Среда-Чоршанбе
24.04.2024
07:19
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Шумо чанд сола хастед?
Всего ответов: 935

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2009 » Июнь » 11 » «ВОРУХ» 80-СОЛА ШУД
«ВОРУХ» 80-СОЛА ШУД
09:51

   Исфара, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). - Имрӯз дар ҷумҳурӣ, номҳои Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, ходими ҳизбию давлатӣ Муллоҳорун Қурбонов, ходими намоёни ҳизбию давлатӣ Муҳаммадбек Нарзибеков, ходими намоёни адлия Ҳизбулло Хоҷаев, адабиётшиносони машҳур Валӣ Самад, Саъдулло Наимбоев, Абдувалӣ Давронов, шоирону нависандагони соҳибзавқ Додохони Эгамзод ва Абдусамеъ Қуддусро кӣ намедонад? Номи аксари онҳо аз доираи як деҳаи зебоманзари Ворух кайҳо берун рафта машҳури кишвар гаштаанд. Ин мардони наҷиб ва боз даҳҳо фарзандони шоистаи як деҳаи хурд, вале дар рӯзгори ҷомеаи тоҷик хеле муҳими Ворух дар пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар саҳми калон мегузоранд.

               Онҳо ҳама парвардаи обу хоки деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ва хоҷагии кишоварзии «Ворух» мебошанд, ки 80 солагии хешро таҷлил кард. Мардуми меҳнатқарини ин деҳаи нозанин ҳамчунин даштҳои синабирёни мавзеи Оқсойро обод карда аз як чӯли бе обу гиёҳ ба гулистони ҳақиқӣ мубаддал сохтанд. Он бо номи шаҳраки «Тоҷикон» машҳур буда ба аз худ карда шуданаш 45 соли расо шуд.

               Ба ин муносибат дар таҷлили ин сана муовини аввали раиси шаҳри Исфара Баҳром Бобоев, раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи агросаноатии шаҳр Шавкатулло Неъматуллоев, раиси идораи хоҷагии об, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Абдусамад Шомирсаидов ва дигарон иштирок намуданд.

               Онҳо дар хусуси саҳми кишоварзони Ворух дар рушду нумӯи иқтисодию иҷтимоии шаҳр, таҷрибаи нодири касбии деҳқонон дар кишту парвариши зироатҳо ва боғдорӣ, таълиму тарбияи фарзандони дилсӯзи миллат, корнамоиҳо дар меҳнати сангин ҷиҳати ободии Ватан ва ғайра сухан карданд.

               Раиси кооперативи истеҳсолии «Ворух» Валиҷон Нозиров иброз дошт, ки имрӯз насли ҷавон анъанаҳои падарону бобоёни худро идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки Ватан боз ҳам ободтар ва дастурхони мардум пур аз нозу неъмат гардад

Просмотров: 3058 | Добавил: vorukh | Рейтинг: 3.5/2 |
Всего комментариев: 3
3 Коилчон  
0
салом хами хатмкунадагони 2004. Гимназия2. Мактаби 53.

2 Коилчон  
0
салом ворух. Я любля тебя но ненавижу тваи взгляди. Всем привет.

1 hylshod.82  
0
Хама дуруг аст дили хеч кас намесузад шикамсер чи парвои шикамгурусна аст аз гуфтани дуругу ваьдахои холи сутуни хонаамон аз тилло шудааст кани насли навраси дилсуз .агар малол шуда бошед атвет нависед


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Июнь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024