Понедельник-Душанбе
25.09.2017
11:47
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход
Ёдномаи мухаббат - Форум-Cухбатхона »
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск-Ҷустуҷуй · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Ёдномаи мухаббат (Ёдномаи мухаббат)
Ёдномаи мухаббат
vorukhДата: Понедельник-Душанбе, 30.01.2012, 11:58 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Ёде аз мухаббат.
 
vorukhДата: Понедельник-Душанбе, 30.01.2012, 12:12 | Сообщение # 2
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Мушт бар дар мезанад пири, вале
Рузгори навчавони дилрабост.
Ёди дилбар зинда медорад маро
Ишки дилбар дар дами пири асост.

Заҳр карди зиндагӣ бар ҷони ман,
Умрбод эй ишқи нофармони ман.

Зиндагӣ гум кард дигар рангу бӯ,
Бо ману бо дарди бедармони ман.

Ҳар чӣ будӣ бо муҳаббат бӯйидам,
Рафтӣ ту эй ёри бепаймони ман.

Соғари дасти рақибон косагул,
Пора пора соғари армони ман.

Аввали ишқ хандаи лабҳои ту,
Охири ишқ дидаи гирёни ман.

Оҳ, аз афсонаҳоят хастаям,
Хилвате бояд ману анҷоми ман.

То саҳаргаҳ ёди рўят доштам,
Хайр то шоми дигар, эй ҷони ман!

Бусаи армон
Ҳар киро холӣ бағал буд камбағал
Ҳар ки натвон чора кард бечора шуд.
Ҳарфи ишқат аз лабам берун нарафт,
Ҳамраҳам то пушти дар овора шуд.
Дар хатои худ намеғунҷид дигар.
Орзўям ҳамчу занҷир пора шуд.
Шақ-шақи акка магар будаст наҳс,
Ки маро заҳри ҷудой кора шуд.
Дар тани ту бўсаҳо гул мекунад
Бўсаи армони ман истора шуд!

АФСОНАИ ИШЫ
Гар нагунчи дар вучуди чони дардолуди ман
Дар нигохи шахвати чашми гунахолуди ман
Дар дили бекинаям гар холи монад чои ту
Вой бар буди ману сад вой бар нобуди ман!!!!
Эй ишқи аввал,
Гунҷишкаки паршикастаи осмони орзӯ...
Эй дӯдаи оҳ,
Абри ғунудаи борони гуфтугӯ.
Эй сабзаи руйида,
Мазмуни сари сабзи ману ту.
Эй ёр,
Эй насими атрогини субҳ,
Эй маҳваши гулрӯ!
Буд набуд,
Бо ту буд,
Нигоҳи ноз
Ё оташи ҷонсузи ишқу бандагй.
Кунун
Ним масту ним ҳушёр
Мезанам қадам,
Чун гувоҳи зиндагӣ
Ё гуноҳи зиндагӣ?
Боре,
Лолахасаки сиёҳдили домани кӯҳ,
Ханда зи лаб рабуд,
Нигори ман рабуд..
Қудрати шикасти кӯҳ маро набуд,
Бахти ман хазон кард,
Баҳори ман рабуд.
Бо тинати сиёҳ лолахасак,
Рӯзи ман сиёҳ кард,
Ҳоли ман табоҳ кард,
Ёри ман рабуд,
Буд набуд,
Он ишқи аввал,
Он дӯдаи оҳ,
Он синаи доғ.
Ва бо ман монд,
Ин тифли гармрӯй-Зиндагӣ!!

Суруди ишк

Туро чуям,
Туро чуям ман аз руди Каравшин,
Ба руи ыолини махмал нишаста.
Ало дарё маро сузи нихон- ку ?
Кучост занчираи ишки гусаста?
Дилам аз доги дерин лола баста…

Кучои, кучои?
Кучои дилбари гумкардаи ман?

Садо орам сари шахи баланде,
Ба номат куллахо гардад садопуш.
Кучои дилбари гумкардаи ман,
Магар карди ба зудиям фаромуш,
Чаро ту ин кадар хомуш, хомуш?

Кучои, кучои?
Кучои дилбари гумкардаи ман?

Туро гум карда, эй дороии дил,
Миёни дарду доги зиндагони.
Ба хашми ин хама хакношиносон
Кунун чуям зи авроки чавони.
Кучои дилбарам, эй ёри чони?

Кучои, кучои?
Кучои дилбари гумкардаи ман?

Туро чустам ба шоми мохтоби,
Зи пушти чашми махтоби дурахшон
Биё, ки мисли ту мах ру панах кард
Ва чун ман гиря кард абри бахорон.
Ва борон асту борон асту борон!!!

Кучои, кучои?
Кучои дилбари гумкардаи ман?

Hikmatullo Bahodurov

 
VorukhiДата: Воскресенье-Якшанбе, 05.02.2012, 10:50 | Сообщение # 3
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 11
Репутация: 1
Статус: Offline
Ту ахтари, ё ахзари, ё ки аз он холистари
Хар чи набоши чони ман аз кучаи дил бигзари.

Бо чашми шахват ё чунун суят назора мекунам,
Гохи надидан эй нигор аз дард гардам бистари.

Чое бигуяндат зари, чои дигар хонанд пари,
Шояд ба ёди руи ту ман касб кардам заргари.

Гах оташин буд чисми ман гах оханин буд чисми ту,
Дардо ба ин чисми ханиф ман кардаям охангари.

Бахти ракибон дидаям бо дуди гам печидаям,
Шояд бипурси холи ман бо лафзи шевои дари!!!
 
ZvezdaДата: Вторник-Сешанбе, 27.03.2012, 21:35 | Сообщение # 4
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 23
Репутация: 3
Статус: Offline
МО ХАМА ОШИКИ ИШКЕМ
Мо хама ошики ишкему аз у нест хабар
Мо хама бандаи ёрему аз у нест асар?!

Бахри ошикшудан,аз хеш гузар бояд кард
Ки тавонад,ки кунад бахри ту аз хеш гузар?

Хама дар фикри худу бандаи андешаи хеш
Кист оне ки зи худ суи Худо кард сафар?

Дар саропардаи ишки ту диламро чоест
Додаи хонаи ман,аз чи бигу бахри дигар?!

Дили ман буи вафо мешмаду лек зи ту
Мерасад эй чаманорои дилам,буи хазар!

Аз вафо гуи туро нест нишоне зи вафо
Чашми ту кур азизи дили ман гуши ту кар.

Мехри бегона зи дину зи Худо хеч наяст
Аз пайи бука давид ину ваяш дар пайи хар.

Хар ки оинаи Курони ба пеш овезад
У бидонад ки чи бошад,зи гами ишк самар.


Дар ин олам дили бегам набошад,
Агар бошад дили одам набошад.
 
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Ёдномаи мухаббат (Ёдномаи мухаббат)
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2017