Четверг-Панҷшанбе
28.03.2024
15:22
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Шумо чанд сола хастед?
Всего ответов: 935

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2013 » Март » 16 » Абдуманнон Содиқов: Муовини раиси Исфара дурӯғ мегӯяд!
Абдуманнон Содиқов: Муовини раиси Исфара дурӯғ мегӯяд!
19:28


Рӯзи 6 марти соли ҷорӣ Абдуманнон Содиқов, раиси ташкилоти ибтидоии ҲНИТ дар деҳаи Сурхи шаҳри Исфара, ки бо ҷурми майдаавбошӣ ба ҷазои маъмурӣ – ҳабси 15 рӯза ҳукм шуда буд, озод гардид ва бо чанд суол посух дод.

Акаи Абдуманнон, пеш аз ҳама шуморо табрик мекунем, ки боз ба ҳаёти муқаррарӣ пас аз адои ҷазо баргаштед.

Ташаккур.

Шароити боздоштгоҳ дар шуъбаи корҳои дохилаи шаҳри Исфара чӣ гуна буд?

Албатта, ман худро дар манзили худамон эҳсос намекардам. Вале муносибат ба ман бад набуд. Дағалие аз ҷониби кормандони он ҷо мушоҳида нашуд.

Имконияти ибодат ҳам буд?

Бале.

Асли воқеа чӣ буд? Дар ҳақиқат шумо муовини раиси шаҳр Ғаниева Олияро ҳақорат кардед, чунки шуморо барои таҳқир ва халал расонидан ба ҷаласа ҷазо доданд?

Аввалан, ман намедонам, ки он чӣ гуна “маҷлиси фаъолон” мешудааст, ки аз ҷониби ҳукумат ҳафт (!) нафар ва иштирокчиёни ин маҷлис ҳамагӣ чор – панҷ нафар занони аъзои ҳизби мо будаанду халос?!

Баъд ин чӣ гуна ҷаласа будааст, ки бе рӯзнома, бе огоҳии пешакӣ ва бе даъватнома (!) ва танҳо барои занони аъзои ҳизби мо мегузаштааст?!

Ин чӣ гуна “маҷлиси фаъолон” будааст, ки бо фиреб (мо ба шумо кабинет ҷудо мекунем) занҳоро ба идора овардаанд?

Ин чӣ гуна маҷлис будааст, ки Ғаниева аз хонумҳои мо даъват кардааст, ки кортҳои ҳизбиашонро супоранд?!

Боз як лаҳзаи дигарро низ бояд гуфт, ки ин маҷлис зиёда аз ду (!) соат давом кард ва албатта, ман ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоӣ нигарон будам, ки чаро чунин ҷаласа бе огоҳии мо мегузарад ва тӯл мекашад. Аз ин сабаб, пас аз нимсоатӣ се бор ворид шудам. Як бори ин даромад сабаб дошт; ман бояд ба гувоҳнома имзои раиси ҷамоатро мегирифтам ва раис Валиев дар он ҷаласа ҳузур дошт.

Акаи Абдуманнон, дар ҳақиқат шумо Ғаниеваро ҳақорат кардед?

Бо тамоми масъулият мегӯям, ки ман ҳаргиз муовин Ғаниеваро ҳақорат накардам ва ин дар табиати ман ҳам нест. Ман дар шуъбаи корҳои дохилӣ – 2 шунидам, ки аз ҷониби Ғаниева шикоят шуда будааст, ки ман ӯро ҳақорат кардаам. Инро ба ман сардори шуъба гуфт, вақте пурсидам, ки чаро маро даъват кардааст. Ман то ҳол бовар надорам, ки муовини раис дурӯғ мегӯяд.

Мо ҳам бовар накардем, ки як марди нармрафтор ба мисли шумо занро таҳқир кунад.

Аламовараш он буд, ки ҳамин зан дар рафти мурофиа ҳам ба сари ман дӯғу пӯписа мекард ва бисёр афсӯс мехӯрам, ки шахси мансабдор ба ҷойи он ки бо оромӣ ҳарф занад, аз нишон додани қудраташ истифода мекунад.

Наход судя Ғаниев ба ӯ нагуфт, ки ин ҷо суд аст, мурофиа аст ва бояд одобро риоя мекард?

Дар ин маврид судя хомӯш буд.

Чӣ амале дар пеш аст?

Мо ба зинаи навбатӣ шикояти касатсионӣ додаем.

Шумо ба адолати судӣ бовар доред?

Албатта, ман бовар дорам, дар байни судяҳо ҳам одамони адолатпеша кам нестанд.

Ин тавр бошад, барори кор!

****


Аҷаб замонае...

Дар ду ҳафтаи охир се мурофиа гузашт аа ин се ба ҳамдигар аз як ҷиҳат монандӣ доштанд; дар як ҷониб қудрату мансаб ва аз тарафи дигар корафтодаҳои оддӣ. Якеро барои он ҷазо доданд, ки пояшро бо вазни ҳамагӣ 53 кг ба замин тарзе кӯфтааст, ки замин ба ларза омада, ҳамсояҳои он бино бохабар шудаанд. Дигареро барои он муҷрим хонданд, ки ӯ фарзандеро танқид кардааст, ки обрӯи падарро резонидааст. Магар фарзанд барои қочоқи маводи мухаддир ҳабс шавад, обрӯи падар меафзояд?

Ва саввумиро барои он аз ҷомеа ба муддати 15 рӯз ҳамчун майдаавбош ҷудо карданд, ки дар фосилаи “4 - 6 дақиқа ба гузаронидани “маҷлиси фаъолон” халал расонидааст!

Аҷаб замонае...

Ва аҷаб додгустароне!

Макола аз сомонаи ХНИТ нусхабардор шудааст. Нишонаи аслии макола http://www.nahzat.tj/akhbori-hizbi/item/8066-sodiqov-ghanieva-durugh-meguyad.
Категория: Общество | Просмотров: 1629 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
1 солех  
0
Чароги зулми золим то дами махшар намесузад!
Агар сузад шабе сузад шаби дигар намесузад!


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Март 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024