Среда-Чоршанбе
01.05.2024
18:08
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2012 » Апрель » 19 » 3 қадам ба сӯи оилаи солим
3 қадам ба сӯи оилаи солим
18:31

«Никоҳ карда оила барпо намоед, зеро ман дар рӯзи қиёмат дар байни дигар пайғамбарон аз бисёрии умматонам ифтихор мекунам.»-фармудаанд паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммади мустафо. Яъне хайрбод намудан бо ҳаёти муҷаррадонаю ба сар гирифтани бори зиндагӣ, оиладор шудан аз сунатҳои ҳазрати пайғамбар буда, ҳатто ин амал боиси ифтихори эшон ҳам мешудааст. Аммо ин амали нек ғайри шодмонию саодат санҷишу имтиҳон ва мушкилиҳо низ дорад.
Қадами аввал:
Фотиҳаи пиронро гиред!
Рӯзи ақди никоҳ, туйи арӯсӣ як умр дар хотири инсон нақш мебандад. Ёру дӯстон домоду арӯсро ба муносибати ба тахти бахт нишастанашон табрику таҳният гуфта, ба хотири хушбахтии эшон ва тавлиди боз як оилаи нав шодмонӣ мекунанд. Ҳар як иштирокчии ин маърака даст ба рӯй кашида, ба ҷуфти ҷавон саодату саломатӣ, оилаи пойдору фарзандони солеҳ таманно мекунад. Чӣ шаби шодию фараҳ, чашмони навҷавонон медурахшанд, онҳо аз бахти худ розиянду меболанд. Хаёлашон, ки дар дунё аз онҳо дида хушбахттаре вуҷуд надорад ва ишқи навоғози эшонро ҳам анҷоме нест. Аммо зиндагӣ қонунҳои худро дораду пас аз гузаронидани маъракаю хурсандиҳо ҳаёти оилавӣ оғоз меёбад, ки ҷараёни собиқаи рӯзгори онҳоро ба куллӣ тағйир медиҳад. Келини ҷавон ба оилаи нав меояд, агар ин оила аз ҷумлаи хешу ақрабои онҳо набошад, пас вай ба оилаи тамоман ношинос, нав, ки он тартиботу муносибатҳои хосаи худро дорад, аъзои баробарҳуқуқ мегардад. Шахси аз ҳама наздику маҳрамаш шавҳараш мебошад ва ӯ бояд барои зудтару осон худро аъзои оилаи нав эҳсос кардани ҳамсари ҷавонаш маслиҳатгару ёвараш гардад. Тарки одатҳои пешин кори душворест, ки ҳал намуданион ба ҳардуи онҳо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаю муҳим ба ҳисоб меравад. Душвории асосӣ дар он аст, ки зану шавҳари ҷавон дар оилаҳои худ тарбияҳои гуногун гирифтаанд ва феълу атворашон низ мухталиф мебошанд. Мувофик намудани рафтору одати худ ба шароити оила ва вазифаҳои нави илова шуда махсусан рӯзҳои аввали оиладорӣ хеле душвор аст. Дар ин моҳҳо зану шавҳари ҷавон ҳамдигаррро хубтар мешиносанд, ба вазифаҳои нави оиладорӣ одат мекунанд. Муносибат бо ҳамдигар, хешу табори нав ва волидайни ҳамдигарро танзим менамоянд. Ана дар ҳамин марҳилаи тақдирсоз бояд зану шавҳар кӯшиш кунанд, ки муносибаташон дар асоси адлу инсоф ва баробарҳуқуқии тарафайн сурат гирад. Фаромӯш набояд кард, ки муносибат дар оила аз иззату эҳтиром, ғамхорию дилсузӣ ва якдигарфаҳмӣ сохта мешавад. Хишти аввалини оилаи навин бояд аз муҳаббат, созгорӣ, сулҳҷӯёна ва бо маслиҳати калонсолон гузошта шавад. Дар ин роҳ қадамҳоро бо эҳтиёту эътимод гузоред.
Қадами дуюм:
Аз душвориҳо наҳаросед!
Оиладорӣ раванди мураккаб аст, дар ҳаёти оилавӣ баробари шодию хурсандӣ ғаму ташвиш, носозӣ ва рӯҳафтодагӣ низ ба вуҷуд меояд. Дар оилаи тифоқ, ки иззату ҳурмати якдигарро медонанд, ба маслиҳати якдигар гӯш мекунанд ва бартараф намудани душворӣ ҳам осон мегардад. Масалан агар арӯси нав аз камтаҷрибагӣ ё надонистани шароити оилаи нав кореро хато ба анҷом расонад, ё аз уҳдаи иҷрои коре набарояду хушдоман, хоҳарарӯс ё авсунаш ба ӯ эрод гиранд, дарҳол хафаю маъюс шуда худро « бадбахт» ҳисобидан норавост. Баракс бо лаби хандону чеҳраи кушода хатогиятонро ислоҳ намоед. Шахси чеҳракушоду бекина ба ҳама маъқул мешавад, барои дупула кору ду пула гап зиндагии ширинатонро талх насозед. Ҷавонон бошанд ҳар як шикояти аҳли хонаводаро дар мавриди ҳамсари ҷавонаш бояд дар тарозуи адлу инсоф кашида баъд ба «сиёсат»гузаранд. Зеро дар бисёр мавридҳо аҳли оила одами навро ба қарибӣ ва он қадар хуб да сафи худашон қабул намесозанд. Одобу эҳтиром байни зану шавҳар ва волидайни ҳамдигар барои мустаҳкам гардидани оила воситаи аз ҳама муҳиму асосӣ аст.
Аммо дар оилае, ки самимият, ҳамдардӣ, ва иззату эҳтироми байни ҳамдигарӣ вуҷуд надорад, ба ҷойи оромию хушбахтӣ кинаю ситеза, моҷарою рӯҳафтодагӣ ба вуҷуд меояд, ки ин ба пойдории оила, ҳар як аъзои оила ва махсусан ба кӯдакон таъсири манфӣ мераонад. Кӯдакон он чизеро, ки дар падару модар мебинанд меомӯзанд ва ин омили тарбияи эшон мегардад. Хушбахтии инсон дар дасти худаш аст, ин гуфта асоси соқеи дорад. Яъне бунёд намудани оилаи хушбахт ба муносибати зану шавҳар вобастагии қавӣ дорад. Дар яке аз ҳикояҳои «Наводир-ул –вақоеъ» нависанда ва олими барҷастаи тоҷик Аҳмади ониш дар боби одоби оиладорӣ сухан ронда, оид ба муносибати зану шавҳар чунин гуфтааст: « Мард бояд, ки бо аҳли хеш чун кӯдаке бошад дар навозиш ва бозӣ, аммо ба кадхудоӣ чун мардон бошад. Ва бояд, ки хандон ба хона дарояд, мард бояд чун табибе устод бувад, ки ҳар илоҷе дар вақт нигоҳ медорад, вале бо сабру эҳтимол, ки ғолиб бувад ба қаҳру истило…»
Албатта, ҳаёти оилавӣ бе камбудӣ намешавад ва чуноне, ки Аҳмади Дониш гуфтааст, мард бояд дар ҳар ҳолат норозигӣ ва қаҳру ғазаби худро дошта тавонад. Сабру тоқатро мардум моли занҳо меҳисобанд, аммо дар бисёр ҳолатҳо мебинем, ки оилаҳои ҷавон маҳз аз бесабрии бонувон вайрон мегарданд. Агар дар байни зану шавҳар ягон норозигӣ пайдо шавад, онҳо бояд бо тамкин фикри худро ба якдигар баён кунанд ва бо маслиҳат ба ягон қарори дуруст оянд.
Қадами сеюм:
Бахшиданро омӯзед!
Зану шавҳари ҷавон барои тинҷию саодати оила бояд гузашт карданро омӯзанд. Истодагарӣ карда гапи худро гузаронидан ҳам боиси низои оилавӣ мегардад. Дар оилае, ки байни зану шавҳар ҷангу ҷанҷол бошад ҳама аҳли оила нотинҷу асабонӣ мегарданд. Беҳуда мӯйсафедони таҷрибаи зиндагӣ андухтаю умрдида нагуфтаанд: Дар хонае, ки як рӯз ҷангу ҷанҷол шавад, аз он ҷо чил рӯз файзу баракат мепарад…
Бисёр вақт бонувон аз ягон рафтори шавҳарашон хафа шаванд, рафта ба падару модар ва дӯстону хешу таборонашон шикоят мекунанд. Ин рафтори онҳо тамоман нодуруст аст, зеро сири оиларо баровардан боиси дилхунукии байни зану шавҳари ҷавон гашта, ба бад шудани муносибатҳои тарафайн, ҳатто оилавайронӣ бурда мерасонад.

Хушдомане ба идораи ҳафтавори мо ба ин мазмун мактуб навиштааст:
«Келинам арӯсаки семоҳа буду як рӯз аз ман нопурсида куҷое рафт, писарам аз кор омаду арӯс бедарак, чун пурсид ба ӯрости гапро гуфтам. Пас аз ним соати омадани писарам ҳамсараш аз дар даромад, ӯ занашро барои ин нописандияш ҷанг карда, як шаппотӣ ҳам зад, келинам додувойкунон ба хонаи волидонаш рафту се бародараш омада, писарамро то беҳуш шуданаш латукӯб карданд. Кор ба милисабозӣ расиду ҳар се бародари келинро ба мӯҳлатҳои гуногун барои авбошӣ ҳабс намуданд, писарам бошад, ӯро талоқ дод. Ана ҳамин хел, оилаи навбунёди онҳо аз нописандию бетоқатии келинам вайрон шуд…»
Дар ин моҷаро ҳар ду ҳам айбдоранд, аммо зан бештар, зеро пеш аз он ки ба ҷойе рафт, бояд ба шавҳари худ маслиҳат карда, ӯро огоҳ менамуд. Агар дар набудани ҳамсараш кори таъҷилие баромад, бояд аз хушдоман иҷозат мегирифт. Барои осоиштагӣ ва оромии оила эҳтироми волидони ҳамдигар ҳатмист. Келин ба оилаи шавҳар чун фарзанд дохил мегардад, волидони келин ҳам домодро ба ҷойи фарзанд медонанд. Боз ҳангоми қаҳру ғазаб ва ё асабонияти шавҳар ба ӯ гапгардонӣ карда, ҷанҷол нахаред. Хубтараш монед, ӯ ором шавад, баъд метавонед, худро сафед ё ҳимоя кунед ва ё гапҳои дар дилатон бударо гӯед. Ҳеҷ гоҳ гапи худро гузарониданӣ шуда моҷаро набардоред. Мардҳоро низ лозим аст, ки ба ҳамсарони хеш меҳрубон бошанд, зеро қарсак аз ду даст бармеояду як даст садо надорад. Меҳрубонӣ, навозиш, бахшиш ва дӯстдорӣ ҳам аз якдигарфаҳмӣ сарчашма мегирад.
Фароҳамсоз: Ҳилолаи Баҳриддин
Категория: Общество | Просмотров: 1989 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 4.8/6 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Апрель 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024