vorukh | Дата: Суббота-Шанбе, 21.04.2012, 10:02 | Сообщение # 1 |
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Статус: Offline
| Маро модар кучо карди равонам, Гарибам бекасам ман нотавонам. На чои хоб асту манзили зист, Бубин дар кучахо хору хазонам. Кучо шуд пеши руят модари чон, Ки дастони ту буд точи сари ман. Х,ама оши чудоиву гариби, Кунун овард ин дарди сари ман. Кунун ман омадам дар мардикори. Кунун корам бувад як интизори, Ки рузе дар канорат боз гардам. Ба касди ин хама сад бекарори. Дуо кун модари чон бозгардам, Баноми чумлафарзандони миллат. Ки мохам дар канорат боз гардем, Хама авлоди пайвандони миллат.
|
|
| |
vorukh | Дата: Суббота-Шанбе, 21.04.2012, 10:03 | Сообщение # 2 |
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Статус: Offline
| Аё Модар шунидам пир гашти, Барои бачаат дилгир гашти. Маро такдир берун аз Ватан кард, Ту гамбемори ин такдир гашти.
|
|
| |
vorukh | Дата: Суббота-Шанбе, 21.04.2012, 10:03 | Сообщение # 3 |
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Статус: Offline
| Дар ғурбат агар марг бигирад хабари ман, Оё кӣ канад қабру, кӣ дӯзад кафани ман? Тобути маро сӯи баландӣ бибароред, То бод барад бӯи маро бар Ватани ман.
|
|
| |
Zvezda | Дата: Пятница-Ҷумъа, 20.07.2012, 17:21 | Сообщение # 4 |
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 23
Статус: Offline
| Эй миллати хобида, бистезу талоше кун! Эй қавми ҷафодида, бистезу талоше кун! Эй оҳи гиреҳхурда дар ҳанҷараи таърих, Эй ҷони ҳаросида, бистезу талоше кун! Ганҷинаи ту бурданд, нақдинаи ту хӯрданд, … Эй соҳиби тарсида, бистезу талоше кун! Рангат шуда берангӣ, ҳангат шуда беҳангӣ, Санги натарошида, бистезу талоше кун! Аъмоли ту беҳуда, ишколи ту накшуда, Эй махзани пошида, бистезу талоше кун! Олуда ба ҳар гарде, печида ба ҳар дарде, Бо хеш напечида, бистезу талоше кун! Дарёи равон дорӣ, дилҳои ҷавон дорӣ, Бонги касе нашнида, бистезу талоше кун! Эй дори табархӯрда, озурдаву пажмурда, Эй дасти наёзида, бистезу талоше кун! Эй тахти сияҳтахта, худ соҳиби тахтат бош, Эй доди наварзида, бистезу талоше кун!
Дар ин олам дили бегам набошад, Агар бошад дили одам набошад.
|
|
| |
vorukh | Дата: Суббота-Шанбе, 29.09.2012, 17:28 | Сообщение # 5 |
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Статус: Offline
| Замини сахти кухистон дили нармам ато кардаст, Дуруштам харки мегуяд хато андар хато кардаст. Ба мисли кух якруям ба сони чашма хакгуям, Чунин будам чунон монам, ки инсонам Худо кардаст.
|
|
| |