Понедельник-Душанбе
29.04.2024
11:34
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 12 » 6 ҲИКМАТ ДАР ХУСУСИ ХУДДОРӢ АЗ БАДОН
6 ҲИКМАТ ДАР ХУСУСИ ХУДДОРӢ АЗ БАДОН
09:43
Ҳикмати аввал:
Фарзанди азиз! Одамоне ҳастанд, ки тамоми вуҷудашонро ғайбату бўҳтону ҳасад фаро гирифтааст. Бинобар ин ба қалби ишон ҳамеша ғайбат, бўҳтон ва ҳасад неш зада меистад. Рўҳияи чунин одамон беқарор, ваъдаашон сусту бепоя ва дўстиашон заиф мешавад. Онҳо мисли бўқаламун ранги худро дигар карда меистанд. Онҳо мисли Димна ба одамони пок тири ғайбат, тўҳмат ва хусумат партофта аз ин роҳат мекунанд.
Ҳикмати дуюм:
Фарзанди азиз! Одамони пасту разил дар майдони мурувват асп тозонда, худро ба човандози бомаҳорат баробар карданӣ мешаванд. Дави аспҳои лоғару қўтури хешро ба парвози бургут шабоҳат медиҳанд...Чунин ашхоси разил дар ҷамъоварии моли дунё манманӣ карда , ҳалқаи гурусначашмиро мудом ба гардани хеш овезон менамоянд.
Ҳикмати сеюм:
Фарзанди азиз! Нодон касест, ки дар ғафлатгоҳи рўзгор худро гарави ошнову сарфи ношиносони бебасар( кўр) , ки чашми дилашон холӣ аз сурмаи ҷавоҳири феълу атворашон бошад, бинамояд. Он марде, ки нақди комилъиёрии зиндагониро дар ғафлатгоҳи айём бо дасти худ ба ношиносе супорад, узраш ноқабулу тақсираш (камбудиаш) нописанд хоҳад буд.
Ҳикмати чорум:
Азизи ман, аз феъли бад мунҳариф гаштану аз мардуми бад канор гирифтан оқилонро лозим аст. Кори худро ба салоҳ овардану ба афъоли ҳасан(нек) ният доштан хирадмандонро аз фароизу лавозим аст. Марди оқил бояд, ки бо мардуми оқил тарҳи дўстӣ бияфканад ва аз сўҳбати дўсти нодон бигурезад.
Ҳикмати панҷум:
Вақте Худо раҳмат кунад, дузд посбон мешаваду душман меҳрубон.
Далел. Дузди таҷрибадоре шабонгоҳ ба хазинаи подшоҳ ворид шуда, дид, ки шоҳ дар тахт хоб асту атрофаш пур аз лаълу ҷавоҳирот. Чашмаш ба маймуне афтод, ки шамшер дар даст шоҳро посбонӣ мекард. Маймун мўрчаеро ба рўи подшоҳ дида хост бо шамшер онро бизанад. Шамшерро боло бардошта буд, ки дузд бо як чолокӣ дасти маймунро маҳкам дошта гирифт. Подшоҳ аз садои шавқун бедор шуда пурсид, ки чӣ гап аст? Чун аз асли воқеа бохабар гашт, гуфт: "Вақте Худованд каромат кунад, дузд посбону душман меҳрубон мешавад".
Ҳамин тавр дузди раҳмдилу доно соҳибхилъату бологузар шуду маймуни нодон аз ҷондор( муҳофиз) -ӣ дур гашт. Беҳуда нагуфтаанд: "Аз дўсти нодон душмани доно беҳ!"
Ҳикмати шашум:
Азизи ман, аз сўҳбати ҷабборон (ҷабру зулмкунандагон) бипарҳез, ки зимоми аҳди эшон суст асту бинои вафои ин тоифа заиф афтода аст. Онҳо ҳамеша рухсораи мурувватро ба нохуни ҷафо харошида доранду сарчашмаи футувватро ба хоки бадаҳдӣ тира созанд. На ихлосу ошноии ишон ҳурмате дораду на собиқаи хидмату робитаи мулозимат қадреву қимате:
Барои хизмати он кас, ки нашносад ҳақи хидмат,
Макун авқоти худ зоеъ , ки на музд аст, на миннат.
Аз китоби "Дастур-ул -мулук"-и Самандари Тирмизӣ
Категория: Общество | Просмотров: 1044 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024