Понедельник-Душанбе
06.05.2024
15:58
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 16 » 122 миллион кӯмаки Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон
122 миллион кӯмаки Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон
16:48
Макото Оҷиро, раиси дафтари Бонки осиёии рушд дар Душанбе
16.08.2010
Бонки Осиёии Рушд барои тавсеаи амнияти энержӣ ва навсозии системаи барқтаъминкунии Тоҷикистон 122 миллион доллар ихтисос додааст. Ин тасмим барои ҷилавгирӣ аз камбуди қувваи барқ дар фасли зимистон ва додугирифти барқ бо ҳамсоякишварҳо гирифта шудааст.

Шӯрои мудирони Бонки осиёии рушд ин маблағро аз ҳисоби маблағҳои имтиёзии худ барои Барномаҳои минтақавии интиқоли барқи Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Қарор аст бо ин маблағ ду хатти баландшиддати барқӣ бо тавоноии 220 киловатт, ки 140 километр дарозӣ хоҳад дошт,сохта шавад ва инчунин таъмири истгоҳҳои хурди барқӣ низ дар назар аст.

Ҳамзамон ин лоиҳа дар бозсозии сохтори ширкати давлатии «Барқи тоҷик», ки гуфта мешавад аз сифати пасти хизматрасонӣ, барномарезии нокофӣ ва мудирияти сусти молӣ бархурдор аст, кӯмак хоҳад кард.

Тайи даҳсолаи ахир Тоҷикистон ҳарсола дар фасли сармо ба мушкили камбуди барқ рӯбарӯ мешавад Талоши ҳалли мушкили камбуди барқ дар зимистон

Тақрибан аксари қувваи барқи Тоҷикистон дар фасли тобистон изофӣ буда, ин кишвар дар фасли зимистон ба камбуди барқ рӯбарӯ мегардад.

Таъсисоти барқии Тоҷикистон, ки дар замони шуравӣ сохта шудаанд, дар ҳолати на чандон хуб қарор дошта, тавоноии интиқоли барқ ба ҳамсоякишварҳое чун Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистонро надоранд.

Беҳтар кардани шабакаҳои барқӣ ба шумули истгоҳи Регар, ки хати калиди дар системаи барқтақсимкунии Осиёи Миёна ба шумор меравад, дар амри пурқувват кардани тавоноиҳои ин шабака ва коҳиши таниш байни кишварҳои ширкаткунанда кӯмак хоҳад кард.

Ин лоиҳа бар амнияти энержӣ ва беҳтар шудани таъсири фаъолияти ширкати давлатӣ мусоъидат намуда дар боло бурдани низоми табодули барқ байни ҳамсоякишварҳо мусоидат хоҳад намуд.

Кумак ба "Барқи тоҷик"

Барномаи дар назаргирифташуда ба коҳиши хисороти молӣ мунҷар шуда, ширкати давлатии «Барқи тоҷик»-ро кӯмак хоҳад кард то сари пои худ биистад.

"Барқи тоҷик" умдатарин ширкати давлатист, ки лоиҳаҳои вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистонро пиёда менамояд.

Ин кӯмаки молии Бонки Осиёии Рушд 87% дарсад саҳми ин ниҳоди молӣ дар барномаи нави панҷсолаест, ки 19 миллион доллари боқиашро бояд худи давлати Тоҷикистон ва "Барқи Тоҷик” пайдо кунанд.

Душанбе аз соли 1998 ба Бонки Осиёии Рушд пайваста, то кунун аз ин ниҳод беш аз ним миллиард доллар қарзу кӯмак дарёфт кардааст.

Интизор меравад ин пружаҳо то моҳи феврали 2015 такмил шаванд.

Категория: Экономика | Просмотров: 765 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024