Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
08:34
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Сентябрь » 8 » 7 МЎЪҶИЗАИ ДУНЁИ ҚАДИМ
7 МЎЪҶИЗАИ ДУНЁИ ҚАДИМ
11:29
1. Пирамидаи бузург дар Гиза
Қадимтарин ва ягона мўъҷизаи то имрўз боқимонда пирамидаи фиръавн Хуфу (ба юнонӣ - Хеопс) дар лаҳзаи анҷоми сохтмон 147 метр баландӣ доштааст. Он дар асл гўри фиръавн буда, дар Миср ҷойгир аст ва аз 2 миллион блокҳои сангини вазни ҳар кадомаш на кам аз 2,5 тонна сохта шудааст. Пирамида масоҳати бештар аз 9 майдони футболро ишғол мекунад. Он тақрибан 4 ҳазор сол иншооти баландтарини рўи замин будааст.

2.Боғҳои муаллақи Бобулистон
Ин боғҳоро наздикиҳои солҳои 600-уми то давраи нави солшуморӣ бо фармони Навуходоносори II, ҳокими Бобулистон (Вавилон) сохта буданд. Бобулистон ҷанубтар аз Бағдоди имрўза (Ироқ ) воқеъ буд. Мувофиқи ривоят, шоҳ барои рафъи ғамгинии зани ҷавони форсаш Амитис амри бунёд кардани боғро додааст. Амитис ватанашро пазмон шуда буд ва боғҳои муаллақ ба кўҳҳои Эрон монанд шуда, бояд дили ўро таскин мебахшиданд.
Боғҳои муаллақ зинабоғе буданд, ки 40 метр аз сатҳи замин баландӣ дошта, дар он бо амри шоҳ тамоми намудҳои маълуми гулу дарахтҳоро корида буданд

3. Маъбади Артемида дар Эфес
Крез шоҳи охирини Лидия, кишвари қадима дар Осиёи Хурд буд, ки алҳол дар ҳудуди Туркия ҷойгир аст. Вай бо сарвати беандозаи худ машҳур буд. Шоҳ Крез соли 560 то милод дар Эфес ибодатгоҳи пуршукўҳеро ба шарафи олиҳаи маҳтоб, парастори ҳайвоноту ҷавондухтарон Артемида бунёд кард. Он ибодатгоҳи азимтарини даврони қадим буда, 131 метр дарозӣ ва 79 метр бар дошт, 120 адад сутунҳояш 20-метрӣ баланд буданд.
Дусад сол пас, соли 356 то милод, ибодатгоҳро шахсе бо номи Герострат танҳо ба хотири он, ки машҳур шавад, оташ зада нобуд намуд. Дертар Искандари Бузург онро барқарор кард, аммо имрўз аз ибодатгоҳи пуршукўҳ танҳо якчанд санги таҳкурсӣ ва як сутуни барқарорнамуда боқӣ мондаанд.

4. Муҷассамаи Зевс дар Олимпия
Аз соли 776 то милод дар давоми 1100 сол дар ин шаҳри домани Кўҳи худоён Олимп Бозиҳои олимпӣ баргузор мешуданд.. Дар асри V то милод инҷо ибодатгоҳи сархудои Юнони Қадим Зевсро сохтанд ва якчанд сол пас пайкарасоз Фидий дар он муҷассамаи худи Зевсро бунёд кард. Барои тасвири пўсти пайкара устухони фил ва барои либосаш тилло истифода шуда буд. Вай дар тахти бо чўби сиёҳ ва сангҳои қиматбаҳо ороёфта менишасту 13 метр баландӣ дошт. Сохтмон соли 435 анҷом ёфт ва қариб 800 сол он яке аз мўъҷизаҳои ғароибтарини олам маҳсуб меёфт. Соли 391-и баъди милод, пас аз он ки дини масеҳӣ роиҷ шуд, римиҳо Бозиҳои олимпиро манъ ва ибодатгоҳро маҳкам карданд. Чанд сол пас муҷассамаро ба Константинопол кўчонданд. Соли 462 қасреро, ки дар он Зевс дар Константинопол менишаст, сўхтор нобуд кард. Дар худи Олимпия ибодатгоҳро аввал заминҷунбӣ, пасон обхезиҳо валангор намуданд. Осори ибодатгоҳ дар таги қабати гил 1000 сол маҳфуз монд.

5. Мавзолей дар Галикарнас
Мавсол ҳокими Қария буд, ки солҳои 377 то 353-и то милод ба империяи Форс шомил буд. Пойтахташ бо номи Галикарнас имрўз таҳти номи Бодрум маркази сайёҳӣ дар Туркия аст.
Мавсол хоҳари худ Артемизияро ба занӣ гирифт. Рўз то рўз сарватмандтар гардида, Мавсол дар фикри он шуд, ки барои худ қабри пуршукўҳу азиме созад, ки дар асрҳо номи ўро машҳур созад. Ин гуна оромгоҳҳоро то ҳанўз ба шарафи у мавзолей меноманд. Иншооти бунёдшуда 43 метр баланд буд. 1800 сол пас заминларза мавзолейро хароб кард. Дертар яғмогарон қабри Мавсолу Артемизияро дар таҳкурсии бино ёфта, тиллою ҷавоҳироташро бурдаанд. Дар он ҷо пайкараҳои шоҳ ва ҳамсараш ҳам буданд, ки соли 1857 ба осорхонаи Британия дар Лондон интиқол дода шуданд. Баъди чанд ҳафриёти археологии охирин дар ҷойи мавзолей якчанд тўда санге боқӣ мондаасту халос.

6. Азимҷуссаи Родос (Колосс Родосский)
Муҷассамаи азимро ба шарафи худои Офтоб сокинони Родос (ҷазира дар баҳри Эгей дар соҳилҳои Туркияи имрўза) ба муносибати ғалабаашон дар ҷанг бо Юнон дар зарфи 12 сол сохта буданд. Он 33 метр баландӣ дошт. Панҷоҳ сол баъди анҷоми сохтмон ҳангоми зилзила муҷассама аз зонуяш шикаста афтид ва боз 900 сол дар рўи хок монд. Соли 654 ҳокими Сурия Родосро забт кард ва варақаҳои биринҷии сатҳи муҷассамаи Гелиосро ба 900 шутур бор кара бурд.

7. Минои Искандария
Дар асри III то милод минои раҳнамои киштиҳо - маяки нахустин дар ҷаҳон дар халиҷи Искандария (Миср) сохта шуд, ки 1500 сол вуҷуд дошт. Сохтмони он соли 280 то милод, дар замони ҳукмронии шоҳи Миср Птоломеи II хотима ёфт. Баландии умумии мино ҳамроҳи пайкараи Зевс дар қуллааш 117 метр буд. Дар қисмати болои он беист оташ дармегирифт, ки барои он сўззишвории зиёд даркор буд. Ҳезумро аз тариқи роҳи спиралӣ дар аробаҳои ба аспу хачирҳо басташуда меоварданд. Миноро аз киштиҳо аз масофаи 50 км дидан мумкин буд. Аммо то а. XII халиҷро то андозае лою гил пахш кард, ки дигар киштиҳо ба он даромада наметавонистанд. Мино нодаркор шуда монд. Дар асри XIV онро зилзила хароб кард. Якчанд сол баъд мусулмонҳо шикастапораҳои онро барои сохтани қалъа ба кор бурданд, ки то имрўз дар ҷои минои нахустин истодааст.

Категория: Культура | Просмотров: 2238 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024