Пятница-Ҷумъа
24.11.2017
01:57
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход
Бани одам - Форум-Cухбатхона »
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск-Ҷустуҷуй · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Бани одам (Андешахо перомуни масоили минтака!)
Бани одам
vorukhДата: Понедельник-Душанбе, 30.01.2012, 11:45 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Андешахо перомуни масоили минтака!
 
VorukhiДата: Воскресенье-Якшанбе, 05.02.2012, 12:07 | Сообщение # 2
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 11
Репутация: 1
Статус: Offline
АФСОНАҲОИ ПАСИПАРДАГИИ БАШАРИЯТ.

1 ТАҲДИД
АЛЪОН ЧЙ ДАР ГУФТОР ВА ЧЙ ДАР СЎҲБАТҲОИ ХОСАИ МАРДУМ ПИРОМУНИ АВЗОИ СИЁСИИ ЧАҲОН БЕШТАР АЗ ТАРҲРЕЗЙ ВА ОҒОЗИ АМАЛИЁТИ НИЗОМИИ АМРИКО БАР АЛАЙҲИ ЭРОН СУХАН МЕРАВАД. ҲАМАГОН МЕДОНАНД, КИ МАВЧУДИЯТИ СИЛОҲИ АТОМЙ ДАР ЭРОН (АГАР БОШАД!) ЯГОНА БАҲОНАЕСТ БАРОИ БАДХОҲОНИ ИН КИШВАР. ВАГАРНА, МО ШОҲИД БАР ОН ҲАСТЕМ, КИ БО ВУЧУДИ БО ДАЛЕЛҲОИ МУЪТАМАД СОБИТ СОХТАНИ ОН КИ ДАР ИРОҚ ЯРОҚИ ҚАТЛИ ОМ НЕСТ, АМРИКО БА КОВИШҲОВУ ПОЛИШҲОИ МАГАТЭ ЭЪТИМОД НАКАРД ВА БА СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД ЭЪТИБОР НАДОДУ УРДУҲОИ НИЗОМИАШРО ВОРИДИ ИН КИШВАР ГАРДОНД ВА САРИ АРАБҲО БОРОНИ БОМБАЮ СНАРЯД РЕХТ. ВА ИН ҲАМА БАР ҚАСДИ МАҒЛУБИЯТИ ПАДАРИ БУШ СОЛҲОИ ПЕШИН ДАР “АМАЛИЁТИ БИЁБОН” БУД, ЯЪНЕ ПИСАР ХОСТ ҚАССОСИ ПАДАРРО БИГИРАД ВА МУВАФФАҚ ҲАМ ГАШТ.
МАСЪАЛАИ ЭРОН ҲАМ БА ИН ШАБОҲАТ ДОРАД. БАЪД АЗ ИНҚИЛОБИ ИСЛОМЙ ДАР ЭРОН ВА АЗ ХОКИ ПОКИ ИН САРЗАМИН БЕРУН КАШИДАНИ АМРИКОИҲО ИМРЎЗ БА ЧУЗЪ МАВЧУДИЯТИ СИЛОҲИ АТОМИИ ИН КИШВАРРО БАҲОНА ОВАРДАН ДИГАР ИЛЛАТЕ НАМЕЁБАНД. ПОЯИ БАРНОМАИ ИН ФИТНАГАРИҲОРО МУШОВИРОН, КИ КУЛЛАН ЧУҲУДҲОИ СИОНИСТ ҲАСТАНД, КАЙҲО ТАРТИБ ДОДААНД. ТАНҲО ИНТИЗОР БАР АМРИ “КАДУШОҲИ ДЕМОКРАТИЯ” ҲАСТАНД. ДАВОМИ ҲАВОДИС БА ЧЙ АНЧОМ МЕПАЗИРАД МОВУ ШУМО ВА БАШАРИЯТ ШОҲИД ХОҲЕМ ШУД.
ВА ДИГАР ИДЕОЛОГИЯИ “СЕМИТИЗМ” АЛЪОН МИСЛИ РАВИЯИ “ПАНТУРКИЗМ” ХУДХОҲ ГАШТАВУ НАМЕТАВОНАД БАШАРДЎСТОНА БОШАД ВА БАРОИ ПЕШБУРДИ БАШАРИЯТ ХИЗМАТ КУНАД. НАМОЯНДАГОНИ ИН ЧАРАЁН ХЕЛЕ МОҲИРОНА БА ТОРҲОИ НОЗУКИ ДАВЛАТДОРИИ АҲЛИ БАШАР НОХУН ЗАДА, ОЛАМИЁНРО МУҚОБИЛИ ИН Ё ОН ДАВЛАТЕ, КИ САДДИ РОҲАШОН МЕШАВАД, МЕШУРОНАНД. СУСТТАРИН ЧОДАҲОИ ХАРАКТЕРИ ИНСОНЙ АЗ ҚАБИЛИ ҲИРСРО ОМЎХТА АЗ ОН БА ХУБЙ ИСТИФОДА МЕБАРАНД. БА ИН МАЪНИҲО ГУМОН БУРДАН ЧОИЗ АСТ, КИ АМРИКОРО ҒАЙР АЗ ҲИССИ БАДБИНЙ БОЗ БАРАНГЕЗАНДАГОНИ ДИГАРЕ НИЗ БА ТАҲРИК МЕОРАНД.
ВАГАРНА КЙ МЕТАВОНАД ГЎЯД, КИ ЧАРО ДАР ГУЗОРИШҲОИ АМРИКО ВА СТРАТЕГИЯИ БЕХАТАРИИ ОН ЭРОН БАРОИ АМРИКО ҲАМЧУН ТАҲДИДИ АСОСЙ ҲИСОБИДА ШУДААСТ?
ПЎШИДА НЕСТ, КИ ДАР ЧАҲОН ВА ХУСУСАН ДАР ОСИЁИ НАЗДИК ХАЛҚҲОИ ЗИЁДЕ ҲАСТАНД, КИ ҲАЗОРСОЛАҲО ЗИСТААНДУ ДАВЛАТ НАДОРАНД. ИСРОИЛЕ, КИ ДАР НАТИЧАИ НАБАРДҲОИ РАВИЯИ АНТИСЕМИТЙ АРЗИ ҲАСТЙ ДОРАД, ДАР ИН МАЗМУН БУРДИ КАЛОН КАРДААСТ. ҲУКУМАТИ ИСРОИЛ ИМРЎЗ ХУД ТАРҲРЕЗИ ЧАРАЁНИ “АНТИСЕМИТИЗМ” ГАШТА “ДЕМОКРАТИЯ”-РО МОҲИРОНА ПУШТУ ПАНОҲИ ИН ЧАРАЁН СОХТААСТУ КАСЕ РАВИЯВУ КЎШИШҲОИ ИН ҲУКУМАТРО ДАР ТАРОЗЎИ “ДЕМОКРАТИЯ” БАР НАМЕКАШАД. МАГАР “ХАМАС” БА ТАРИҚИ ДЕМОКРАТЙ БО РОҲИ ИНТИХОБОТ БА САРИ ҚУДРАТ НАОМАД? ПАС ЧАРО ДАВЛАТИ ИСРОИЛ ОНҲОРО “ТЕРРОРИСТ” МЕХОНАДУ НАМЕХОҲАД БО ОНҲО ДАР ГУФТУШУНИД БОШАД?
АМРИКОЕ, КИ ДАР САДОИ ДОИРАИ ИСРОИЛ РАҚС МЕКУНАД, ИМРЎЗ МОНОПОЛИСТИ ЯРОҚИ ЯДРОИСТ. СОЛИ 2001 БАЪДИ САРШАВИИ ИЧРОИ АҲДҲОИ ШАРТНОМАИ КАМ КАРДАНИ ЯРОҚИ ЯДРОЙ ДАР АМРИКО ВА РУССИЯ ШАШ ҲАЗОРТОГЙ ЗАРЯДИ ЯРОҚИ ЯДРОЙ ВУЧУД ДОШТ. ДАР АВВАЛҲОИ СОЛИ 2006 БОШАД АМРИКО СОҲИБИ 4600 ЗАРЯДИ ЯДРОЙ, 1079 БАРАНДА, РУССИЯ 3451 ЗАРЯДИ ЯДРОЙ , 812 БАРАНДА БУДАНД. ПАС МАГАР ПОТЕНСИАЛИ “ТАҲДИД” БУДАНИ АМРИКО БАРОИ БАШАРИЯТ ВУЧУД НАДОРАД? ПАС ЧЙ ГУНА ЭРОНЕРО, КИ НАВ ДАСТОВАРДҲОИ НАХУСТИНРО ДАР ИН ЧОДАИ ИЛМ СОҲИБ МЕШАВАД “ТАҲДИД” ШУМОРИД?
2.ЧАНГ ВА СУЛҲ
ПИНДОРЕ РЎ МЕЗАНАД, КИ БАРОИ АМРИКО БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ЭРОН БАҲОНАИ ИДЕАЛИИ ГУЗАРИШ АЗ ЧАНГИ САРД БА АМАЛИЁТИ ҲАРБЙ АСТ ВА ИН АМАЛИЁТ ИМКОНИЯТИ ДУР БУРДАНИ ХОТИРИ ЧОМИА АЗ БОХТИ АМРИКО ДАР ИРОҚУ АФҒОНИСТОН АСТ.АЗ ИН РЎ АМРИКО БО ҲАР ВАСИЛА КЎШИШ БА ХАРЧ МЕДИҲАД МУҚОБИЛОНИ АМАЛИЁТИ ҲАРБЙ-СУЛҲХОҲОНРО ЧОНИБИ ХУД ГАРДОНАД. ИМРЎЗҲО АМРИКО БА ЧОНИБДОРОНИ ЭРОН- РУССИЯ ВА ХИТОЙ “САВДОИ ПАСИПАРДАГЙ” ДОРАД.
БОЯД ХОТИРНИШОН КАРД, КИ АЗ САРШАВИИ ЧАНГ ДАР ЭРОН БИСЁР ДАВЛАТҲОВУ ХАЛҚИЯТҲО ЗАРАР МЕБИНАНД ВА ХАВФИ БА ДУ ГУРЎҲ ЧУДО ШУДАНИ ДАВЛАТҲОВУ САР ЗАДАНИ ЧАНГИ ЧАҲОНЙ БАРОИ ИНСОНИЯТ МАВЧУД АСТ. АЗ ИН ЧАНГ АМРИКОВУ ИСРОИЛ АМАЛЙ ГАРДОНИДАНИ ОРЗЎҲОЯШОНРО, АММО РУССИЯ МЕТАВОНАД МИЛЛИАРДҲО ДОЛЛАР ЗАРАРРО ЧАШМДОР БОШАД, ЧУНКИ ИМРЎЗҲО ҲАЧМИ САВДОИ ЭРОНУ РУССИЯ ЗИЁДА АЗ ДУ МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ СОЛОНАРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. ҲАМЧУНИН ОСОИШТАГИИ ЭРОН ИН ОСОИШТАГИИ ҲАМСОЯМАРЗҲОИ ЎСТ.АГАР ДАР ЭРОН ЧАНГ САР ШАВАД, ХОҲУ НОХОҲ ҲАМСОЯМАРЗҲО БА ИН ЧАНГ КАШИДА МЕШАВАНД.
ДИГАР ЧОНИБИ МАСЪАЛА, БА ДУ ЛАГЕРИ ДИНЙ МУТТАҲИД ГАШТАНИ ИНСОНИЯТ БА МИЁН МЕОЯД ВА АНИҚ АСТ, КИ ИН ЧАНГ БАРОИ ТАМОМИ ИНСОНИЯТ ХАРОБИҲОИ ГЎШНОШУНИД МЕОРАД. БИНОБАР ҲАМИН АМАЛИЁТИ СУЛҲЧУЁНАИ РУССИЯВУ ХИТОЙ БАРОИ МАНФИАТИ БАШАРИЯТ БУДА, АМРИКО БОЯД ДАР САРИ ИН МАСЪАЛА ДУРУСТТАР АНДЕША КУНАД. БАШАРИЯТ ХОҲОНИ СУЛҲ АСТ НА ХОҲОНИ ЗУРОВАРИВУ ЧАНГ!

3.КИШТИНИШАСТАГОНЕМ.
ДАР ЧУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ИМРЎЗҲО 65,5 МИЛЛИОН НАФАР АҲОЛЙ ЗИНДАГЙ МЕКУНАНД. ОНҲО НАМОЯНДАГОНИ 7 МИЛЛАТУ ХАЛҚИЯТ- ФОРС, ОЗАРЙ, КУРД, ЛУР, АРАБ, БАЛУЧ, ТУРКМАН БУДА ДАР МУСОЛИҲАВУ ОСОИШ ЗИНДАГЙ МЕКУНАНД.
ИҚТИСОДИЁТИ ЭРОН БАЪДИ РЕВОЛЮТСИЯИ ИСЛОМЙ ХЕЛО ПЕШ РАФТ. ДАР БАРОБАРИ ЗИЁД ШУДАНИ ИСТЕҲСОЛИ НАФТ САНОАТ ТАРАҚҚЙ КАРД. ДАР 10-15 СОЛИ ОХИР КОРХОНАҲОИ НАВТАРИНИ МЕТАЛУРГЙ, МОШИНСОЗЙ, БОФАНДАГЙ, ЭЛЕКТРОНЙ, НАФТУ КИМИЁВЙ ВА ҲАМЧУНИН КОРХОНҲОИ ИСТЕҲСОЛИ МОЛИ НИЁЗИ МАРДУМ АЗ ҚАБИЛИ ЯХДОН, ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО, КОМПУТЕР, МОШИНИ ЧОМАШЎЙ ИСТЕҲСОЛКУНАНДА СОХТА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД. МАЧМЎИ МАҲСУЛОТИ КИШВАР ДАР ҲАМИН МУДДАТ БЕШ АЗ 2 МАРОТИБА АФЗУД. ИМРЎЗҲО МАЧМЎИ ЗАХИРАИ КАШФКАРДАИ ЭРОН 89,7 МИЛЛИАРД БАРЕЛ, ИҚТИДОРИ ИСТЕҲСОЛИ НАФТ ДАР ЯК СОЛ 1,533 МИЛЛИАРД БАРЕЛРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. ЗАХИРАИ ГАЗИ ЭРОН 20,75 ТРИЛЛИОН МЕТРИ КУБЙ БУДА СОДИРОТИ НАФТУ ГАЗ ДАР ЯК СОЛ 26,573 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
ПАС АНДЕША МЕБОЯД. ЧЙ ГУНА ДАВЛАТЕРО, КИ СОҲИБИ ЧУНИН ЗАХИРАИ БОЙ АСТ ВА ЧУНИН БОСУРЪАТ ТАРАҚҚЙ МЕКУНАД, МЕТАВОН БАРОИ ИНСОНИЯТ ТАҲДИД ҲИСОБИД?
ТИБҚИ ИТТИЛООТИ “РИА НОВОСТИ” 28 НАФАР КОНГРЕСМЕНҲОИ АМРИКО АЗ ЧОРЧ БУШ ТАЛАБ КАРДА БУДАНД, КИ БЕ РИЗОИЯТИ КОНГРЕСИ ИМА МУҚОБИЛИ ЭРОН АМАЛИЁТИ ҲАРБИРО САР НАКУНАД. ДАР МАВРИДИ ЭРОН РЕЗОЛЮТСИЯИ БАЪДИ АМАЛИЁТҲОИ ТЕРРОРИСТИИ 11-СЕНТЯБРИ СОЛИ 2001 ҚАБУЛКАРДАИ КОНГРЕСС ОИДИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ҲАРБЙ ДАР ХОРИЧИ КИШВАР МУКОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ ҚОБИЛИ ҚАБУЛ НЕСТ, ЧУНКИ ҲАМРОҲИИ ЭРОН БА АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТИИ 11-СЕНТЯБР ИСБОТ НАШУДА ВА Ў ЯГОН МАРОТИБА “ТЕРРОРИЗМ”-РО ЧОНИБДОРЙ НАКАРДААСТ.”
ҲАМЧУНИН ТАЪКИДИ САРЕҲУ САҲЕҲИ ЭРОН БА МАРОТИБҲО САДО ДОДААСТ, КИ БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ЭРОН ХИСЛАТИ ОСОИШТА ДОРАД ВА ҲАДАФ АЗ ИСТИФОДАИ АТОМ ТАҲКИМИ ИҚТИДОРИ ИҚТИСОДЙ ВА НЕКЎАҲВОЛИИ МАРДУМ АСТ.
ИМРЎЗҲО БАШАРИЯТ КИШТИНИШАСТАГОНЕРО МЕМОНАД, КИ ИНТИЗОРИ БОДИ МУРОДАНД. АЗ ИН РЎ МЕБОЯД БОРЕ АҲЛИ БАШАР “ДЕМОКРАТИЯ”- И ЯКЧОНИБРО ЧАШМАНДОЗИ КУНАНДУ КАМЕ ЧУРЪАТ БА ХУД ГИРИФТА БА РЎИ ИН “ДЕМОКРАТИЯ”-И ЗУРОВАРОНА ҒАЛАТ БУДАНИ ЎРО РЎИРОСТ ГЎЯД ВА Ё ХУД “ТУФ” КУНАНД.
АХИРАН АМРИКОВУ ИСРОИЛ НАМЕТАВОНАНД БА ЭРОНИ ИСЛОМЙ БЎҲТОНИ ДИНЙ ВА Ё НАБУДАНИ ДЕМОКРАТИЯРО ЧАСПОНИДА, МИСЛИ КИРДОРҲОИ ПЕШИН ОНРО ДАР НАЗДИ БАШАРИЯТ СИЯҲРЎ КУНАНД, ЧУНКИ БОРЕ НАШУДА, КИ ОН ЧО ҲУҚУҚИ АФРОДЕРО ЭЪТИРОФ НАКАРДА БОШАНД ВА Ё “ТЕРРОРИЗМ” –РО ЧОНИБДОРЙ КАРДА БОШАНД.
ПАС БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ЭРОН ЯГОНА БАҲОНАИ ОНҲОСТ. ҲОЛ ОН КИ КАСЕРО ПЎШИДА НЕСТ, КИ ТО ИНҚИЛОБИ ИСЛОМЙ ЭРОН ЗЕРИ ТАСАРРУФИ ИМА ЧОЙ ДОШТ ВА АМРИКО МЕХОСТ ДАР ИН МАМЛАКАТ ТЕХНОЛОГИЯИ ҲАСТАИРО БУНЁД НАМОЯД.
АСЛАН МУАЙЯН КАРДАНИ САБАБИ ЧАНГ ОН ҚАДАР МУШКИЛ НЕСТ ВА МЕТАВОН ГУФТ, КИ ИНРО ЧАҲОНИЁН ХУБ ДАРК КАРДААНД. МАЪЛУМ АСТ, КИ ИМРЎЗҲО ЗАХИРАИ КАШФКАРДАИ НАФТИ ЧАҲОН БА 2- ТРИЛЛИОН БАРЕЛ БАРОБАР АСТ:
АРАБИСТОНИ САУДЙ – 261,8 МЛРД БАРЕЛ
ИРОҚ - 112,5 МЛРД БАРЕЛ
КУВЕЙТ - 98,6 МЛРД БАРЕЛ
ЭРОН - 89,6 МЛРД БАРЕЛ
РУССИЯ - 48,6 МЛРД БАРЕЛ.
ЗАХИРАҲОИ КАШФКАРДАИ ГАЗИ ЧАҲОНЙ БОШАД, БА 150 ТРИЛЛИОН МЕТРИ КУБЙ РОСТ МЕОЯД, КИ АЗ ИН 35% -АШ БА СЕ ДАВЛАТ ТАААЛЛУҚ ДОРАД:
РУССИЯ -22 ТРИЛЛИОН МЕТРИ КУБЙ.
ЭРОН -20,75 ТРИЛЛИОН МЕТРИ КУБЙ.
ТУРКМАНИСТОН - 15,7 ТРИЛЛИОН МЕТРИ КУБЙ.
ХУДИ ҲАМИН НИШОНДОДҲО МЕТАВОНАД БОЗГЎИ САБАБҲОИ ЧАНГ ВА ШАҲОДАТИ МАНФИАТЧЎИҲОИ АМРИКО БОШАД.
ВАГАРНА ХУД МУВОФИҚИ БАНДИ САВВУМИ ОЙИННОМАИ АГЕНТИИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЭНЕРГИЯИ АТОМЙ ТАМОМИ ДАВЛАТҲО ҲУҚУҚ ДОРАНД, КИ ТАҲҚИҚОТИ ҲАСТАИРО АНЧОМ ДИҲАНД ВА ДИГАР КИШВАРҲОИ МУТАРАҚҚИРО ЛОЗИМ АСТ ДАР ИН ЧОДА БА ОНҲО КЎМАК КУНАНД.
МАГАР КЎМАКИ АМРИКО ЧУН ДАВЛАТИ МУТТАРАҚҚЙ ҲАМИН АСТ?


ҲИКМАТУЛЛО
БАҲОДУРОВ.
РУЗНОМАНИГОР.

 
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Бани одам (Андешахо перомуни масоили минтака!)
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2017