Пятница-Ҷумъа
29.03.2024
02:38
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход
Ворух - Форум-Cухбатхона »
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск-Ҷустуҷуй · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Ворух (Доири таърихи он чи гуфтание доред?)
Ворух
vorukhДата: Понедельник-Душанбе, 30.01.2012, 11:47 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Доири таърихи он чи гуфтание доред?
 
vorukhДата: Понедельник-Душанбе, 30.01.2012, 12:04 | Сообщение # 2
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Деҳаи Ворух - яке аз беҳтарин ва зеботарин гўшаҳои табиат дар қисмати чанубу ғарбии водии Фарғона буда, таърихи бой дорад. Марҳилаи аввали пайдоиши ҳаётро дар Ворух ба пайдоиши чомиаи ибтидой алоқаманд ҳисоб мекунанд. Ин давра ба давраи мустерй ё худ палеолити миёна, ки ибтидояш 100 000-сол ва интиҳояш 43 000-сол аст, рост меояд. Нишонаҳои ин давраро олими рус В. Ранов дар Хочаи Ғор пайдо намуда Ворухро ба харитаи асри санг дохил намудааст.
Агар мо ба гуфтахои олимон Б. Гафуров, Б.А.Литвинский, Бартольд ва дигар манбаҳои таърихии пайдоиш ва маскуншавии маҳаллоти Осиёи Миёна назар андозем мебинем, ки мусалламан ворухиён ин халқҳои шарқиэронии аз қадимулайём муқими Осиёи Миёна ҳайтолиён, саккоихо,суғдиҳо буда, дар маскуншавии бузурги халқҳои чануби Осиё дар оғози аҳди таърих ҳиссаи сазовор гузоштаанд.
 
vorukhДата: Понедельник-Душанбе, 30.01.2012, 12:08 | Сообщение # 3
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Таърих бо сохибилми ва макоми баланди ворухиён ишорахои зиёде дорад. Олими точик профессор Назирчон Турсунов дар асараш «Развитие городских и сельских поселении северного Таджикистана в 18 начало 20 вв» сах 156 доир ба нуфузи доираи орифони ворух кайд карда менависад, ки дар дехаи «Шайхон»-и вилояти Сугд , ки бо номи яке аз шайхони машхури Осиёи Миёнаи асри миёнаги Хочаи Бокиргон гузошта шудааст, дар ибтидои асри 20 шайхон-ворухихо зиндаги мекарданд.бисёрии ин шайхон шачарахое доштанд, ки хони Куканд Маллахон бо мухри худ тасдик мекард, ки онхо хукуки унвонии номи шайх бурданро доранд … .»
Аз навиштае, ки дар хошияи китоби дигаре дарёфтем бармеояд, ки ворухиён дар тарбияи сибён (кудакон) низ бетараф набуданд:
“Муснифини ният, ки баён мекунад дар аввали китобаш мавозии илмро ва таърифи илмро ва фоидаи илмро. Шайх Ибни Хочиб мар ин китобро баён кардааст мавзўи илмро, таърифи илмро ва фоидаи илмро аз чиҳати ин ки таснифи ин китоб аз барои сибён аст. Таҳсили сибён вочиб аст. Бинобар ин китобашро бисмилло чавоб ин ки аз чиҳати дафъи васвасаи шайтон ва аз чиҳати беруйи накардан ба каломи мачид ва аз чиҳати кавли наби алайҳисалом, ки мо аввал ва кутуб-ал-қалам...”
Номи Ворухро баъзехо ба Фаррухшох пайваст медонанд. Худи хамин ривоят низ вогуи саховатмандиву инсондустии ворухиён аст. Номхои Кози Хочамуроди торочи, Мулло Султонхони сахи ки иртибот ба саховатмандиву чавонмардии ворухиён дорад дар гуйишхои шифохии мардум то имруз садо медихад. Пушида нест, ки хама вакт солхои мушкил мардуми ночормонда ру ба Ворух меоварданд ва мусаллам аст, ки ин чо обу нон меёфтанд:

Прикрепления: 7561034.jpg (98.8 Kb)
 
vorukhДата: Понедельник-Душанбе, 30.01.2012, 12:15 | Сообщение # 4
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Ворух барои хар яки мо азиз аст. Агар касе нобахангом аз ворухи будани худ шиквае кунад якин он муваккатист. Хуруши номуроди, ки калби он фардро фушурдааст на аз табиати нотакрори Ворух балки аз нотавонбиниву кирдоре ашхоси дигаре сарчашма дорад.
Хеле боз ин сахифаи Шуморо чашмандози доштам. Хуб аст,аммо метавонад боз хам хубтар бошад. Гох-гох аз руи хашм ва ё тугёне дигар чавонони Ворух аз кучаи адаб берун мебароянд.Асолати маънавии мардуми Ворух, ки реша азь карнхои дур дорад бояд хама вакт пешоруи хар каламбадасти ворухи бошад. Хуб мебуд дар шинохти он кушише мекардед ва мазмунхое доири таърих, фарханг ва уламои ин дехаи баландкух руи сахифа меовардед.
Яке аз шоирони Хуконзамин Мирзои Хуканди доири Ворух гуфтааст:

Мобайни хоки Турон некухисоли Ворух,
Аз як шаръ ҳичрат хушбаркамоли Ворух.

Имруз хам шоиру уламои давр Воухро чун мавзеъ ва макони илму маърифат ва адаб мешиносанд

Ворух Камол Насрулло
.
Во мешавад дили ман дар кўчаҳои Ворух,
Чун ғунчаи шукуфта зери ҳавои Ворух.
Чун мурғаки раҳида аз чанги доми ҳасрат,
Хоҳам, ки пар кушоям андар самои Ворух.
Арзад, ки кас бимирад ҳасрат ба дил нагирад,
Чун сабзаҳову гулҳо дар гўшаҳои Ворух.
Мушку абир резад, сад чўи шир резад,
Тифли мурод дорад домони вои Ворух

Ворух.
Салими Хатлони.

Зи руъё руядат афсона, Ворух,
Намо во рух, ки ин чо волаам ман.
Магу аз охи сарду нолаи дил,
Надими калби доги лолаам ман...

...Чу аз Беди Качат рохе навиштам,
Рахи такдири ман то ростон буд.
Зи пушти куллахоят мохи шабрав,
Маро сарномаи як достон буд.
 
vorukhДата: Суббота-Шанбе, 04.02.2012, 12:17 | Сообщение # 5
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Ворухи ман.
Ворухи ман,
Ман ошиқи ун нағмаҳои субҳуна,
К-булбули бечора ба дард мехунад.
Ман ошиқи ун рӯзҳои боронит,
Ки дидагони гирёни маро мунад.

Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.

Ворухи ман,
Ман ошиқи шабҳои маҳтобит,
Ки сару рӯи ту нур мепошад.
Ман ун ошиқи мусофиргашта,
Ки ҳар куҷое бо ту мебошад.

Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.

Ворухи ман,
Ман ошиқи ун диёри арҷманд,
Ки гули нафасаш атрогин аст.
Ман ошиқи ун кӯҳҳои хомӯш,
Ки ботаамулу ботамкин аст.

Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.

Ворухи ман,
Ҳасти доим дар вуҷуди дарднокам
Ва дар дилу дар дидагон аст маъво.
Ворухи ман,
Агар бадгӯи карда бошам маъзур,
К-нишонаи ҷаннат ҳастӣ дар дуне!!!

Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.

Прикрепления: 9089882.jpg (405.0 Kb)
 
vorukhДата: Четверг-Панҷшанбе, 21.06.2012, 09:30 | Сообщение # 6
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Фарзанди накуву покрафтори туям,
Як набдаи тар зи беди мачнуни туям.
Чу модари ман бихишти боши ВОРУХ,
Дилбанду чигарбанду вафодори туям.
 
fshs3333Дата: Воскресенье-Якшанбе, 28.10.2012, 15:06 | Сообщение # 7
Ворухи
Группа: Пользователи
Сообщений: 5
Репутация: 1
Статус: Offline
hands hands Офарин бародари гироми! Дар бораи Ворух биср чизхои навро донистам.. Дастатон дардро набинад! Ба хамин минвол кори худро идома дихед! tajik
 
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Ворух (Доири таърихи он чи гуфтание доред?)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024