз ҷанги шаҳрвандӣ, ҳоло низ бархе аз таҳдидҳо ба сулҳу оромӣ дар кишвар вуҷуд доранд. Ба назари ӯ, дар ин авохир эҳсос мешавад, ки бо истифода аз холигоҳи мавҷуда гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҷавононро бар зидди ҳукумат мешӯронанд ва ба эътироз таҳрик медиҳанд.
Адолат Раҳмонова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки масъулони ҳизби ҳоким набояд ин омилҳоро нодида гиранд. "Масъулони ҳизби ҳоким набояд ором нишинанд, ки гӯиё ҳама масъалаҳо дар ҷомеаи мо ҳал шуда бошад ва танҳо дар давраҳои интихобот фаъол гарданд. Онҳо бояд дарди мардумро донанд, ки халқ чи мушкилот дорад ва кадом роҳбар бо мардум муносибати бюрократона дорад, ки ин дарди онҳоро афзун мекунад. Вазифаи ҳизби ҳоким ин аст, ки бояд ҳалли масъалаҳоро ба дӯши худ гирад. Ман аз ҳамин лиҳоз ба онҳо муроҷиат намудаам", - мегӯяд ӯ.
Ин узви фаъоли Ҳизби коммунист тайи чанд муддат аст, ки бо даъвати ҲХДТ, бо фаъолзанони пойтахт ва ҷавонону донишҷӯён мулоқот доир мекунад. Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, дар ҷараёни ин мулоқот ӯ асосан сари ҳаводиси 20 соли пеш ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ сӯҳбат менамояд. Аммо бону Раҳмонова мегӯяд, бо он ки насли ҷавон бевосита шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ набудааст, афкори онҳоро танҳо бо баргузории чунин нишастҳо тағйир додан мушкил аст.
Яке аз ҷаласаҳои аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Адолат Раҳмонов илова кардааст, "онҳоро ба корҳои амалӣ ҷалб кардан лозим аст, чун ҷавонон метавонанд ё тарафдор ва ё зидди ҷомеа бошанд. Ҷавононе, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанад, онҳоро дуруст тарбия кардан лозим ва ё теъдоде аз онҳое, ки дар хизмат ҳастанд, қумандонҳо бояд нисбат ба онҳо падарона меҳрубонӣ кунанд. То ин ки тасаввуроти онҳо нисбат ба ватану ватандорӣ дигар шавад. Яъне, насли ҷавон бояд пайваста зери таваҷҷӯҳ ва тарбия қарор дошта бошад."
Адолат Раҳмонова мегӯяд, ки дар ин авохир бархе аз ҳизбҳо ва созмонҳо барои ҷалби ҳарчи бештари занон ба сафи худ талош доранд. Ба қавли ӯ, "ҳама медонанд, ки имрӯз ҲНИТ бештар аз ҳама ба занон такя мекунад. Аммо, фикр мекунам, агар интихоботи президентӣ воқеан шаффоф баргузор шавад, мардум ташнаи давлати демократӣ ҳастанд. Зеро онҳо бо чашмони худ мебинанд, ки дар ягон гӯшаи дунё дар кишварҳои исломӣ тинҷиву оромӣ нест."
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, баргузории чунин нишастҳо бо ширкати Адолат Раҳмоноваро идомаи маъракаи густардатаре медонад, ки мақомот алайҳи ин ташаккули умдаи мухолифин ба роҳ андохтаанд. Ҷаноби Ҳайит мегӯяд, ҳизби ҳоким дар пешорӯи интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурӣ бо истифода аз ҳама икониятҳо барои шармсор намудани рақиби аслиаш талош мекунад.
"Вале ин ҳизб ҳеҷ гоҳ шармсор набуд ва ҷойгоҳи онро дар ҷомеаи кишвар ва ҷаҳонӣ танг кардан наметавонанд. Ин бадгӯиҳову тавтеаҳое, ки шахсиятҳои ба монанди Адолат Раҳмонова алайҳи ҳизби наҳзат мекунанд, баръакс, аз нуфузу обрӯи беандозаи ин ҳизб шаҳодат медиҳад", - бовар дорад ӯ. Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ҳанӯз то интихоботи президентӣ як соли дигар боқӣ мондааст ва ҲНИТ ҳанӯз тасмими ниҳоии худро нагирифтааст, ки оё бо номзади худ ба ин маърака хоҳад рафт ё на.
Адолат Раҳмонова, дастпарвари комсомол ва Ҳизби куммунистии вақт буда, раёсати ин ҳизб дар навоҳии Шӯрообод ва Данғараро ба ӯҳда дошт. Дар аввалҳои даҳаи 90-уми асри гузашта вакили Шӯрои Олӣ ё порлумони вақти Тоҷикистон буд. Аммо баъди ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон аз саҳнаи сиёсати калон ғайб зад ва раҳбарии ширкати қолинбофии "Адолат" дар Данғараро ба ӯҳда дошт. 10 сол пеш ӯро як муддат муовини вазири саноат таъйин карданд, вале баъд аз чанде “бо сабабҳои олиавӣ” тарки кор кард ва ҳоло, ба истилоҳ, “давлати пирӣ” меронад. Дар маҳофил Адолат Раҳмонова ва бархе дигар аз вакилони парлумони Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-ро аз гунаҳкорони оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мешуморанд.
Шаҳлои Гулхоҷа
Категория: Политика | Просмотров: 980 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
1 Мухочир  
0
"Зеро онҳо бо чашмони худ мебинанд, ки дар ягон гӯшаи дунё дар кишварҳои исломӣ тинҷиву оромӣ нест" ин на сабаби дини мубини мост, ин хама нотинчихо дар он давлатхои исломие рух доданд, ки онхо "светская" мехисобиданд худро, лек факат мисли давлати монархи буданд. Египет баръакс акнун руй ба ислом гардонид, Турция низ холо ба дини ислом такья мекунад, харчанд пештар демократи худро мехисобиду кисми аврупо худро медид. Ба фикрам конституцияе комилтар пурратар ичтимоитарин аз китоби Куръон дида нест, хама конституцияхои давлатхо нусхаи ба манфиати баъзе кабила гардонидашудаи онанд. Шахлохон камтар калонтар чашмони худро кушоед, хама чиро худ дарк мекунед. ХХДТ ин як лухтакбозии чаноби олист на беш! Ман онхоро хамчун хизб хам намедонам. Аъзои ХНИТ хам нестам ва сиёсати онхо низ дар идораи далату давлатдори ва роххои мубориза барои хокимият ба фикри ман нодуруст аст. Лек шароити имруза низ токатфарсо аст!!!


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Ноябрь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024