Пятница-Ҷумъа
19.04.2024
12:24
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход
Парастуи умед - Форум-Cухбатхона »
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск-Ҷустуҷуй · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Парастуи умед (Мактубхои саркушоду бетахрир…)
Парастуи умед
vorukhДата: Понедельник-Душанбе, 30.01.2012, 11:56 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Мактубхои саркушоду бетахрир…
 
VorukhiДата: Воскресенье-Якшанбе, 05.02.2012, 11:36 | Сообщение # 2
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 11
Репутация: 1
Статус: Offline
Ба раиси тозаинтихоби шахри Исфара.
Шуморо ба маснади навин табрик мегуем. Умед дорем, бехбуди мешаваду иктисодиёт боло меравад ва гарибкорони исфараги дар зодгох сохиби чои кор мешаванд. Умед дорем дар Исфара решаи рохбараконе, ки рузи хурдан сарханганду хини масъулият бунапо месузаду чавонони гаюр, сохибирода бо пиндорхову андешахои навсоз руи кор меоянду барномахои тозаи замини тархрези мешавад.
Умед дорем, ки Шумо мисли дигарон лобалои ночори хайратзада китф дархам намекашеду бо химмати баланд амсоли кахрамонони киссаву афсонахо шерона алайхи нокоми панча мезанед.
Умед дорем Шумо амсоли дигарон гами кисапуркуни намекунеду гами миллати дар чорсуи зиндаги ночормонда вучуди Шуморо месузад.
Агар чунин аст, Шумо азизи дилу дидагони мо мегардед ва мо бо Шумоем. Вагарна номурод мешавему дар зиндаги дасткутох мемонем, аммо дар навишти «Номаи номуроди», ки магз-магзи он дард асту дог калами мо ноилоч нест.
Бо камоли эхтироми зиёд, ки хулосаи чашмандозии рузхои нахусти кори Шумост
Хикматуллои Баходур.

ИСФАРА-
ахбор барои андеша ё худ рознигоре аз сахифахои пушидаи шахр…

Ё ХУ Ё МАН ХУ…
Дар Исфара достона бин, бадмастии мастона бин, ё ҳӯ, ё ман ҳӯ.
Хар дардро дармон будаст ин дарди бедармона бин, ё ҳӯ, ё ман ҳӯ,

Худ сабзи бе борона бин гусфанду хам чупона бин ё ҳӯ, ё ман ҳӯ,
Халқ аст чу пусту устухон дандони ин гургона бин, ё ҳӯ, ё ман ҳӯ,

Дар Каъба чанд санге зади, шайтони гурезона бин ё ҳӯ, ё ман ҳӯ,
Дар Исфара манзил гирифт, ту манзили шайтона бин, ё ҳӯ, ман ҳӯ

Хонанд суруди маърифат, ин ҷуғзию вайрона бин, ё ҳӯ, ё ман ҳӯ,
Моро ҳидоят мекунанд мории ин морона бин, ё ҳӯ, ман ҳӯ

Дар воизи устоди кор эшоннамо шахсона бин ё ҳӯ, ман ҳӯ
Ё пушти парда бигзару заминфуруш эшона бин ё ҳӯ, ман ҳӯ

Азбас фиреб аст зиндагӣ, ин гапбарак шахсона бин, ё ҳӯ, ё ман ҳӯ,
Бо ғайбгу бовар макун айби маро риндона бин, ё ҳӯ, ё ман ҳӯ,

Шуғли ҳама худсозӣ аст, ту олами вайрона бин. ё ҳӯ, ман ҳӯ
Фардо кучо мо мерасем, имрӯзи бесомона бин, ё ҳӯ, ман ҳӯ!!!
Исфара
ГУЕМ ЧИ ШАВАД?
Оё махдудияти кувваи барк факат мутаалики халки камбизоат аст?
Дар Исфарашахр ки ба ин савол чавоб мегуяд?

Чарогаки милт-милтак, дар мегирад мемирад,
Мансабдоройи горсет «премия» мегирад…

Раиси вай бепарво, хонахояш чарогун,
Сабабаша напурсед «чистий линия» будаст ун.

Чарогаки милт-милтак, шаб мураку руз мурак,
Хисоби «чистий линия», рост мекунад пулгирак.

Чарощаки милт-милтак, рохбаройи бунапо,
Дар рузи интихобот фарзанди мову шумо…

Фарзандхои беинсоф хонахошун чарогун,
Падархои бечора монда дар торикистун!
Исфарашахр


БИГуЯМ Ё НАГуЯМ?

Тобистон дар сойи мавзеи Чоркишлоы барои обёрии 6-7 китъаи заминхои сохибкорон дар кубурхои хачмашон аз 32 то 50 см об мефурушанд. Дар сойи Зумрадшох барои обёрии 11 китъаи замини дигар бо кубурхои хачмашон 50 об фурухта ва ё хадя карда мешавад. Дар кубури Мулдон-Гулистон зиёда аз 20 хати об барои обёри савдои пасипардаги дорад. Ин чо китъаи замин гуфтан маънои 6-10-15 сотикро надорад. Ин чо гектар-гектар замин бахору тобистон аз хисоби шохкубури оби нушоки шодоб мешаваду мардуми камбизоати ошёнахои боло бо чалаки бобои об мекашанд. Зимистон бошад фазои холигии даромадро аз кисаи мардум пур мекунанд. Барои об (чи дар чалак кашида ва чи аз кубур омада) ду корхона аз мардум пул меситонанд. Бечора мардум аз ин беадолати ба дод омада хисобкунакхои оби шинонда ба сари худ балои наве хариданд. Хар ду корхона аз пулгири намонданду ба болокори инак мардуми бечораро мачбур мекунанд дар хар шаш мох хисобкунакхоро аз стандарт гузаронанд. Боз як пулгири изофа! Оё дар ягон гушаи дунё чунин ихтирооотро кодиранд? Бигузор тамоми оламиён аз Исфарашахр хисобдониро омузанд!
Дар «ИСОН»(корхонаи об) моье 1, 5 млн мукааб об истеьсол карда мешавад аммо дар хуччатхо 600-700 мукааб нишон дода мешаваду халос. Боки хамаи ин албатта бо пули накд фурухта шуда ба ягон чой даромад карда намешавад. Шояд маблагхо рохи кассаро аз киса фарк накунанд, яъне гунох дар гумрохии маблагхост на дар рохбарони алохазрат. Вокеан ин ду коргох чун пудрати оилави ба акаву додар мутаалик аст. Онхо шаффофиро аз об омухтаниянд. Ин хам илм аст, аммо чи мегуед, ки аз рузе, ки онхо рохбаранд хеч лойобаи дарё шаффоф нашуда истодааст.

Дар Исфара подшохам обро кушом фах мегуд,
Свет гох-гох меояд лампучка ба-бах мегуд.

Обро кушоям хар гох ним соаташ хаво аст,
Счётчики обияш як дарди бедаво аст.

Аз мо ду то контора пули оба мечуянд,
Пулчинакойи беру пул-пул,пул-пул мегуянд!

Этажои баландба обаш намебарояд,
Аз шохкубур раисчон нав нав замин кушояд.

Лакконанда обаш не раиси об тобаш не,
Насосоя фурухтаст, ки гуфт хоби бобаш не?

Хар ду контор мероси, хучаини мефорад,
Пудрати оилави акову додар дорад!!!!
Исфарашахр.

Андалебе, ки ба хар гунча дилаш мерезад,
Бехтар он аст, ки дар сахни гулистон набувад!

Рузи сияхам зи мехри тобон холист, хар шаб ба сарам чодаре зангорист.
Уммеду хаёл киштии Нухам гаштаст хар рузи худо ба дасти оху зорист.

Маъбуд яке паси хичоб аст имруз мо бутпарасту тасбехи мо зуннорист.
Аз лахни адаб хуш-хуш гузаште дорем мардумфиреби имруз забони корист

Гургон ба шахр гургталоши доранд омузиши гург даркори нодаркорист.
Хар гургдарида боз тарси оташ дорад, оташкадаи шахр чунин пурнорист.

Шахр аст ба коми оташу об вале бо кимати зар хонаи мардум чорист.
Аз оташ магуй кавми оташ бисёр, забони Тилло холо ба як хор- хорист!!!
Исфарашахр.

Кабристон ё ?

Давлат агар силсилачунбон шавад
Мур тавонад, ки Сулаймон шавад!

Ин чой ки гуфт, ки мурдахо зинда шавад ?
Ин мурдаи садсола кучо зинда шавад ?
Ё зинда шавад оне, ки галстук дорад ?
Чои дигараш чинкарчапо зинда шавад ?
Гуянд занон як кисми мардон бошанд,
Утоки дигар бинии мо зинда шавад ?
На пеш дамида гам дорад на пушт
Боди гузаранд?
Вазъи хаво зинда шавад ?
Дар курси ба рохат аст хуш ин маргаш!
Фанд аст гуянд рузи чазо зинда шавад !
Аз ьаыталошц мурдадилон метарсанд,
Тарсанд аз он ки бенаво зинда шавад!
Эй дуст бирав банди таборанд холо,
Мегуй худо як нохудо зинда шавад !!!
Исфарашаьр.
 
ZvezdaДата: Пятница-Ҷумъа, 20.07.2012, 17:27 | Сообщение # 3
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 23
Репутация: 3
Статус: Offline


ВАТАН tajikistan tajikistan tajikistan tajikistan tajikistan tajik
Прикрепления: 2602111.jpg (197.7 Kb)


Дар ин олам дили бегам набошад,
Агар бошад дили одам набошад.
 
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Парастуи умед (Мактубхои саркушоду бетахрир…)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024