Суббота-Шанбе
20.04.2024
09:04
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Шумо чанд сола хастед?
Всего ответов: 935

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 9 » ҶАҲИШИ НАРХ
ҶАҲИШИ НАРХ
09:21
Тоҷирони тоҷик нақораи пешазрамазонии худро навохтанд
Тайи рӯзҳои охир нархи маҳсулоти аввалияи ғизоӣ, аз қабили орду гандум ва гӯшту биринҷ… яку якбора ба андозаи то 20 фоиз боло ҷаҳид. Ба иттилои муовини сардори Хадамоти зиддимонополии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Одинаев, ҳоло нархи як халта орди 50 килоӣ ба 100 сомонӣ расидааст ва ин афзоиши нарх ба 18% боло рафтани арзиши гандум дар бозори ҷаҳонӣ вобастагӣ доштааст. Ба гуфти Н. Одинаев, 96% орду гандум ба ҷумҳурии мо аз Қазоқистон ва 4%-и боқимонда аз Русия ва Белорусия ворид мешавад. То 1 июл 1 тонна орд бо арзиши 220 доллар оварда мешуд. Ҳоло бошад, вобаста ба афзоиши нархи гандум дар бозори ҷаҳонӣ арзиши гандуми воридшаванда афзуда истодааст ва рӯзҳои наздик арзиши аниқи он маълум мешавад. Вобаста ба эҳтимолияти боло рафтани нархи минбаъдаи орд , номбурда қайд кардааст, ки ин раванд аз вазъи нарху наво дар кишварҳои содиркунандаи гандуму орд вобаста аст.Номбурда гуфтааст, ки соли равон барои Тоҷикистон 1 миллиону 430 ҳазор тонна гандум лозим аст ва то моҳи июл 350, 0 ҳазор тонна гандум ворид шудааст. «Kz. инфо» хабар додааст, ки дар бозори дохилии Қазоқистон нархи орд 40% афзудааст. Сабаби ин болоравии нарх шиддати хушксолӣ номбар шудааст. Мавриди зикр аст, ки соли равон кишварҳои асосии содиркунандаи гандум - Қазоқистон ва Русия аз хушксолӣ ва Канада аз боришоти зиёди борон ба мушкилот дучор омадаанд.Тибқи ахбори вазорати кишоварзии Русия аз хушксолӣ 9,5 миллион гектар киштзори ин кишвар осеб дидааст ва имсол шояд дар ФР тақрибан 85 миллион тонна гандум истеҳсол шавад. Ҳосили соли гузашта дар Русия 97 млн. тонна буд. Мутобиқи пешгӯиҳои вазорати кишоварзии Амрико хушксолӣ метавонад истеҳсоли гандумро дар Русия 14% , дар Қазоқистон 18% коҳиш диҳад ва боришоти пай дар пай дар Канада сабабгори нисбати соли гузашта 19% костани ҳосили гандумзор шуда метавонад. Сарчашмаҳои қазоқистонӣ мегӯянд, ки имсол ба вилояти Суғд нисбати соли гузашта 26 ҳазор тонна камтар гандуми ин кишвар ворид гардидааст.Ба ҳар ҳол, дар бозорҳои пойтахт нархи орди Қазоқистон дар нуқоти фурӯши яклухт аз 95 то 100 сомонӣ ва дар нуқоти савдои муқаррарӣ 110- 115 сомонӣ буд.Дар ин вазъ орди навъи якуми Шаҳринав 99 сомонӣ ва ҳамин гуна орди дар вилояти Суғд истеҳсолшаванда 97 сомониро ташкил медод.
Воқеан, дар бозорҳои пойтахт қиматшавии бесобиқаи мош, ки миёни мардум ҳаводорони зиёде дорад, мушоҳида мешавад.Акнун, шояд, моши ғизои камбизоатон ҳам ба хӯроки дӯстдоштаи сарватмандон табдил ёбад, зеро нархи як кило мош ба 12 сомонӣ расидааст.Маҳсулоти қиматшудаи дигар –гӯшт аст, ки 22 сомонӣ арзиш дорад ва нархи сир низ дар бозорҳои пойтахт баробари нархи гӯшт ва дар баъзе ҷойҳо 25 сомонӣ шудааст. Нархи сабзии серхаридор ҳафтаҳои охир аз 2,5 -3 сомонӣ поён намеравад ва бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон гумон аст, ки арзон шавад.Маъмулан савдогарони бозорҳои мо дар моҳи Рамазон мусулмониро фурӯхта, нарху наворо фақат ба ҷониби афзоиш тағйир медиҳанд. Бинобар ин, ҷои шубҳа нест, ки таври маъмулӣ ин навозиши нақораи пешазидии савдогарон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон буд. Базми осмонкафи ҷаҳиши нархро дар иди Рамазон интизор шавед. Сабур бошед!
Амрихудои Низом
Категория: Общество | Просмотров: 1114 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 2
2 Мухочир  
0
Гапи хакка задеду лек ин ба хама дахл надорад, охир мо хама савдогар нестем-ку ё баъзе савдогар бошанд хам ин рафторро намекунанд. Аз руи дини мубини ислом фоида ва ё нархи илова зиёда аз 20% арзиши мол шуда наметавонад. Хар ки аз ин зиёд нархи илова мекунад он маблаги фоидаи ба ин рох ба даст овардааш харом аст!

1 hylshod.82  
0
Бародарон биёед шаф шаф нею шафтолу гуем ман ба шумоён мегуямки 100% мо точикон мусулион нею 200% кофирем барои чи барои онки наздики мохи рамазон хамаи махсулоти хурока киммат мешавад мардум хохад нахохад мехарад гуфта дар савдогархо инсоф намондааст.......... агар малол расид чавобашро навис ки набоши


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024