Понедельник-Душанбе
29.04.2024
00:35
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Декабрь » 9 » Адабиёти тоҷик идеал дорад?
Адабиёти тоҷик идеал дорад?
12:30
Дар яке аз сӯҳбатҳояш Бозор Собир бо радиои Озодӣ чунин ақидаро қайд намуд, ки пеш адабиёт ва фарҳангу санъат идеал дошт. Идеали мо сотсиализм ва коммунизм буд. Адабиёт ба ҳамин ҳадаф нигоҳ карда, сохта мешуд. Ҳоло ки идеал надорем, идеалро аз худамон меҷӯем. Мегӯем фалон қаҳрамонро дорем. Ситоиш мекунем Зардуштро, Маздакро, Деваштичро ва ғайраро. Барои ҳамин, нимаш ғазали ошиқона месозад, чунки одати қадимӣ аст. Ними дигараш сафсата мебофад. Адабиёт, ки ҳадаф надорад, мисли як мурдоб дар худаш гашта истодааст. Баъди ин андешаи устод Бозор Собир бо суоле, ки адабиёти тоҷик идеал дорад ё на, мо як назарпурсиеро омода сохтаем, ки пурсидашудагони мо перомуни ин масъала фикрҳои мухталиф доштанд.
Неъмат Талабов, як сокини шаҳри Душанбе бар он назар аст, ки солҳои 80-ум осори Фурӯғи Фаррухзод барои ҷавонони шоиртабъ идела буд ва ҳама талош мекарданд, ки ба ин сабк чизе эҷод кунанд. Ҳамзамон Лоиқ Шералӣ барои адибони ҷавон идеал маҳсуб мешуд ва талошҳое барои офаридани назме ба ин монанд харҷ мешуд. Замоне буд, ки асарҳои Ҷек Лондон барои ҷавонон идеал маҳсуб мешуд ва нафароне бо тақлид ба қиссаи "Талоши зиндагӣ" -и ӯ ҳикоя ва повестҳо менавиштанд. Дар адабиёти солҳои 60-70-80-уми қарни гузашта адибони тоҷик низ миёни ҷавонон пайравони зиёде доштанд. Бавижа, дар даҳаи 1980, ки онро метавон замони рушди насри тоҷик ҳам унвон кард. Вале ҳоло бетаваҷҷӯҳие, ки ҷомеаи тоҷикро фаро гирифтааст, сухан гуфтан дар бораи идеали адабӣ тақрибан ғайримумкин шудааст. Идеали адабӣ он сӯ истад, ҷавонони имрӯза исми ду-се адибро ҳам дар зеҳн надоранд. Фикр мекунам, ки адабиёти тоҷик дар Тоҷикистон дар ду даҳсолаи ахир ба бӯҳрони шадиде рӯбарӯ шудааст ва рӯшан нест, ки ин раванд то чи замоне идома хохад ёфт.
Сокини дигари шаҳри Душанбе Шаҳло Неъмонзода ба фикри шоири забардасти тоҷик Бозор Собир розӣ нест ва исбот мекунад, ки шоири бузургвор худ идеали адабиёти тоҷиканд. Зеро ӯ адабиёти тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ бо шеърҳои худ ошно сохт.
Дар ҳамин ҳол таҳлилгари тоҷик Ҳикматулло Сайфуллозода ба ин назар аст, ки вақте як шоири забардаст ба ин андеша расидааст, гумон мекунам, ин гуна ҳарфҳо ҷой доранд. Вале банда ба ин назарам, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ адабиёти мо идеали муносиб ба ниёзи миллатро надошт. Агарчӣ миллатро зери идеали бепояе "ба пеш" мебурданд ва гӯё адабиёти тоҷик ҳам дар ин маврид муваффақ буд. Вале ҳамаи ин гуна ҳадафҳои бепоя ва идеалҳои пук ва бемаъниро баъди даҳсолаҳо миллат дарк кард. Мутаассифона, имрӯз агар дар фазои истиқлолият ва озодӣ ба сар барем ҳам, мушкили замони лодинӣ аз миён нарафтааст. Ва ҳамон доираи "соҳибназарон"-и замони шӯравӣ гӯё барои миллат идеал меҷӯянд ва иддае аз намояндагони аҳли адаб ҳам шомили ҳамин гуна "соҳибназарон" ҳастанд. Ва дар як роҳгумӣ қарор дошта, дар навиштаи хеш беидеалиро мебинанд ва мардуме, ки дар гузашта дар адабиёт идеали хешро медиданд, имрӯз онро дигар намебинанд. Ҳамин аст, асли сабаби идеал надоштани адабиёти тоҷик дар марҳалаи феълӣ. Аммо банда шоиру нависандагони зиёдеро медонам, ки идеали хешро дар ҳеҷ давру замон тағир надодаанд, бахусус дар замони соҳибистиқлолӣ асар ва шеърҳое офаридаанд, ки назари онро дар замони шӯравӣ дидан ғайриимкон буд.
Вале профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, ки адабиёти асри 21 -и мо ягон орзуи муайянеро барои миллати мо пешниҳод накардааст. Дар адабиёти имрӯзаи мо як навъ номуайянӣ ба назар мерасад, адабиёт ба куҷо моро ҳидоят мекунад, муаян нест.
Руқияи Боймуҳаммад

Аз идора: Ҳаминро бояд гуфт, ки дар ин назарпурсӣ мо сараввал ба шоирону нависандагон муроҷиат намуда будем, то ба суоли «Адабиёти тоҷик идеал дорад?» посух гӯянд. Мутаассифона, аксарияти онҳо аз посух додан ба ин пурсиш бо баҳонаҳои мухталиф канораҷӯӣ намуданд. Дар натиҷа, мо маҷбур шудем, ба нафарони мухталиф муроҷиат намоем. Аз ин рӯ, андешаҳои зидду нақиз дар мавриди адабиёти муосири тоҷик зиёд садо доданд. Шояд баъди чопи ин матлаб адибони фарҳехта ва ҳамаи онҳое, ки бо илму адаб сару кор мегиранд, дар мавриди мавзӯи матраҳшуда андешаи худро баён медоранд. Редаксия омода аст, ки ақидаи онҳоро дар мавриди мавзӯи зикршуда Чоп намояд.

Категория: Культура | Просмотров: 1055 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Декабрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024