Пятница-Ҷумъа
29.03.2024
10:08
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход
Китоби ВОРУХ - Форум-Cухбатхона »
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск-Ҷустуҷуй · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Китоби ВОРУХ (Китоби ВОРУХ)
Китоби ВОРУХ
vorukhДата: Пятница-Ҷумъа, 26.04.2013, 11:33 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
ТАЪРИХ,ФАРХАНГ ВА ФАРЗАНДОНИ БАРУМАНДИ ОН.
 
sohilДата: Среда-Чоршанбе, 05.06.2013, 12:30 | Сообщение # 2
Ворухи
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 1
Репутация: 0
Статус: Offline
Ба гумчўёни Ворух
                  Зи таърихи қадимат баски дар дунё китобе нест.   
                                                         Туро ман зарра-зарра аз китоби ёдҳо чўям,
Бубинам рўди куҳйшеъри шевомераваддар лаб,
                                                        Суруди шоиронат аз забони бодҳо чўям.
Нигоҳи ман ба ҳар гуре равад монанди гумчўён,
    Ки дар ҳар мадфане як шоҳиди таърих пинҳон аст.
                                                        Зи гўре косаи сар хандаи дандоннамо дорад,
                                                        Магар ў бар мани таърихчўи содда гирён аст.
                                                        Туро аз дафтари вайронаҳоят чустаам гоҳе,
                                                        Туро аз қиссаи пиразанҳот гоҳ мечўям.
                                                        Туро мечўям аз Майдону Тидону Сари даштат,
                                                        Ба таърихат зи ҳар пайроҳаи ту роҳ мечўям.
                                                        Варақ андар варақ санги хати ту аз катиба пур,
                                                        Китоби сангро хондан зи дастам барнамеояд.
                                                         Агарчи қалъаи болои шахча қиссаҳо гуяд,
                                                         Садои паст бишнуфтан зи гўши кар намеояд.
Аё Ворух, китоби монда дарнисёнгаҳи таърих,
                                                         Манам чўёи таърихат, манам чўёи асрорат.
Ману чашми саволе бар сафоли Гури муғ имрўз,
                                                        Ману ҳамсўҳбатй бо тути пири Хочаи Ғорат.
 
Абдуваққос Юсуфй.
 
  
                                                                           Муқаддима
           Деҳаи Ворух - яке аз беҳтарин ва зеботарин гўшаҳои табиат дар қисмати чанубу ғарбии водии Фарғона, манзараҳои   нотакрор, боғистонҳои сарсабзу пурмева  , обу ҳавои софу беолоиш ва дар тобистон ҳавои салқину ҳаловатбахш дорад.
Ду рўди кўҳи- Кишамиш ва Каравшин, ки сароғози рўди Исфара мебошанд, аз
бағали   кўҳҳои осмонбўс чорй шуда ба табиати ин чо ҳусни илова мебахшад.Ин мавзеи биҳиштосо аз давраҳои хеле қадим маҳали зисти
одамизод буд. Аз ин рў вобасти ҳар як гузариши таърихй  нишонаҳое ин чо пайдо кардан мумкин аст.
. Барои он, ки ояндаи хуррами наслҳоямонро таъмин кунем, моро зарур аст,
таърихи гузаштагони худро омўзем ва аз он панд гирем. Дар давраи
давлатдории точикон борҳо шуда, ки маҳз худбиниву худхоҳи,
мансабпарастиву гурўҳбозй, нафсу чашмгуруснагй ва аз хама асоси бетарафи
 боиси шикасти давлатҳо, аз байн рафтани кўшкҳо, боиси паст рафтани маданияту маърифат ва марги оммавии гузаштагонамон
гардидааст.
Омўзиши таърих маънои онро дорад, ки ба ин сабақҳои талхи таърих, ба ин
хиёнатхо назар андохта, аз онҳо сабақ гирем ва доимо барои ваҳдат кўшиш
ба харч дода, барои пешбурди давлати точик саҳмгузор бошем.
Дар омўзишу муайянкунии ҳаводисоти таърих мо услуби эмперики ё худ бо
таъбири дигар услуби абстрактй (абстраксиякунони, анализ, синтез,
дедуксия, индуксия ва ба шаклдарорй)-ро пеш гирифтем. Гарчанд унсурҳои
дарк гуногун буданд, предмети омўзиш тақозо мекард, ки аз ҳадди ниҳоии
ақл берун нарафта дар қолаби он аз рўи мантиқ хулосабарорй кунем.
Масалан дар гузашта тибқи гўйишҳои мардум қабристони маҳаллаи Кучаи қозй
(Гузар) дар даромадгоҳи маҳаллоти Ворух, яъне дар мазори Балогардон чой доштааст. (Ф. Ҳасанов. Таърихи деҳоти Исфара)
Имрўз маҳаллаи Кўчаи қозй тахминан 4-5 километр болотар аз ин қабристон
чой дошта, аз ин масофа овардани часад кори осон нест ва ҳатто номумкин
аст.
Фарзияҳоро пеш меорем:
1. Баъди “Поиданҳои Муллорақиб” дарё мачрои худро чуқур кофта ба поён
фаромад ва мавзеъ беоб монду мардум ба боло чои ҳозираи иқоматашон кўч
бастанд.
Мачрои худро кофта чуқур кардани дарёро сол аниқ нест. Агар он вақт мардум
кўчй мешуданд, боғу роғ беобу бесоҳиб монда хушк мешуд.
Агар боғот хушк шуда, аз нав обод гардида бошад, номи ободгарони пешин аз
ёдҳо рафта ва ин заминҳо бояд номи соҳибони навро дошта бошад. Ба ин
маънй мо ба номи заминҳои ин мавзеъ, ки аз ободгарон ёдовар мешавад,
рўшанй андохтем. Маълум шуд, ки то ҳол аксари ин заминҳо номи
иқоматкардагони маҳалли Гузар ва Кўчаи қозиро доранд. Пас ин фарзия
номукаммал аст ва ба мантиқ мувофиқат намекунад.
          2. Шояд поёнтар аз чўи имрўз ин мавзеъҳоро обёрикунанда боз як чўйи дигаре
буд ва ин мавзеъро об медод. Ба ин хотир рўзҳои 7-10 октябри соли 2004
бори аввал ва рўзҳои 1-3 ноябри соли 2005 бори дуюм ба мардуми Ворух, хусусан ба мўйсафедон вохўрда суол пеш овардем. Касе доири мавчудияти
чўй ҳатто нашунида буд ва онро инкор мекарданд. Мачбур шудем аз баҳри ин
фарзия низ бароем.
Ҳамин тавр фарзияҳои зиёдеро дида баромадем, аммо ягонтои он ба мантиқ
мувофиқ набуд.Ноилоч мондем ва ҳатто шарҳ додани ин масъаларо кори
нолозим ҳисобидем. Рўзе тасодуфан ҳангоми сўҳбат омўзгор Асламбой
Ҳасанов, ки ҳоло даврони пирй меронанд сухане гуфтанд, ки ба масъала
рўшани андохт. “Замоне дарёи Кишамиш  чойи ҳозира хонаи раҳматии Абдуҳалиму хонаи Муллофайзй, яъне аз болои мазори Хочаи Чорсангбобо  мегузаштааст.”
Чи хеле, ки гуфтем ин гуфтаҳои устод ба масъала рўшанй андохт. Акнун ақида
гарчанде он фарзия аст, ба қолаби мантиқ меғунчад. Замонҳои хеле қадим
аҳолии маҳаллаи Кучаи қозй дар ин мавзеъ мезист. Қисме аз аҳолии таҳчой
ва кўчиёни Мастчох, Оқтеппа, Қаротегин дар болотар, ки дашти холй,
чангалистон ва ё чизи дигаре буд иқомат ихтиёр карданд ва чўйи нав- чуйи
Майдонро канданд. Онҳо заминҳои васеъ, боғоти калоне бунёд карданд.
Бештари аҳолии муқимй, ки худро точикони муқимии водй (сарт) ва қисми
дар боло иқомат ихтиёр кардаро мардуми кўҳй (галча) меҳисобиданд аз
заминҳои ин мавзеъ бенасиб буданд.
Ҳамин тавр мардум дар як мавзеъ зиста байни худ ҳадгузорй мекарданд. Маҳз
ҳисси ҳамдигарнофаҳмй сабаб шуд, ки мардуми ин маҳал аз боло чўйи дигаре
канда заминҳои нав обод карданд. Аввалҳо ба ин боғистонҳои обод
кардаашон фасли тобистон мекўчиданд ва ҳосилҳоро ғундошта зимистон боз
ба чойҳи худ бармегаштанд.
Аҳолй торафт зиёд мешуд. Ҳамчунин баъди ба манзили зимистонаи худ баргаштан
мардуми дар боло зиндагй мекарда моли худро ба чаро сар медоданд ва
замину боғот аз ин зарар медид. Ин ду ҳолат сабаб шуд, ки мардум
оҳиста-оҳиста ба замину боғоти васеъ кўчиданд, аммо то дер заминҳои чойи
зисти аввал низ дар ихтиёри онҳо буд.
Ин фарзия ба мантиқ мувофиқ буд ва дар он ба ҳама саволҳое, ки пеш меомад, чавоб ёфт мешуд.
              Ҳамчунин Ворух ба замми таърихи бой макони фарзандони баруманду меҳнатдўст ва
ватанпарвар низ мебошад. Аз ин лиҳоз назди худ мақсад гузоштам, ки дар
ин рисолаи худ қадре бошад ҳам ба саҳифаҳои ҳаёти родмардони Ворухзамин рўшанй андозам. Кўшиш намудам, ки то қадри имкон ҳамаи онҳоеро, ки дар рушди  Точикистони азиз хизматҳои арзанда намудаанд, номгуй бошам..
Ба назари ворухиён ақл зоянди андешаи яктарафа набуда бояд пайваста дар амал ва фарогири
тамоми чабҳаҳои зиндагии инсон бошад. Одами боақл инсонест, ки ба
дарачаҳои камолоти инсони расидаву метавонад аз болои “чаҳл” пирузи ба
даст орад. Умуман мардуми Ворух ба ақлоният эътибори хосае медиҳанд:


 
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Китоби ВОРУХ (Китоби ВОРУХ)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024