Дар васфи ватан !!! - Форум-Cухбатхона
 
Среда-Чоршанбе
30.07.2014
05:55
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход
Дар васфи ватан !!! - Форум-Cухбатхона »
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск-Ҷустуҷуй · RSS ]
Страница 2 из 11
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Дар васфи ватан !!! (Дар васфи ватан !!!)
Дар васфи ватан !!!
vorukhДата: Суббота-Шанбе, 05.04.2008, 11:06 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Точикистон- мазхари ман,
Cарзамини камзамин,
Ту саросар кухсори,
Ту саросар сангзори,
Чунки фарзандони ту дар тули таърихи дароз
Хар кучо рафтанд,
муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар чустучуи бахти худ
Дар биёбонхои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Хар кучо рафтанд махчуру гариб
Аз фирокат чуфти онхо нолаю андух шуд.
Чумла дар куи гариби хок гаштанд эй дарег,
Орзухошон дар ин чо санг басту кух шуд.
Хар кучо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба гурбат,
ё тичорат,
Ё гуреза аз хама тазвину кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгори бурдаанд.
То агар рузе бимиранд аз казо,
Дар гариби бекасу беошно
Хоки ту бошад нишони охирин...
Точикистон!-
Сарзамини камзамин,
Хоки ту инсон парешон гаштааст,
Бо хама хоки чахон ингуна хамсон гаштааст.
Хоки ту
Бо сари пуршури Деваштич то Багдод рафт,
Он сари аз тан чудо,
Аз ту чудо
Бо дод аз бедод рафт.
Хоки ту
Бо сари Рахшона то Юнон расид.
Бо хазорон нолаю афгон расид.
Монд дар Табрез бо наъши Камол,
Бо замин омехт то шуд безавол.
Хоки Хиндустон зи Бедил дил гирифт,
Наъши у то човидон манзил гирифт.
Бурд Сино то Хамадон хоки ту,
Монд он чо мушки хоки поки ту.
Он кадар точик чуста булъачаб
Хонаи иллах ба сахрои араб
Мурдаву хоки туро бо хеш бурд,
Колбадро то бад он сахро супурд.
Хоки ту ин гуна кам шуд,кишварам,
Инчунин аз ашк нам шуд,кишварам.
Хар кадар ки хоки ту барбод шуд,
Хоки дигар он кадар обод шуд...
Ин чи густохи?Маро маъзур дор.
Хоки ту кам шуд магар?
Хоки ту кам шуд ба микдору
фарохотар ба арзу тул шуд,
Гарчи номат
Хамчу мулки кухсорон дар чахон машхур шуд.
Лек боке нест!
Бахри он сангат зиёду куххот
То бисози пайкара бар ёдгори он хама
Мардони пурхасрат,
Ки хокатро парешон кардаанд.
Бахри он мардон,
Ки номатро дар олам Точикистон кардаанд.
Пайкара чандон тароши, месазад.
Бахри он мардон,ки хокатро кунун зар кардаанд,
Куххоятро барои арзи мехру дусти
Ин замон озод минбар кардаанд...(ЛОИК ШЕРАЛИ)
 
ZvezdaДата: Воскресенье-Якшанбе, 20.04.2008, 09:13 | Сообщение # 2
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 23
Репутация: 3
Статус: Offline
T O J I K A M.

Nomi tojik dar zabonu dar dilu dar paykaram,
Ishqi tojik pok doram misli shiri modaram.
Tojikam guyam,on gah dar fazo man meparam,
Nomi tojik toji fakhri jovidoni bar saram,
Millati bumyodkor, ovozadoram,tojikam.
Davlati Somoniyonro zinda kard Ismoil,
Rudakiy Idni Sino,fakhri mo Firdavsi ham,
Takhti tojik shud ba soni takhti DOro,takhti Jam,
Nest tojik az kase kam,u nadorad dardu gam,
Millati bunyodkor,ovozadoram,tojikam.
Fakhrho doram,ki tojik zodaast in sarzamin,
Ham manm az khirmani ahli guhar yak khushachin.
Az azal bud tojikam bologuzar,dolonishin.
Nomi khudro dar dy dunyo gum nasozad chun nigin,
Millati bunyodkor,ovozadoram, Tojikam......


Дар ин олам дили бегам набошад,
Агар бошад дили одам набошад.
 
vorukhДата: Воскресенье-Якшанбе, 20.04.2008, 09:19 | Сообщение # 3
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.

Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи “майдо”-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хурдем аз хони падарҳо.
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.
Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.
tajik :tajikistan:
 
ZvezdaДата: Среда-Чоршанбе, 30.04.2008, 21:35 | Сообщение # 4
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 23
Репутация: 3
Статус: Offline
Biguftand:In chaman as TOJIKISTON.
Zi takhti Rudaki Mirzoi jonon.
Gazalhoyash sadoi khalqi tojik.
Ba qari dil rasad chun durru tobon.
VATAN gui,zi modar mekuni yod,
VATANro bar vatandorash Khudo dod.
Har on kas,ki VATAN-MODAR parastad,
Parastorash dar in olam Khudo bod.

Добавлено (25.04.2008, 08:23)
---------------------------------------------
Sarchashmai bogi bulbulonay Vatanam,
Khushbodu havoy bustonay Vatanam.
Yak bor agar bod barad bar Vatanam.
Dil pora kuna,yodi garibi nakunum.

Khoki Vatan az takhti Sulaymon khushtar,
Khori Vatan az lolavu rayhon khushtar.
Ysuf,ki ba Misr podshohi mekard,
E kosh gado bud, ba Qanon khushtar.

Добавлено (30.04.2008, 21:33)
---------------------------------------------
Vatan gui,zi modar mekuni yod,
Vatanro bar vatandorash khudo dod.
Ba ishqi in Vatan bardosht qomat,
Turo modar zamone bar jahon zod.
Khiyonat ba vatan har kas namoyad,
Varo nafrin az ahli jahon bod.
Agar,ki dar vatan boshi, shavi shod.
Har on,ki bevatan shud, khor gardid,
Agar ishqi vatan dar dil shavad jo
shavad bebok farzandash chu Farhod.
Vatandoro,Vaatanro pos dorash,
Ki mehri u buvad bar tu khudodod.
Haron kas,ki Vatan-Modar parastad,
Parastorash dar in olam Khudo bod.

Добавлено (30.04.2008, 21:35)
---------------------------------------------
Quote

Isfara yak porchai zamini muqaddasi tojikon,yak nohiyai khushtarini ibratbakhshi Tojikiston ast.Isfara yake az qadimtarin shahrhoi Osiyoi Miyoha meboshad.Ba mardumi Isfara ''Andeshai nek,Sukhani nek,kirdori nek''-ana hamin 3-vasiyati muhimtarine,ki baroi bani odami dar ''Avesto'' omadaast,meros mond ba hukmi anana daromadaast.Bisypr shoironi mo dar vasfi in duyori khushmanzara sherho guftaand;Mumin Qanoat chunon farmudaast;;

Isfara,
Shukhii daryoi tu,
Sofii dilhoi tu,
Jon medihad dil mebarad.
Shom zeri pardai gul khuftai,
Hamchun rozi dukhtaron dar pardai,
Hamchun sheri bebaho noguftai.
To sahar masti tuyam,
Masti gulbonge,ki meoyad zi bogi bulbulon,
Masti subhe,ki damida az pardai chilkokulon,
Oshiqi kuhe,ki dorad dar kamar tiru kamon.
Avvalin shom ast mebinam turo,
Lek rui oshno,
Rangu bui oshno.
az kanori Panj bayni Chorkuh aftodaam.
Isfara, Isfara!
E maro dar didai khud joy kun,
E turo dar sinai khud mebaram.
,


Дар ин олам дили бегам набошад,
Агар бошад дили одам набошад.
 
МухочирДата: Воскресенье-Якшанбе, 19.09.2010, 17:26 | Сообщение # 5
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 21
Репутация: 4
Статус: Offline
Суруди миллии
Чумхурии Точикистон
Шеъри Гулназар Келдӣ
Оханги Сулаймон Юдаков

Диёри арчманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонахо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем
Зинда бош эй Ватан,
Точикистони озоди ман!
Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту бахри ворисон чахони човидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбахори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту
Зинда бош эй Ватан,
Точикистони озоди ман!
Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми чисму чони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту хастиву хама чахон хабиби мост,
хабиби мост,
Зинда бош эй Ватан,
Точикистони озоди ман!

 
ZvezdaДата: Пятница-Ҷумъа, 11.03.2011, 15:52 | Сообщение # 6
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 23
Репутация: 3
Статус: Offline
САЛОМ ЗАРИФЧОН ХУБ ХАСТИ?
АХСАНАТ ТО ХОЛ ДАР ВАСФИ ВАТАНУ ТОЧИКИСТОН МЕНАВИС ДАРДИ ЧУДОИЮ МУХОЧИРАТРО

Зикри дили ман хамеша номи ватанаст,
Авроди забони ман каломи ватан аст.
Ман восифи ишки ватани махбубам,
Фехристи китоби ман мароми ватан аст..

Ватан бар ман азизи хамчуноне бар танам чонам,
Ба чуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст ахду паймонам,
Тамоми хастииям пайваста бо ту эй Ватан чона

Ранч бурда модаре фарзанд пайдо мекунад,
Ин писарро посбони руи дунё мекунад.
То шавад пояндаи такдири дунё он писар,
Дар дили фарзанди худ мехри Ватан чо мекунад.


Дар ин олам дили бегам набошад,
Агар бошад дили одам набошад.
 
ZvezdaДата: Пятница-Ҷумъа, 11.03.2011, 16:41 | Сообщение # 7
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 23
Репутация: 3
Статус: Offline

Ватан бар ман азизи хамчуноне бар танам чонам,
Ба чуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст ахду паймонам,
Тамоми хастииям пайваста бо ту эё Ватан чонам..

Прикрепления: 2583321.jpg(11Kb) · 5290478.jpg(111Kb) · 9236465.jpeg(6Kb)


Дар ин олам дили бегам набошад,
Агар бошад дили одам набошад.
 
VorukhiДата: Четверг-Панҷшанбе, 19.01.2012, 03:32 | Сообщение # 8
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 11
Репутация: 1
Статус: Offline
Салом додарам Зарифчон!
Аслан сохтани сайт кори Шумо чавонхост. Аммо мухаббати зодгох ногузир яке аз барангезандагони бузургест, ки пиру чавонро бо хам меорад. Худи сохтани сайти зодгох химмати бузургест аз чониби Шумо. Ташаккур!
Хостам дар он баъзе пиндорхои худро зинда гардонам, аммо натавонистам. Тагйиру илова шояд факат хоси худи Шумост ва ин дуруст хам хаст. Аммо каме ба иштирокчиён имкон дихед боз хубтар мешуд, масалан дар интихоби мавзуъ. Аз by сайт торафт рангинтар мешавад ва ягон бохте дар пеш нест.
Дар менюи сайт мавзуъхоро чунин гузориш медодед хуб мебуд
1.Сахифаи асоси.
2.Бани одам (Андешахо перомуни масоили минтака.)
3.Ворух –доири таърихи он чи гуфтание доред?
4.Дар олами эхсос
Назм.
Наср.
5.Адабиёти классикии форсу точик
6.Адабиёти советии точик
7.Шохидони лол (фоторепортаж)
8.Чашмандоз(хабархои навтарин)
9.Парастуи умед(Мактубхои саркушоду бетахрир…)
10.Номаи номуроди
11.Васфи Ватан
12.Ислом ба зоти худ надорад айбе…
13 Мусохиба.
14.Андарзнома
15.Ёдномаи мухаббат
16.Дилфиреб(манзарахои диёр)
17.Дастони таърихсоз(Пешниходоти роххои пешбурди иктисоди кишварва зодгох)
18.Андешахои уламои давр. (сахифае барои олимон)
19.Зодгох (пайванди хамшахр, хамдеха, хамсинф, хамкурс, зодагон)
20.Суруду мусики.
21.Забон меомузем…(Тарчумонхо,программаи тарчумон,лугатхо.)
22.Китобхона.
23.Навигарихои илму техника.
Факат чунин тарзи гузориш вогуи асолати маънавии мардуми Ворухи куханбунёд буда метавонад. Охирдар тамоми давру замон Ворухро чун макони илм медонистанд:
"Касди кадими мактаб моро чамоли Ворух"
Дар садаи 19 Яке аз шоирон ва уламои машхури Куконзамин гуфта буд:
Мобайни хоки Турон некухисоли Ворух
Як як шаръ хичрат хушбаркамоли Ворух
Асбоби шаръ мухайё масчидлари мутаххар
Беш вакт намозга мазхар бонги Билоли Ворух.
Яке аз мутафаккирони бузурги шарк Махмудхочаи Бехбуди менависад:
БАРОИ ОН КИ ОЛАМРО ДАРК КУНЕМ, БАРОИ ОН КИ БА КОМИЛИЯТ ВА ХУШБАХТЙ БИРАСЕМ, БОЯД ТАЪРИХРО БИОМЎЗЕМ ВА БА ОН ОШНО БОШЕМ.

Деҳаи Ворух - яке аз беҳтарин ва зеботарин гўшаҳои табиат дар қисмати чанубу ғарбии водии Фарғонабуда, таърихи бой дорад. Марҳилаи аввали пайдоиши ҳаётро дар Ворух ба пайдоиши чомиаи ибтидой алоқаманд ҳисоб мекунанд. Ин давра ба давраи мустерй ё худ палеолити миёна, ки ибтидояш 100 000-сол ва интиҳояш 43 000-сол аст, рост меояд. Нишонаҳои ин давраро олими рус В. Ранов дар Хочаи Ғор пайдо намуда Ворухро ба харитаи асри санг дохил намудааст.
Агар мо ба гуфтахои олимон Б. Гафуров, Б.А.Литвинский, Бартольд ва дигар манбаҳои таърихии пайдоиш ва маскуншавии маҳаллоти Осиёи Миёна назар андозем мебинем, ки мусалламан ворухиён ин халқҳои шарқиэронии аз қадимулайём муқими Осиёи Миёна ҳайтолиён, саккоихо,суғдиҳо буда, дар маскуншавии бузурги халқҳои чануби Осиё дар оғози аҳди таърих ҳиссаи сазовор гузоштаанд.
Дар мавзеъхои гуногун чой доштани ворухкишлокхо магар шохиди ин "хиссаи сазовор"-и дар боло овардашуда нест? Дар рохи Тирмиз чой гирифтани мазори "Хоча Ворух", дар забони халк чой доштани таъбири "Дарёи Толкунба барафт" магар шаходати бархурдори илм будан, сохибилмии ворухиён нест?
Пас биёед хама пиру чавон якчоя сайти шуморо рунамои Ворух гардонем.
Солиёни дароз ман дар болои китобе бо номи Ворух- таърих, фарханг ва фарзандони баруманди он кор мекунам. Пас доири таърихи он кумаки худро дарег нахохам дошт.
Дехаи Ворух 35 олим номзади илм то доктору проффесорхо дорад. Имон дорам онхо низ бетараф намемонанд. Фарзандони Ворухи баландкух аксар руху нафаси шоирона дошта созгор бо табиати зодбумашон дар перохани суханхои ороста ифодаи максад мекунанд. Устодони шеър Абдуваккос Юсуфи, Чамолиддин, Нарзулло,Захобиддин, Субхиддин ва дигару дигарон, ки шеър гуфтанашон лутфи худовандист магар бетараф буда метавонанд?
Хулоса иншоолох як сайти ба хам орандае мегардад. Дар панохи худованд бошед гуфта Хикматулло Баходуров.

Зиндаги ин харфи Куръон асту бас,
Мушкили даркаш дучандон асту бас.

Хар ки дар дил Каъбае бино кунад,
Дар ду олам бини хандон асту бас.

Нест маъбуде ба чуз яздони пок,
Чумла аксо зери фармон асту бас.

Одами бин бори химмат мекашад,
Зери ин бор кух нолон асту бас.

«Шаш калима» сорбони рохи рост,
Киштии гайр коми туфон асту бас.

Хикмато бо тавба бош, уммед кун
Ноумед шогирди шайтон асту бас….


Бо умеди шукуфоии Ворух Хикматулло.
 
vorukhДата: Пятница-Ҷумъа, 20.01.2012, 19:12 | Сообщение # 9
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline

Салом (бо лахчаи Ворухи) акои Хикматулло!

Аз хондани ду навиштахои шумо хело хам хушхол шудам ва ин хиссёте,ки дорам бо тугмачахои харфчинак харгиз тасвир карда наметавонам!Хело бомаъни ва фикрхои оличаноб додаед.Барои мо чавонон чунин фикрхои калонсолон намерасад ва ин боиси коста шудани фикрониву рафтори чавонон гардидааст.Ман сад дар сад бо фикри эшон рози хастам ва дар як кутохтарин вакт ислохоте,ки шумо зикр доштед руи амал меорам.Бовар кунед аз фикрхои шумо ман як чахон неруе гирифтам,ки сархад надорад.Барои чунин родмардон ва сазовори номи точик ки ватан ва миллати худро дар кадом кушае дунё,ки набошад хамеша фикр мекунад ва барои баланд бардоштани номи точик сайю кушиш мекунад эхтироми хоссе дорам.

Бо эхтироми хоссе дустдори ватану миллати хеш Зарифчон!
 
VorukhiДата: Суббота-Шанбе, 21.01.2012, 19:22 | Сообщение # 10
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 11
Репутация: 1
Статус: Offline
Салом азизони дилу дидаи ман, мардуми диёри куханбунёди Ворух!
Салом додарам Зарифчон, фарзанди фарзонаи диёр!
Рости мардуми Ворухи куханбунед, ки асолати маънавии онхо реша аз карнхои дур дорад,
азалан адолатхох, инсондуст, маърифатпарвару сохибилм ва саховатманд хам хаст.
«Агар бинам, ки нобинову чох аст,
В-агар хомуш биншинам гунох аст».
Таърих бо сохибилми ва макоми баланди ворухиён ишорахои зиёде дорад. Олими точик профессор Назирчон Турсунов дар асараш «Развитие городских и сельских поселении северного Таджикистана в 18 начало 20 вв» сах 156 доир ба нуфузи доираи орифони ворух кайд карда менависад, ки дар дехаи «Шайхон»-и вилояти Сугд , ки бо номи яке аз шайхони машхури Осиёи Миёнаи асри миёнаги Хочаи Бокиргон гузошта шудааст, дар ибтидои асри 20 шайхон-ворухихо зиндаги мекарданд.бисёрии ин шайхон шачарахое доштанд, ки хони Куканд Маллахон бо мухри худ тасдик мекард, ки онхо хукуки унвонии номи шайх бурданро доранд … .»
Аз навиштае, ки дар хошияи китоби дигаре дарёфтем бармеояд, ки ворухиён дар тарбияи сибён (кудакон) низ бетараф набуданд:
“Муснифини ният, ки баён мекунад дар аввали китобаш мавозии илмро ва таърифи илмро ва фоидаи илмро. Шайх Ибни Хочиб мар ин китобро баён кардааст мавзўи илмро, таърифи илмро ва фоидаи илмро аз чиҳати ин ки таснифи ин китоб аз барои сибён аст. Таҳсили сибён вочиб аст. Бинобар ин китобашро бисмилло чавоб ин ки аз чиҳати дафъи васвасаи шайтон ва аз чиҳати беруйи накардан ба каломи мачид ва аз чиҳати кавли наби алайҳисалом, ки мо аввал ва кутуб-ал-қалам...”
Номи Ворухро баъзехо ба Фаррухшох пайваст медонанд. Худи хамин ривоят низ вогуи саховатмандиву инсондустии ворухиён аст. Номхои Кози Хочамуроди торочи, Мулло Султонхони сахи ки иртибот ба саховатмандиву чавонмардии ворухиён дорад дар гуйишхои шифохии мардум то имруз садо медихад. Пушида нест, ки хама вакт солхои мушкил мардуми ночормонда he ба Ворух меоварданд ва мусаллам аст, ки ин чо обу нон меёфтанд:
Обу нон аз баҳри одат додаем
Аз барои ҳақ даре бикшодаем...

Гуфтахои мазкур ихтироъ ва эчоди банда набуда, дар асоси матолиби мабнй(биношуда), ки дастуре аз пешиниён асту дар чустучуи муҳаққиқон рў зада ва ё дар суннатҳои шифоҳии мардуми ворух зинда мондааст оварда шудааст ва гувохи сохибилмии ворухиён аст, аз ин ру назди тамоми мардуми шарифи ин диёри куҳанбунёд сари таъзим фуру меорам.
Лобалои арздошти аснод маъни чустанхои банда ин даъвие ба бузургманишии зодбум нест. Ин даъватест барои имрузиён то таърихи абову ачдодони худро ба гушаи фаромуши нафиристему аз он бояд бардоштхое дошта бошем.

Яке аз бародарбузургони мо устоди сухан Абдуваккос Юсуфи дар ин маъни гуфтааст:

Зи таърихи қадимат баски дар дунё китобе нест.
Туро ман зарра-зарра аз китоби ёдҳо чўям,
Бубинам рўди куҳй шеъри шево меравад дар лаб,
Суруди шоиронат аз забони бодҳо чўям.
Нигоҳи ман ба ҳар гуре равад монанди гумчўён,
Ки дар ҳар мадфане як шоҳиди таърих пинҳон аст.
Зи гўре косаи сар хандаи дандоннамо дорад,
Магар ў бар мани таърихчўи содда гирён аст.
Туро аз дафтари вайронаҳоят чустаам гоҳе,
Туро аз қиссаи пиразанҳот гоҳ мечўям.
Туро мечўям аз Майдону Тидону Сари Даштат,
Ба таърихат зи ҳар пайроҳаи ту роҳ мечўям.
Варақ андар варақ санги хати ту аз катиба пур,
Китоби сангро хондан зи дастам барнамеояд.
Агарчи қалъаи болои шахча қиссаҳо гуяд,
Садои паст бишнуфтан зи гўши кар намеояд.
Аё Ворух, китоби монда дар нисёнгаҳи таърих,
Манам чўёи таърихат, манам чўёи асрорат.
Ману чашми саволе бар сафоли гури муғ имрўз,
Ману ҳамсўҳбатй бо тути пири Хочаи Горат.
ЗАРИФЧОНИ АЗИЗ!
Худи гайрате, ки Шумо дар ин майдон пиёда кардаед, ин даъватест ворухиёнро то дар пайравии гузаштагони баруманд, дар пайравии ахли адаб дар тарбияи худу фарзандони худ ва ахли чомиа гоме ниханд. Дар хакикат «Худиро дар худ нируманд созед, то ормонхои дарунии Шуморо ба нанг орад.»
Дуогуи Шумо Хикматулло.
 
vorukhДата: Суббота-Шанбе, 04.02.2012, 12:14 | Сообщение # 11
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Садокати Ватан бо навои булбулони субхонагу, бо хавои атрогин, бо лолаву бойчечак, бо тугёни дарёчаи кухии Точикистон, бо зебогиву сарсабзии арчазорони кухистон дар калбхои хассоси мо фарзандони гарибгашта чун рагхои хунгард пайваст гирифтааст, яъне дар дурихо бо ёди Ватан тапидани дили мо амри табиист. Яке дар кишвари сардизои рус, дигаре дар Амрико, саввуми дар Фаронса зиндаги дорем, аммо хавое, ки аввалин бор хини ба дунё омадан нафас гирифтаем, хоке ки бо панчахои кучак гирифтаву буидаем аз хотироти мо зудуда нашудааст, пас метавон гуфт, ки гарчанд тан дар гарибист хотироту калби мо мукими Ватан аст ва орзуи ягонаи мо сохтори давлати абаркудрат яъне гулшукуфти Ватани азизамон аст.
Шеър рисолати зиндаги аст ва хушбахтона каламкашони точик хар чо набзи хаёташонро ба сифатхои каломи бадеъ, орзухои дастнорас, пахлугардониьои хаёлангези шоирона ифода менамоянд.
Хуб мебуд агар каламкашони точик ин чо меваи таровишхои эхсоси худро баён дошта калби ташналаби мо мардуми мухочирро аз зебогиву нафосоти олами руъёи худ шодоб мекарданд. Интизори лутфи суханхои Шумоем!!!

Журналист
Эхдое ба Рачаби Мирзо.
Чун оби зам саркуфтаву дидаи рушан дорем,
Гар санги сиёхем багали не ба хавоем.
Аз пушти калам мушт хурем рузи хамин аст,
Бо табъи худодод нависему сароем.
Дар олами беадл хама адлпарастем,
Монанди саволем, пур аз чуну чароем.
Аз оташи мовуманихо сухтачон лек,
Хуршедсифат бо дигарон рохнамоем.
Дар водии гам гайри худо хеч набошад,
Андар шаби тор мохи мунаввар ба самоем.
Эй вой, кунанд такя ба хешону рафикон,
Мо такя ба хеч кас накунем, мо ба худоем
Бечорае гар гиря кунад, мо ба фигонем
Аз сузиши у гар нависем мо ба хатоем
Мо ба Шумоем, ба Шумоем, ки имруз Шумоем
Як чумлаи нопурраи фарёду садоем!!!!!
Vorukhi
 
vorukhДата: Суббота-Шанбе, 04.02.2012, 12:43 | Сообщение # 12
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Кухпораи хакжчуи ман, эй чони чун охуи ман,
Эй калби оташзои ман, эй кишвари танхои ман.
Ишки Ватан сузад агар гуед дармонаш кучост?
Дарди маро дармон нест, ку хазрати Синои ман?
Дар куххо руидаям бахти бадам мероси аст?
Меросии имрузи ман, меросии фардои ман!
Меросии бахшидаям шахри Самарканду вале,
Мероси бо худ бурдаям сарсахтии бобои ман.
Як кисмати гум кардаям шахри Бухорои кадим,
Як кисмати дарёфтаям худбинии ночои ман.
Дар миллати поённишин боло паридан орзуст,
Бо рахбари курсинишин хам абруи болои ман.
Гу ёри туркичашмро, к-холу хаташ хиндуи аст,
Савдои нав сар мекунам марги сару савдои ман!!!

Прикрепления: 7507744.jpg(370Kb)
 
vorukhДата: Суббота-Шанбе, 04.02.2012, 12:45 | Сообщение # 13
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Хокҷой
Рӯй тобам аз Самарқанди кӯҳан,
Аз Бухоро, ки кунад бӯи Ватан.

Гар зи хоку хокҷо берун шавам,
Ҳар қадар бахшидаям афзун шавам,

Халқи ман ин Оли Сомони ман аст,
Тоҷикистон, Тоҷикистони ман аст.

Ман зи лафзи модарӣ бигзаштаям,
Аз русуми дилбарӣ бигзаштаям.

Як дили бекинаро парвардаям,
Махзани меҳру муҳаббат кардаям

Миллати ман кони армони ман аст,
Тоҷикистон, Тоҷикистони ман аст.

Беватанро ман Ватан бахшидаам
Бог бо зогу заган бахшидаям.

Дар масири рахм бар халки худо,
Ман гадоёнро чаман бахшидаям.

Тоҷикам покиза имони ман аст,
Тоҷикистон, Тоҷикистони ман аст!!!

Прикрепления: 5076757.jpg(34Kb)
 
VorukhiДата: Воскресенье-Якшанбе, 19.02.2012, 07:39 | Сообщение # 14
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 11
Репутация: 1
Статус: Offline
Зиндагӣ

Зиндагӣ, эй ҳамсадои кӯҳу дашт,
Гоҳ хандон гоҳ нолон мекунӣ.

Пӯшидаст чашми маломат оина,
Дасти ҳайрат бар гиребон мекунӣ.

Як ду рӯзе лола хандиду гузашт,
Рӯзҳоямро зимистон мекунӣ.

Мояи шарму ҳаё аст сурхрӯ,
Оламе берангу яксон мекунӣ.

Тифли ноболиғ кашад бори туро,
Баҳри рӯзӣ чанд сарсон мекунӣ.

Зиндагӣ шогирдаки ноозмуд,
Ҳарфи бадро аз бар осон мекунӣ

Зиндагӣ киштии бодоварди ман,
То куҷоҳоям парешон мекунӣ?

Зиндагӣ, эй ҳамсадои кӯҳу дашт,
Гоҳ хандон гоҳ нолон мекунӣ.
Монолог ва ё худ
нолае ба холи мухочири точик

Сари сарсахти точик хишт гардид,
Бишуд он гунбазу калламанора.
Сари сарсахти тожик санги рах шуд,
Варо по мезананд имруз дубора.

Ба пояш мезанад хар нокисулакл,
Чаро ки точик асту зудбовар.
Худоё, точики манро нигах дор,
Ба чуз ту нест уро ёру ёвар!!

Якеро мебаранд дохили тобут,
Дигар худ меравад огуштаи хун.
Намепурсад касе аз миллати зор,
Бигиряд модари точик чигархун!

Хама донанд хисоби маблаги у,
Ки точике фалон доллар гирифта.
Ки мегуяд аламхои дили зор,
Ва орзухои дар тобут хуфта!!

Худоё, точики манро нигах дор,
Сари вай сахт кун аз санги хора,
Чахон чавлонгахи рубох гаштаст,
Ва месозанд зи нав калламанора!!!!!!!
 
ZvezdaДата: Вторник-Сешанбе, 17.04.2012, 21:15 | Сообщение # 15
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 23
Репутация: 3
Статус: Offline
ЗИНДАБОД ЭЙ ВАТАН ТОЧИКИСТОНИ ОЗОДИ МАН

Прикрепления: 4216582.jpeg(51Kb)


Дар ин олам дили бегам набошад,
Агар бошад дили одам набошад.
 
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Дар васфи ватан !!! (Дар васфи ватан !!!)
Страница 2 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2014
Создать сайт бесплатно