Пятница-Ҷумъа
19.04.2024
08:32
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход
Зиндагӣ бе орзў ширин набуд..... - Страница 2 - Форум-Cухбатхона »
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск-Ҷустуҷуй · RSS ]
  • Страница 2 из 2
  • «
  • 1
  • 2
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Зиндагӣ бе орзў ширин набуд..... (Зиндагӣ бе орзў ширин набуд.....)
Зиндагӣ бе орзў ширин набуд.....
vorukhДата: Среда-Чоршанбе, 28.07.2010, 21:48 | Сообщение # 16
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Мебинам охиста-охиста хамдехагони ман зиёд шуда истодааст дар ин сомона. tajik Ин як кадаме ба ободии ин сомона ва дехаамон аст.Анакнун шумо метавонед фикрхои худро руи ин сахифахо оред.Ман ёрии худро дарег намедорам.
Озадохон хуш омадед ба ин сомонаи дехаамон.Ин сомона бо забони русси-точики аст ва танхо матнхои сухбатхона бо забони точики аст.Озодахон мехостам аввалин шуда темаеро бо забони русси месохтед.Мо бошем онро густариш хохем дод.Боки ба хама бурдборихо хохонам. tajik
 
МухочирДата: Суббота-Шанбе, 31.07.2010, 22:06 | Сообщение # 17
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 21
Репутация: 4
Статус: Offline
Салом! Ба фикри ман сахифае дар мазуи хачв низ гузоштан лозим. Рости гап хачвнигорони Точикистон ба ман макул не. Сахначахои онхо руяки буда иштирокчиёни онхо истеъдоди актёри надоранд ё режисёри онхо номутахасис аст.

Добавлено (31.07.2010, 22:06)
---------------------------------------------
Бародарону хохарон Шумо дар ин бобат чи фикр доред?

 
vorukhДата: Воскресенье-Якшанбе, 01.08.2010, 23:25 | Сообщение # 18
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Quote (Мухочир)
Салом! Ба фикри ман сахифае дар мазуи хачв низ гузоштан лозим. Рости гап хачвнигорони Точикистон ба ман макул не. Сахначахои онхо руяки буда иштирокчиёни онхо истеъдоди актёри надоранд ё режисёри онхо номутахасис аст.

Добавлено (31.07.2010, 22:06)
---------------------------------------------
Бародарону хохарон Шумо дар ин бобат чи фикр доред?


Хело хуб мешуд бародари азиз!Ин хел бошад ман як мавзуро доири "Хачв" мекушоям шумоён бошед онро давом медихед.
 
OzodaДата: Пятница-Ҷумъа, 06.08.2010, 00:20 | Сообщение # 19
Ворухи
Группа: Котиба
Сообщений: 8
Репутация: 3
Статус: Offline
Cалом ба хама! smile
походу я буду представлять женскую половину нашего Рая smile
 
vorukhДата: Пятница-Ҷумъа, 06.08.2010, 16:25 | Сообщение # 20
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Quote (Ozoda)
Cалом ба хама! smile
походу я буду представлять женскую половину нашего Рая smile

Ваълейкум салом Озодахон! tajik
Ты и есть красавица из нашего Рая. flower Так что по чаще заходи и будем рад видеть тя тут tajikistan
 
OzodaДата: Четверг-Панҷшанбе, 19.08.2010, 20:42 | Сообщение # 21
Ворухи
Группа: Котиба
Сообщений: 8
Репутация: 3
Статус: Offline
Вах, как приятно, рахмат Зарифчон yes
Ну вот я зашла, кани як гап занитон чи акнун yes
 
vorukhДата: Воскресенье-Якшанбе, 22.08.2010, 20:19 | Сообщение # 22
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Quote (Ozoda)
Вах, как приятно, рахмат Зарифчон yes
Ну вот я зашла, кани як гап занитон чи акнун yes

Хуш омади flower Я рад что ты создала первую тему tajik

 
ZvezdaДата: Среда-Чоршанбе, 13.04.2011, 14:02 | Сообщение # 23
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 23
Репутация: 3
Статус: Offline
CАЛОМУ КАЛОМ БА МАРДУМИ КУХИСТОНИ ВОРУХ yes

Биё, то кадри якдигар бидонем,
Ки то ногах зи якдигар намонем.
Чу муъмин оини муъмин якин шуд,
Чаро бо оина мо ругаронем?
Каримон чон фидои дуст карданд,
Саги бигзор, мо хам мардумонем.
Фусуни "кулавузу кулху валлох"
Чаро дар ишки якдигар нахонем.
Гаразхо тира дорад дустиро,
Гаразхоро чаро аз дил наронем.
Гахе хушдил шави аз ман, ки мирам,
Чаро мурдапарасту хасми чонем.
Чу баъд аз марг хохи ошти кард,
Хама умр аз гамат дар имтихонем.
Кунун пиндор мурдам, ошти кун,
Ки дар таслим мо чун мурдагонем.
Чу бар гурам бихохи буса додан
Рухамро буса дех, к-акнун хамонем.
Хамуш кун мурдавор, эй дил, азеро
Ба хасти муттахам мо з-ин забонем.


Дар ин олам дили бегам набошад,
Агар бошад дили одам набошад.
 
vorukhДата: Вторник-Сешанбе, 26.04.2011, 12:56 | Сообщение # 24
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Quote (Zvezda)
CАЛОМУ КАЛОМ БА МАРДУМИ КУХИСТОНИ ВОРУХ yes

Ассалом Ситораи осмони. Холу ахволат чи хел ?Хело камнамо гаштаи.Ба ЛС даро ман ба ту нома навиштам. tajik
 
VorukhiДата: Воскресенье-Якшанбе, 15.01.2012, 02:05 | Сообщение # 25
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 11
Репутация: 1
Статус: Offline
Додари азиз Зарифчон!
Хело амали оличаноб!
Фарзандони Ворух-ин диёри баландкух руху нафаси шоирона дошта, созгор бо табиати зодбумашон эхсосхои азалии модарзоди доранд, яъне дар пирохани суханхои ороста ифодаи максад карданашон лутфи худовандист. Шеър рисолати зиндаги аст ва хушбахтона каламкашони ворухи хар чо набзи хаёташонро ба сифатхои каломи бадеъ, орзухои дастнорас, пахлугардонихои хаёлангези шоирона ифода менамоянд. ИнакШумо сахифаеро аз хаёти каламкашон, мухочирони рахдур, фарзандони гарибгашта ва дарду догу онхо пешкаши хонанда намудед.
Бо пешниходи ин сахифа агар заррае бори гаму андухи мухочирони рахдур сабук гардад, агар садои дили хамватанонро ба гуше расонед соьиби савоб хохед буд.
Садокати Ватан бо навои булбулони субхонагу, бо хавои атрогин, бо лолаву бойчечак, бо тугёни дарёчахои кухи, бо зебогиву сарсабзии арчазорони кухистон дар калбхои хассоси мо фарзандони гарибгашта чун рагхои хунгард пайваст гирифтааст, яъне дар дурихо бо ёди Ватан тапидани дили мо амри табиист. Яке дар кишвари сардизои рус, дигаре дар Амрико, саввуми дар Фаронса зиндаги дорем, аммо хавое, ки аввалин бор хини ба дунё омадан нафас гирифтаем хоке ки бо панчахои кучак гирифтаву буидаем аз хотироти мо зудуда нашудааст, пас метавон гуфт, ки гарчанд тан дар гарибист хотироту калби мо мукими Ватан аст ва орзуи ягонаи мо сохтори давлати абаркудрат яъне гулшукуфти Ватани азизамон аст. Бинобар дар ин сахифа бояд на факат дарду доги ворухиён балки дарду доги хама мухочирон, ки дарду доги гушае зи Точикистони интизори шукуфоист чой ёбад.
Кош парастуи умед ин нолаи моро ба ошёнаи максуд барад ва табибе хозик давобахши дилхои дардманди мо гардад ва фарзандони эчодкори точик аз нав дар Ватан бо навои чашмахои соф ва хониши кабкони дари тавъам шеър бигуянд…..

ДодарамЗарифчон!

Ворух барои хар яки мо азиз аст. Агар касе нобахангом аз ворухи будани худ шиквае кунад якин он муваккатист. Хуруши номуроди, ки калби он фардро фушурдааст на аз табиати нотакрори Ворух балки аз нотавонбиниву кирдоре ашхоси дигаре сарчашма дорад.
Хеле боз ин сахифаи Шуморо чашмандози доштам. Хуб аст,аммо метавонад боз хам хубтар бошад. Гох-гох аз руи хашм ва ё тугёне дигар чавонони Ворух аз кучаи адаб берун мебароянд.Асолати маънавии мардуми Ворух, ки реша азь карнхои дур дорад бояд хама вакт пешоруи хар каламбадасти ворухи бошад. Хуб мебуд дар шинохти он кушише мекардед ва мазмунхое доири таърих, фарханг ва уламои ин дехаи баландкух руи сахифа меовардед.
Яке аз шоирони Хуконзамин Мирзои Хуканди доири Ворух гуфтааст:
Мобайни хоки Турон некухисоли Ворух,
Аз як шаръ ҳичрат хушбаркамоли Ворух.
Асбоби шаръ муҳайё масчидлари мутаҳҳар,
Еш вақт намозға мазҳар бонги Билоли Ворух.
Ҳақ субҳоно билодин раҳмига шаръ бузулмас,
Албатта иншооло курмас заволи Ворух.
Ахлоқлари намуна бу қарияни нуфуси,
Эҳсон келади элда фикру хаёли Ворух.
Имруз хам шоиру уламои давр Воухро чун мавзеъ ва макони илму маърифат ва адаб мешиносанд

Ворух Камол Насрулло.
Во мешавад дили ман дар кўчаҳои Ворух,
Чун ғунчаи шукуфта зери ҳавои Ворух.
Чун мурғаки раҳида аз чанги доми ҳасрат,
Хоҳам, ки пар кушоям андар самои Ворух.
Арзад, ки кас бимирад ҳасрат ба дил нагирад,
Чун сабзаҳову гулҳо дар гўшаҳои Ворух.
Мушку абир резад, сад чўи шир резад,
Тифли мурод дорад домони вои Ворух

Ворух.
Салими Хатлони.
Зи руъё руядат афсона, Ворух,
Намо во рух, ки ин чо волаам ман.
Магу аз охи сарду нолаи дил,
Надими калби доги лолаам ман...

...Чу аз Беди Качат рохе навиштам,
Рахи такдири ман то ростон буд.
Зи пушти куллахоят мохи шабрав,
Маро сарномаи як достон буд.

Васфи Ворухи бостон дар ашъори каламбадастони Ворух устодони сухан Абдуваккос Юсуфи, Чамолиддин,Нарзулои Азизиён, Захобчони Искандар мархумон Абдусамеъ ва Ахмади Хасанзод баринхо низ хеле чолиб каламкаши шудааст. Овардани намунаи ашъори ин суханварон арздошти маънавиёти Ворухи куханбунёд буда метавонад. Агар Шумо хамин рохро интихоб кунед ман метавонам ба Шумо кумак кунам, чунки солиёни зиёд аст, ки ман машгули навишти китобе бо номи "Ворух. (таърих, фарханг ва фарзандони баруманди он) буда, бисёр санадхои чолиби диккат чамъ овардаам.

1. Сайти худро васеътар намуда Ворухро бо хама мавзуот чун як сахифа ба он чой дихед.
2. Сайти Шумо бояд диккати уламои даврро ба худ кашад, аз ин ру агар илоч дошта бошад номи хуби чалбкунандае гузоред.
Хулоса, ин мавзуест сазанди андеша ва пахлугардонихо. Дар ин боб агар хохиш дошта бошед метавонем дар алохидаги маслихат кунем.

Шояд хеле пургуи кардам. Маъзарат. Ба хотири рафъи нохинчори як ду навиштаи худро мефиристам. Шояд боиси омурзиш гардад. Хикматулло.

Кухпораи хакчуи ман, эй чони чун охуи ман,
Эй калби оташзои ман, эй кишвари танхои ман.
Ишки Ватан сузад агар гуед дармонаш кучост?
Дарди маро дармон нест, ку хазрати Синои ман?
Дар куххо руидаям бахти бадам мероси аст?
Меросии имрузи ман, меросии фардои ман!
Меросии бахшидаям шахри Самарканду вале,
Мероси бо худ бурдаям сарсахтии бобои ман.
Як кисмати гум кардаям шахри Бухорои кадим,
Як кисмати дарёфтаям худбинии ночои ман.
Дар миллати поённишин боло паридан орзуст,
Бо рахбари курсинишин хам абруи болои ман.
Гу ёри туркичашмро, к-холу хаташ хиндуи аст,
Савдои нав сар мекунам марги сару савдои ман!!!

*** *** ***

Хамсони мох хастем, гох абри пора- пора
Дар ашки мо шабонгах чашмак занад ситора
Бо оташин нигохе оташпараст гаштем
Аз мо рабуда афсус он чашми пуршарора
Ё хазрати Сулаймон, ё хотамаш бичуед
Бехотамист гаштаст пур деву дад дубора
Ахволи хилки дарвеш пурсед аз мухочир,
Чомагадойи имруз гашт Хотами сайёра
Оинаи Сикандар?! Дигар зарурате нест
Камбудичуй ё худ хабаркашем катора!
Созандахалк хастем як чизаке насохта
Хар руз хофизе нав бо таблаку нагора
Дехкон чу тухми анко олим валек хар чо
Мавзуи кори илмист картошкаву чагора
Восеъ ки кушт пурсед бо тарс мо бигуем
Хамсояхонамон лек бадбахт хаминкора
Аьволи хештанро бехтар зи мо напурсед
Аз чурми худ нагуяд чуз фохиша Нигора!
Таърих медурахшад андар фазои хотир
Бо сад гами чигарсуз ман мекунам назора!!!

ИНТИХОБОТ
Эй халки чафодида ту осон нафуруш
Бо кас ту макун бовару имон нафуруш
Як лахза ба суи кудаки хеш нигар
Ояндаи вай ба нархи арзон нафуруш!!!

Ало эй миллатам бархез биёву як калуше гир
Ки хар бойбача мебошад ба ин руз соябони мо

Ачаб халки вакилсозем ба мансабдор менозем
Зи баъди интихоб эй вой бисузад устухони мо

Ба ин руз чонфидо ояд барои миллати нодор
Бихандемаш гадо дорад умеди ними нони мо

Гадову дасти талбанда? Бубин имруз вакилонат
Ду даст бикшодаву доранд дуои умру чони мо!

Бигиряд гар вакиле хам факат як руз мегиряд,
Ба дастурхони бенеъмат нагиряд мехмони мо.

Вакилбозон як давре хама аз халк пурсонем
Зи баъди он кучо бинед шикамхои дамони мо!!!!

Хамеша даст болоем, ба мачлис гунгу тарсоем,
Ба амсол гундае он руз газидааст забони мо.

Бисозем давру давроне, наметарсем зи зиндоне,
Балогардони мо имруз ваколат гар ба номи мо.

Бигуед шукри фарзанди гуломи рус гардида
Чи парвои Шумо дорем чу ширин аст коми мо!!!!!

*** ***

Ки медонист ду се доро дигар нодор мегардад,
Фурудгохи Ватан монанди як бозор мегардад..

Чигиту пахтаро гуфтем хуронад миллати моро
Нагуфтем мустакилият киёматвор мегардад

Надидам кухгардеро, гарон аст бор, чун ин бор
Кафо гардад зи вазнини фалокатбор мегардад

Ба кадри химмати точик надидам кимати уро
Вале дидам, ки бохиммат ба ноне зор мегардад

Хамагон зи ориё фахрем надидам холиёфахре,
Бидидам мулки точикро шабонгах тор мегардад,

Замони чонситони хаст. замони чонсупори нест
Сари точик зи нав хишти ду се девор мегардад

Хама сар то ба сар саччод вале то хол чи мегуед
Надидам рахбаре ин чо мусулмонвор мегардад.

Ки мепурсад вазиронро, кучояст маншаи маблаг?
Дуруги махз, ки фарзандхо саодатёр мегардад!!

Чи чуем Рустами дастон чу моро аспи кори нест,
Биёяд хам агар Рустам зи чон безор мегардад!!!

Добавлено (15.01.2012, 02:05)
---------------------------------------------
Зиндагӣ

Зиндагӣ, эй ҳамсадои кӯҳу дашт,
Гоҳ хандон гоҳ нолон мекунӣ.

Пӯшидаст чашми маломат оина,
Дасти ҳайрат бар гиребон мекунӣ.

Як ду рӯзе лола хандиду гузашт,
Рӯзҳоямро зимистон мекунӣ.

Мояи шарму ҳаё аст сурхрӯ,
Оламе берангу яксон мекунӣ.

Тифли ноболиғ кашад бори туро,
Баҳри рӯзӣ чанд сарсон мекунӣ.

Зиндагӣ шогирдаки ноозмуд,
Ҳарфи бадро аз бар осон мекунӣ

Зиндагӣ киштии бодоварди ман,
То куҷоҳоям парешон мекунӣ?

Зиндагӣ, эй ҳамсадои кӯҳу дашт,
Гоҳ хандон гоҳ нолон мекунӣ.

На факат дар сухбатхонаи сайти Ворух балки тамоми сайтхое, ки он чо имкони ворид аст фарёдхои бефарёдраси фарзандони мухочири точик садо медихад. Чи илоч?
Мо насли хамон хохоманишинхое, ки аз турктозиву эронбози нахустдавлатеро бохтаем. Мо насли хамон миллатем, ки аз бекудратии худ низ фахридаем:
"Бо хам-хамаю дам-дама лашкар накашидаст"
Аммо хар касе, ки набошем бояд шукргузори он бошем, ки точик хастему асолати маънави дорем.
БАРОИ ОН КИ ОЛАМРО ДАРК КУНЕМ, БАРОИ ОН КИ БА КОМИЛИЯТ ВА ХУШБАХТЙ БИРАСЕМ, БОЯД ТАЪРИХРО БИОМЎЗЕМ ВА БА ОН ОШНО БОШЕМ -гуфтааст яке аз мутафаккиронишарк Маҳмудхочаи Беҳбудй.
Ворухиён ин халқҳои шарқиэронии аз қадимулайём муқими Осиёи Миёна ҳайтолиён, саккоихо,суғдиҳо буда, дар маскуншавии бузурги халқҳои чануби Осиё дар оғози аҳди таърих ҳиссаи сазовор гузоштаанд, яъне омузиши равобитхои таърихии ин дехаи зебоманзар тавону кудрати куллан дигар кардани андешаву пиндорхои насли имрузаи Ворухро дорост.
Маънавиёти аслии мардуми Ворух, ки дар умки вучуд (генхо)-и мо хуфтааст, метавонад моро ба суи ояндаи дурахшон рахнамо гардад.

Хамсони мох хастем, гох абри пора- пора
Дар ашки мо шабонгах чашмак занад ситора
Бо оташин нигохе оташпараст гаштем
Аз мо рабуда аммо чашми пуршарора
Ё хазрати Сулаймон, ё хотамаш бичуед
Бехотамист гаштаст пур деву дад дубора
Ахволи хилки дарвеш пурсед аз мухочир,
Чомагадойи имруз гашт Хотами сайёра
Оинаи Сикандар?! Дигар зарурате нест
Камбудичуй ё худ хабаркашем катора!
Созандахалк хастем як чизаке насохта
Хар руз хофизи нав бо таблаку нагора
Дехкон чу тухми анко олим валек хар чо
Мавзуи кори илмист картошкаву чагора
Восеъ ки кушт пурсед бо тарс мо бигуем
Хамсояхонамон лек бадбахт хаминкора
Ахволи хештанро бехтар зи мо напурсед
Аз чурми худ нагуяд чуз фохиша Нигора!
Таърих медурахшад андар фазои хотир
Бо сад гами чигарсуз ман мекунам назора!!!

 
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Зиндагӣ бе орзў ширин набуд..... (Зиндагӣ бе орзў ширин набуд.....)
  • Страница 2 из 2
  • «
  • 1
  • 2
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024